фарҳанг
РАМЗИ РАНГОРАНГИИ ЗИНДАГӢ
Маҳсулоти қуроқӣ бештар аз матоъҳои сафед, гулобӣ, сурх, кабуд, сиёҳ, сабз, бунафш ва зард таҳия мешавад. Аҷибаш он аст, ки барои ин навъи ҳунар харидани матоъ шарт нест. Зеро он аз пораматоъҳои боқимондаи дӯзандагӣ омода мегардад. Бонувон барои таҳияи дастархон, дастбанди гаҳвора, пойандоз, курта, ҷома, тахтпӯш, кӯрпаву кӯрпача, болишт ва ҷузвдону чодар аз он истифода мебаранд.
Сангимоҳ Қурбонова, сокини Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, аз зумраи чунин ҳунармандони чирадаст мебошад. Беш аз 55 сол ба қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзию гулдӯзӣ, муҳрабофӣ ва ҷӯроббофӣ машғул аст.
Имрӯз маҳсули дастонаш хонаҳои мардумро оро медиҳад. Ба гуфтаи Сангимоҳ Қурбонова, қуроқдӯзӣ як навъи ҳунарест, ки кас бо истифода аз тахайюлот ва нақшаҳои ҳандасавию рамзҳои миллӣ пораҳоро ба ҳам пайваст мекунад.
Дар ибтидо бо ангуштони нозукаш нақшҳои гуногунро тасвир мекард. Аз матоъҳои пора - пора чизе дӯхта, камбудияшро меҷуст ва, албатта, ба он навоварӣ ворид мекард. Кунҷкобию талошҳои пайвастааш боис гардид, ки нозукиҳои ҳунарро аз бибикалон ва модараш омӯзад. Мекӯшид, то як кораш ба кори дигараш монанд набошад.
- Хонаи наварӯсонро бе ҷиҳози қуроқӣ наметавон тасаввур кард. Таҳи чодар барои навхонадорон ҳатман кӯрпачаи махсуси қуроқиро мепартоянд. Вақти бурдани арӯс ба хонаи домод, аз дастархону чодари қуроқӣ истифода мебаранд. Ҳатто солҳои пеш арӯсро либосҳои қуроқӣ ва гулдӯзӣ мепӯшонданд ва маснуоти қуроқиро ҳамчун рамзи зиндагии рангини арӯсу домод, нигоҳдоранда аз чашми бад мешинохтанд, - мегӯяд С. Қурбонова.
Шоёни зикр аст, ки маҳсули дастони зебоиофари Сангимоҳ ва занону духтарони Ҷамоати деҳоти Сангтӯда имрӯзҳо харидорони зиёд дорад. Бино ба гуфтаи ӯ, агар ҳунарҳои мардумӣ ё маҳсули дастсоз ҷаззобу диданӣ бошанд, сайёҳон албатта аз он бо худ армуғоне ба кишвари хеш мебаранд.
Кароматулло РАҲМАТОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.06.2018 №: 125 Мутолиа карданд: 525