logo

иқтисод

"ШАҲРОФАР". САТҲУ СИФАТИ ЛОИҲАҲО ДАР МАДДИ АВВАЛ

Фаъолияти ҶСК «Шаҳрофар» - яке аз  сохторҳои муҳими гуногунҷабҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосан ба таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ,  ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардидаи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин, бунёди биноҳо, сохтмон ва таҷдиди объектҳои мушаххас равона шудааст.
Бино ба иттилои Бахтиёр Эшонов, сарвари ҷамъият, яке аз масъалаҳои асосӣ ин бо нақшаҳои генералӣ таъмин намудан ва минбаъд дар доираи талаботи он ба роҳ мондани сохтмони бинову иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. То имрӯз нақшаҳои генералии 57 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия ва бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, барои амалисозӣ ба фармоишгарон, мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супурда шудаанд. Ҳамзамон, нақшаҳои генералии 3 маркази шаҳру ноҳияҳо ба анҷом расида, барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидаанд. Нақшаҳои генералии 3 шаҳру ноҳия дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад. То охири сол марказҳои маъмурии ҳамаи 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ пурра таъмин мегарданд.
Бо мақсади бо сифати баланд таҳия намудани нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо, нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалҳо ва бинову иншооти аҳамияти махсусдошта ҳар лоиҳаи таҳияшуда бо иштироки мутахассисони варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷамъият мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Айни замон лоиҳаҳои биноҳои муосири истиқоматии 12 - 16 – ошёна дар шаҳри Душанбе таҳия мешаванд. Таҳияи лоиҳаҳои ангоравии муассисаҳои таҳсилотии умумӣ барои 1200, 1500 ва 2000 нафар дар шаҳри Душанбе, лоиҳаи ангоравии толори футболи хурд барои 3000 ҷойи нишаст, майдонча барои футболи соҳилӣ ва майдони варзиши сабук дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Мутахассисони ҷамъият, ҳамчунин, дар озмунҳои кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмаи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ оид ба интихоби беҳтарин лоиҳаҳои ангоравии иншоот ва маҷмаи инфрасохтори сайёҳӣ ширкат меварзанд.
Кормандони “Шаҳрофар” - муассисаи касбии лоиҳакашӣ мақсад доранд, ки минбаъд низ фаъолияти худро дар доираи талаботи муосири шаҳрсозӣ ба роҳ монда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо таҳияи лоиҳаҳои сифатан баланд саҳми босазои худро гузоранд.
У. МУРОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 531
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед