logo

маориф

ВМКБ. МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ – МУШКИЛОТИ МАКТАБҲОИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои пурсамари фаъолият, истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи  некуаҳволии мардум дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар,  аз ҷумла дар соҳаи маориф, ислоҳоти зиёде рӯи кор омаданд. Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба шаклҳои нави идора ва маблағгузорӣ гузаронидани баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» дар соли 2006 аз  ҷумлаи чунин тадбирҳои  саривақтӣ дар соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад.
Эраҷ Ҷонмирзоев, сардори раёсати маориф ва илми Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, иттилоъ дод, ки тибқи қарори мазкур, ба тариқи таҷриба дар вилоят аввал дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон, минбаъд дар ноҳияҳои  дигари кишвар низоми нави  маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ гардид. Чун бардоштҳо аз таҷрибаи нав мусбат арзёбӣ гардиданд, аз  соли 2010  ҳамаи мактабҳои  вилоят  ба  ин  низом  гузаронда  шуданд.
Ба гуфтаи Э. Ҷонмирзоев, ҳадафи ҷорӣ намудани низоми нави маблағгузорӣ истифодаи мустақилона, ҳадафманд ва дурусти маблағҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, ба ибораи дигар, ба дӯши худи  муассисаҳо вогузор намудани ихтиёрдории маблағҳои буҷетии ҷудогардида маҳсуб меёбад. Механизми маблағгузорӣ ба шумораи хонанда рабт дошта, маблағҳо барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои таълимӣ, тарбиявӣ, педагогӣ, коммуналӣ ва ғайра сарф мешаванд. Банақшагирии хароҷот ва даромад, истифодаи дурусти буҷет дар  салоҳияти сарвари мактаб қарор гирифта, истифодаи шаффофи маблағҳоро кумитаи волидон назорат мебарад. Вобаста ба теъдоди афзояндаи хонандагон муассисаҳои таълимии кишвар фоидаи молиявӣ ҳам мебинанд.
Мутаассифона, вазъ дар ин самт дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ дигар аст. Мушкилӣ дар он аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон теъдоди хонандагони  муассисаҳои  таълимӣ  тамоюли коҳишёбӣ  дорад. Вобаста ба кам шудани шумораи хонандагон ба  муассисаҳо камтар маблағ ҷудо шуда, минбаъд онҳо ба ғайр аз пардохти маоши кормандон ва баъзе корҳои аввалиндараҷа наметавонанд барои дигар хизматрасониҳо маблағ харҷ намоянд. Бино ба маълумоти оморӣ, шумораи хонандагон дар вилоят аз 42757 нафари соли 2009 дар  соли 2016 то 37690 нафар кам гардид. Мувофиқи таҳлилҳо, мутаассифона, ин майлон идома дорад.
Мувофиқи низомнома ва дастурамали ташкили маблағгузории  сарикасӣ, шумораи хонандагон дар як синф  набояд камтар аз 25 нафар бошад. Вале, теъдоди миёнаи хонандагони синф дар сатҳи ҷумҳурӣ 21,3, дар ВМКБ 12,3 ва дар деҳаҳои дурдасти он ҳамагӣ 5-8 нафарро ташкил медиҳад.
Дар вилоят синфҳое, ки аз 25 нафар камтар хонанда доранд, хеле  зиёданд. Ҳамчунин, 36 мактаби ибтидоӣ аз 15 нафар, 40 мактаби асосӣ аз 70 ва 70 мактаби миёна аз 120 нафар  камтар хонанда доранд, яъне дар маҷмӯъ дар 146 мактаби вилоят (48%)  аз меъёрҳои муқарраргардида камтар хонандагон таҳсил мекунанд. Аз рӯи меъёр, ҳамасола дар вилоят бояд тақрибан то 88 синф ихтисор  ва аз  ин  ҳисоб то 1195556 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ  сарфа шаванд. Вале, боиси изтироб ин аст: мактабҳои ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи деҳоти дурдасти камаҳолии вилоят, ки аз  марказҳои ҷамоатҳо 10 - 20 км дуранд, бо шумораи хеле ками хонанда чӣ гуна фаъолият менамоянд?
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят пешниҳод менамояд, ки барои  ин мактабҳо коэффитсиентҳои дигар пешбинӣ карда шаванд. Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурӣ низ барои мактабҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ,   ин пешниҳодро қобили қабул мешуморад. Сардори раёсати маорифи вилоят мутмаин аст, ки муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии минтақаҳои дурдасту камаҳолӣ, аз  ҷумла ВМКБ, бо гирифтани коэффитсиентҳои махсус барои пеш бурдани фаъолияташон имкон пайдо менамоянд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 1439
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед