logo

маориф

ММТ. ЧАРО ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ НОШУНАВОЁН ИҚДОМ НАГИРЕМ?

Аз 16 нафар навраси ношунаво, ки соли хониши гузашта дар Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурд, ҳамагӣ як нафар донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гардид. Дар ҳоле ки шумораи ношунавоён имрӯз то  ба 30 ҳазор нафар расида, танҳо дар мактаб - интернатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти махсус 1112 нафар таҳсил менамояд ва ҳамаи онҳо барои таълиму тарбия гирифтан ба мутахассисони соҳа- омӯзгорони маълумоти олидор ниёз доранд... Бо назардошти ин масъалаи мазкур, бегумон, нигаронкунанда аст ва ногузир барои ҳалли саривақтияш масъулону мутахассисон бояд роҳҳои дурусту судмандро ҷӯё бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин қишри ҷомеа меафзояд ва онҳо бештару беҳтар ба ғамхории махсус фаро гирифта мешаванд. Дар муддати на чандон мадид сатҳи буду бош, зиндагӣ, таълиму тарбияи онҳо рӯ ба беҳбудӣ овард. Ҳанӯз 17 марти соли 1994 вақте Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи ношунавоён аз наздик ошно гашт ва бо онҳову мураббиҳояшон мулоқот кард, дастурҳои заруриро барои пешрафти соҳа дод. Пас аз ин китобҳои махсус барои онҳо ба забони тоҷикӣ таълифу нашр гардиданд. Шурӯъ аз соли 2009 ношунавоён баъди хатм соҳиби маълумотнома мешаванд ва ҳам имкони идомаи таҳсилу оғози фаъолиятро пайдо мекунанд.
Тавре Саттор Қувватов, раиси Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни ҷумҳурӣ, омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сад-риддин Айнӣ, маълумот дод, чунин шароит ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва дар заминаи таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат даст додааст. Ӯ афзуд, ки то замони истиқлолият 8,5 ҳазор ношунаво мактаб – интернат ва муассисаҳои таҳсилоти махсусро хатм кардаанд, вале  бо вуҷуди таҳсили 10 - сола ҳуҷҷати маълумотнокии синфи 5-ро мегирифтанд. Дар ин ҳолат, албатта, имкони идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ надоштанд ва ҳам дар корхонаҳову муассисаҳо онҳоро барои фаъолият намепазируфтанд. Китобу дастурҳо ва дигар васоити таълим ба забони тоҷикӣ вуҷуд надошт. Мутахассисон низ дар берун аз кишвар тайёр карда мешуданд...
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо дар баробари беҳ шудани шароити таълиму тарбия фарогирии донишҷӯён аз ин қишр ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷҳову омӯзишгоҳҳо андешидани чораҳои муассирро тақозо мекунад.
- Дар Маркази миллии тестӣ барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 имтиёз муқаррар гардидааст. Ҳол он ки қариб 90 дар сади ношунавоён шомили маъюбони гурӯҳи сеюманд, яъне аз ин имтиёзи муқарраргардида  баҳравар нестанд,- мегӯяд ӯ. Ҳамчунин, изҳор медорад, ки барнома ва саволномаҳои марказ барои ин гурӯҳ, яъне ношунавоён мушкил буда, мувофиқ кунонда нашудаанд. Барои мисол, яке аз сабабҳои аз имтиҳонҳои марказ нагузаштани ношунавоён надонистани забони хориҷӣ, хосса англисӣ, мебошад. Ҳол он ки ба иттилои ӯ, танҳо дар соли гузашта, яъне соли 2017 омӯзиши ин забон, он ҳам на дар ҳамаи мактаб - интернат ва муассисаҳои таҳсилоти махсус ба роҳ монда шудааст.
Саттор Қувватов зимни суҳбат иброз дошт, ки танҳо баъди хатми муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе метавон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурд. Аммо чун аксари хатмкунандагони соли гузашта тариқи ин марказ донишҷӯ шуда натавонистанд, имсол волидайни 15 нафар хатмкунандаи муассисаи мазкур аз шомил шудани фарзандонашон ба муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар дилмондаву ноумед гардидаанд.
Бархе аз падару модарони ношунавоён бар ин андешаанд, ки фарзандонашон баъди хатм дар хориҷи кишвар таҳсилро идома медиҳанд, аммо дар ин маврид на танҳо ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд, балки бисёр роҳҳо бастаанд. Инчунин, ба ин дониши андӯхта таҳсил бо дигар забон ва он ҳам тариқи шартномавӣ басо мушкил аст. Натиҷааш ҳам барои фаъолияти минбаъда судманд нест.
Тавре бармеояд, мушкили худамонро танҳо худамон ва он ҳам дар ин кишвар ҳал карда метавонем. Аз ин рӯ, мардумони ҷисману рӯҳан солим, хосса масъулону мутахассисон, барои ин қишри ҷомеа бештар бояд бо ғамхорӣ ва эҳсоси масъулият биандешанд. Бегумон, ин қарзи инсонӣ ва шаҳрвандӣ аст. Онҳо ё худ ношунавоён бештар аз ҳар вақти дигар дар ин замон ба ёрӣ ниёзманданд.
Президенти мамлакат зимни ташрифи дуюмборааш ба мактаб - интернати ҷумҳуриявии ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ 1 ноябри соли 2012 иброз дошта буд, ки вақти он расида, то аз миёни худи ношунавоён мутахассисони соҳаро тайёр бикунем, азбаски нафъи он дар ин маврид бештар мебошад. Бешак, ин беҳтарин пешниҳод ва дастур мебошад. Пас он бояд амалӣ бигардад. Ба ин хотир, бояд монеаҳо рафъ гарданд ва имкони бештар фароҳам оварда шавад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 1047
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед