logo

энергетика

МУРҒОБ. АЗ МАНБАЪҲОИ АЛТЕРНАТИВӢ ИСТИФОДА БАРЕМ!

Далер  Ҷумъаев, директори генералии ширкати “Помир - Энерҷӣ”,  зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият” зикр  намуд, ки аз аввали таъсисёбии ширкат (соли  2002)  вазифаи  муҳимтарини  он  бо роҳи таъмиру азнавсозии неругоҳҳои мавҷуда ва бунёди неругоҳҳои барқи обии нав баланд бардоштани иқтидори барқистеҳсолкунӣ  дар  ВМКБ маҳсуб  меёфт.  Он  солҳо танҳо 13 дарсади муштариёни вилоят бо барқи 12 - соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанду халос.  Имрӯз бошад, 96 дарсади сокинони вилоят соҳиби қувваи барқи хушсифату ҳамешагӣ ҳастанд.
Иқтидори тавлидотӣ дар давоми 15 сол аз 23,7 мВт  ба  43,3 мВт расонда шуд. Дар ин давра бо дастгирии ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва меҳнати аҳлонаи барқчиён дар ҳудуди вилоят дар маҷмӯъ ба масофаи қариб 73 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ, 206 км  хатҳои нави барқи 35кВ ва 400 км  хатҳои нави барқии 10  ва 0,4 кВ сохта, мавриди истифодабарӣ  қарор дода шуданд.
Тавре  таҳлилҳо  нишон  медиҳанд, айни  ҳол  дар вилоят   танҳо якчанд деҳаҳои минтақаҳои дурдаст аз  барқи  боэътимоди доимӣ  бархӯрдор  нестанд.  Мутахассисони  соҳа   ба  хулосае  омадаанд, ки  дар  4  деҳа  сохтмони  неругоҳи   барқи  обӣ, дар  26  деҳа  неругоҳи  офтобӣ имконпазир  буда,  ба  22 деҳаи  боқимонда  кашидани  хати  интиқоли  барқ  афзалият  дорад. Бештари  ин деҳаҳо  дар ноҳияи Мурғоб ҷойгиранд. Айни  ҳол  дар  ин  ҷо  азнавсозии  Неругоҳи  барқии  обии  “Оқсу”  идома  дорад. Ин  иқдом  бо  дастури  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҳангоми  сафари  корӣ  ба  ноҳияи Мурғоб  роҳандозӣ гардида, тобистони  соли  равон  неругоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Мувофиқи  ҳисоби  пешакии мутахассисон,  дар ноҳияи  Мурғоб барои истеҳсоли  ҳамагӣ  5 ҳазор  кВт - соат  қувваи  барқ  захираи  обӣ  мавҷуд  аст, ки дар қиёс ба  талаботи  имрӯзаи  ноҳия кам аст.  Ба  ғайр  аз  ин,  иқлими  сарди   ноҳия боиси он  мегардад, ки дар  фасли  сармо сатҳи  оби  дарё  ва  дарёчаҳои  ноҳия хеле  паст мешавад. Ин  омил барои бо барқи доимӣ таъмин кардани сокинони  ноҳия  мушкилот пеш меорад. 
Далер  Ҷумъаев, бо назардошти андешаҳои мутахассисони соҳа, бар он бовар  аст, ки дар ноҳияи Мурғоб бинобар шароити иқлимиаш бо истифода  аз  манбаъҳои  алтернативии  истеҳсоли  барқ, мисли офтоб  ва  шамол, барқ истеҳсол кардан муфидтар мебошад. Ҳамчунин, мутахассисони ширкат ба  хулосае  омадаанд, ки  интиқоли барқ  аз  ноҳияи  Шуғнон, ки бо  Мурғоб  ҳамшафат  аст,  бештар  бартарият  дорад.  Агар  корхонаҳои  коркарди  маъдани  ноҳия, ки  бо  барқи  автономӣ (дизелҳои  сермасраф) кор  мекунанд, хароҷоти  кашидани  хати  барқро   аз НБО  “Помир - 1”  то  маркази  ноҳия  ба  зимма  гиранд, мушкилоти  таъминоти  ноҳия  бо  барқ  ҳалли  пурраи  худро  меёбад. Корхонаҳо  бошанд, дар  давоми  10-15  сол  аз  ҳисоби  истифодаи  неруи  барқи  арзон  ва  боэътимод хароҷоти  худро  мепӯшонанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2018    №: 10    Мутолиа карданд: 8859
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед