фарҳанг
"ҶУМҲУРИЯТ": АЗ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ТО МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар Қасри Арбоб доир шудани маҷлиси бошукӯҳ ва ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба муносибати 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров хеле хотирмон ва пурмуҳтаво буд. Ибтикори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ аз ҷумлаи навгониҳои солҳои охир дар таблиғи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва бузургдошти ин фарзанди бузурги халқи тоҷик мебошад.
Мақолаҳои зиёде, ки дар рӯзномаи мазкур аз тарафи олимон, рӯзноманигорон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни фарҳанги тоҷик ба табъ расиданд, бори дигар ҳар чи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва истифодаи мероси ғании донишмандони тоҷик, махсусан академик Бобоҷон Ғафуров ва зикри хидматҳои арзишманди ин фарзонаи миллатро дар сиёсат ва илми ҷаҳонӣ ба манзури боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ амри зарур донистанд.
Асарҳои Б. Ғафуров, ки доир ба проблемаҳои актуалии таърих ва фарҳанги тоҷик ва саҳми ин миллат дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ мебошанд, барҳақ ӯро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшиданд. Имрӯз ин осор дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.
Аз ҳамин ҷиҳат, Пешвои миллат арзиши баланди осор ва фаъолияти амалии Бобоҷон Ғафуровро, ки аҳамияти бузург дар худшиносии миллӣ дорад, ба назар гирифта, «Тоҷикон» - и ӯро асари ҷовидонӣ номидаанд.
Иштирокдорон иқдоми идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият», роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар таблиғи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноил шудан ба ваҳдат ва таҳкими он кори хеле муҳим ва дорои аҳамияти тарбиявии муассир арзёбӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд Р. Аҳмадзода пешниҳодро роҷеъ ба чопи мақолаҳои дар рӯзнома ба нашр расида дар шакли китоб маъқул дониста, омодагии худро ба ин кори муҳим иброз дошт, ки иштирокдорон онро бо изҳори миннатдорӣ истиқбол намуданд. Раиси вилоят, дар навбати худ, изҳор намуд, ки дар мавзӯъҳои дигар низ баргузор намудани чунин озмунҳо, бешубҳа, барои боло рафтани шуури худогоҳӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ ва давлатӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Кароматулло ОЛИМОВ,
академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.06.2018 №: 126-127 Мутолиа карданд: 473