logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ТАЪРИХИ ТОҶИКОБОД

Мардуми ноҳияи Тоҷикобод бо нигоҳе ба таърихи гузаштаи худ ифтихор аз он доранд, ки номи ин ноҳияи зебоманзарро фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштааст. Ин номгузорӣ, ки баъд аз ҳодисаи мудҳиши табиат иттифоқ афтода буд, таърихи хоссе дорад ва мо қарор додем, ки дар ин матлаб руҷӯе ба он дошта бошем.
 
Заминларзаи Ҳоит, ки 8 - 10 - июли соли 1949 ба вуқӯъ пайваст, аз мудҳиштарин офати табиат дар минтақа ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 32 ҳазор нафар қурбонӣ дошт. Бар асари ин фалокат ноҳияи зебоманзари  Ҳоит, ки дорои таърих, тамаддун ва фарҳанги хосса байни навоҳии водии Рашт буд, валангору вайрон шуд. Табиист, ки ҳамсояи аз ҳама наздик - ноҳияи Қалъаи Лаби Об низ хисороти зиёд дид. Бахусус, биноҳои маркази ноҳия харобу валангор гардида буд. Баъди ҳодисаи заминларза Ситоди наҷотдиҳии ҳукуматӣ дар соҳили чапи дарёи Сурхоб ва фурудгоҳи ҳавоии ноҳияи Қалъаи Лаби Об ба фаъолият шурӯъ намуданд. Мардуми аз заминларза зиндамондаи ноҳияи Ҳоит дар мавзеи фурудгоҳ, ки дашти васеъ буд, хаймаҳои саҳроӣ зада, маҷрӯҳон баъди гирифтани ёрии тиббӣ тариқи тайёраҳо ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) интиқол мешуданд.
Рӯзи 28 июли соли 1949 котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Мунавваршоҳ Шогадоев дар майдони фурудгоҳ бо аҳолии сершумори ноҳияҳои Қалъаи Лаби Об ва Ҳоит мулоқот доир намуданд. Ҳамон вақт аз марказ – Маскав дастур шуда буд, ки мардуми навоҳии кӯҳистон ба водиҳо муҳоҷир карда шаванд. Вале дар ҳамин мулоқот маълум гашт, ки Бобоҷон Ғафуров ҷонибдорӣ саросар муҳоҷир кардани мардум ва ба пуррагӣ кӯч додани одамон аз ин сарзамин набуд. Бинобар ин, академик Бобоҷон Ғафуров ва Мунавваршоҳ Шогадоев гаштаю баргашта аз мардуми ҷамъомада даъват мекарданд, ки аз хокдони аҷдодӣ канда нашаванд, ҳама чораҳо андешида мешаванд, то ҳар ду ноҳия аз нав обод карда шаванд.
Аҳолии аз офат зиндамондаи ноҳияи Ҳоит, ки даҳшати заминҷунбиро дида, наздикону пайвандонашон зери теппаҳои хок монда буданд, намехостанд, зиндагиро дар ин минтақаи офатзада идома диҳанд ва талаб доштанд, ки ҳар чи зудтар Ҳукумат онҳоро ба ҷойҳои бехавф кӯчонад. Чун дар мулоқот бо мардуми одӣ Бобоҷон Ғафуров фаҳмид, ки мардуми ноҳияи Қалъаи Лаби Об аз офати табиат рӯҳафтода нестанд ва сидқан дар диёри аҷдодӣ нияти зиндагӣ кардан доранд, шод гардид.
Болотар аз майдони фурудгоҳ замини паҳное, ки холӣ ва асосан дорои боғот буд, ба чашм мерасид. Бобоҷон Ғафуров ҳамин замини холиро барои бунёди маркази нави ноҳия муносиб дониста, ин суханонро ба забон овард, ки ҳанӯз аз ёди пирону солмандони дар ин вохӯрӣ иштирок дошта нарафтааст: «Бигзор обод кунед, зиндагӣ кунед, номашро Тоҷикобод мемонем, роҳбарияти ҷумҳурӣ ба шумо ёрӣ мерасонад, бо ҳиммати тоҷикона ин маконро обод кунед ва он дар ҳақиқат тоҷикобод шавад». Баъдан, 12 - августи соли 1949 қарори дахлдор «Дар бораи муттаҳид намудани ноҳияҳои Қалъаи Лаби Об ва Ҳоити вилояти Ғарм ва дар бораи табдил додани номи ноҳияи Қалъаи Лаби Об ба ноҳияи Тоҷикобод» қабул гардид.
Аллома Бобоҷон Ғафуров, ки донандаи беназири таърихи халқи тоҷик аст,  дар асари безаволаш «Тоҷикон» оид ба сукунат доштани тоҷикон аз давраи қадим дар водии Рашт махсус таъкид кардааст. Ба ин ваҷҳ, академик номи ноҳияро Тоҷикобод номида, солҳои 50 - уми асри гузашта бо ёрии Ҳукумати вақти Тоҷикистон, шахсан Бобоҷон Ғафуров дар муддати кӯтоҳ маркази ноҳия бунёд ёфт. Наздики 100 хонаи истиқоматӣ сохта шуд, ки ҳоло ҳам мавриди истифода қарор доранд. Соли 1963 дар баробари чанд ноҳияи дигари ҷумҳурӣ ноҳияи Тоҷикобод низ барҳам дода шуд. То соли 1965 минтақаи Тоҷикобод дар тобеияти ноҳияи Ҷиргатол (Лахш) ва то соли 1991 дар тобеияти ноҳияи Ғарм (Рашт) қарор дошт. 26 - феврали соли 1991 ноҳияи Тоҷикобод аз нав ташкил ёфт.
Баъди барҳам хӯрдани ноҳия Тоҷикобод ҳамчун як минтақаи аграрӣ ба ҳукми деҳаи аз назарҳо дурафтода боқӣ монд. Маҳз замони соҳибистиқлолии кишвар, дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия, бахусус маркази он, ба куллӣ дигаргун гардид. Ҳашт сафари хидматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1994, 2000, 2003, 2008, 2009, 2010, 2013, 2016) барои рушду нумӯи ноҳия уфуқҳои навро боз намуд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017 деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд, ки далели гуфтаҳои болост.
Пешвои муаззами миллат 3 октябри соли 2008 зимни мулоқоташон бо мардуми ноҳия гуфта буданд: «Тоҷикобод диёри дар ҳақиқат биҳиштосо буда, номи хело зебо дорад, ки он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар Тоҷикистон як ноҳия номи миллатро дорад ва масъулияти тоҷикободиҳо бояд бештар бошаду ба ин ном ифтихор намоянд».
Ҳамин тавр, мардуми ноҳияи Тоҷикобод аз он ифтихор доранд, ки агар номи ноҳияро роҳбари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров гузошта бошад, пас маҳз дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон бо ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия ободу зебо, пешрафта ва маркази он аз деҳа ба шаҳрак мубаддал гардид.
Баҳодур АБДУСАТТОРОВ,
Дилшод АМИРОВ,
ноҳияиТоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 868
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед