logo

фарҳанг

ИСТИҚЛОЛ ВА ФОЛКЛОР

Фолклор ва фолклоршиносӣ як бахши муҳими фарҳанги миллати мо мебошад, ки мардумро ба орзуву омол ва маънавиёти гузаштагонамон ошно месозад ва ба қавли Максим Горкий ибтидои санъати сухан дар фолклор аст. Аз ин рӯ, аз даврони бостон шоиру нависандагони оламшумули тоҷику форс ҳамеша аз эҷодиёти шифоҳии халқ истифода намудаанд.  Гирдоварӣ, танзиму тадқиқи эҷодиёти шифоҳии тоҷикон пас аз суханронии А.М. Горкий дар Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1934 ривоҷу равнақ ёфт.
Дар солҳои ба истиқлолият расидани Тоҷикистон Ганҷинаи фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба низом дароварда шуда, барои тартиб додани «Куллиёт» - и 40 - ҷилдаи он ба равияву ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ омода гардид. Пас аз ин, ҳамаи кормандони шуъба ба 8 - гурӯҳ тақсим шуда, танзими феҳристи жанрҳои фолклориро бо сарварии Р. Амонов ва роҳбарии бевоситаи И. Левин, ки аз Ленинград  (ҳоло Санкт - Петербург) даъват шуда буд, оғоз намуданд. Ин гурӯҳҳо бо жанрҳои рубоӣ, байт, дубайти, суруд, чистон мақолу зарбулмасал ва латифа таваҷҷуҳи махсус зохир карданд. Амали мазкур 5 сол идома дошт. Алъон ин феҳристи жанрҳои фолклорӣ дар байни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нодиртарин махзани пажӯҳиши осори шифоҳии мардум мебошад. Ҳоло дар бойгонии фолклори тоҷик беш аз 225000 саҳифа маводи фолклории банизомовардашуда, аз ҷумла беш аз 21000 мақолу зарбулмасал, 8200 чис-тон, 30000 рубоӣ ва дубайтӣ, 28100 байт, 20000 тарона, 13200 суруд, 6100 афсона, 3200 латифа, 118 дос-тони эпоси қаҳрамонии «Гӯрғӯлӣ» ва садҳо дафтари ёддошту рӯзномаҳои экспедитсияҳои фолклоршиносӣ ва матни тафсири маросимҳои мардумӣ маҳфуз мебошанд. Албоми аксҳои экспедитсияҳо нигаҳдорӣ мешавад. Махсусан, озмунгоҳ ва бойгонии сабти овозии пажӯҳишгоҳ  хеле ғанӣ аст. Маводи ганҷина бо ҳуруфи арабӣ, лотинӣ ва кириллӣ гирдоварӣ шудаанд. Мавод ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қисме русӣ мебошад. Дар ин ганҷина бахши фолклори тоҷикони Афғонистон ва Эрон низ нигаҳдорӣ мешавад. Инчунин, фонди проффессор Загуров низ ба он шомил аст, ки ӯ онро солҳои 30 - юми асри рафта аз  тоҷикони маҳбус гирд овардааст. Инчунин, солҳои охир маводи бойгонии шодравон Муҳаммаднаим Раҳимов ва Ҳомид Зоҳидовро хешовандонашон ҷиҳати нигоҳдорӣ ва истифодаи мутахассисон супурдаанд.
Олимони фолклоршиноси тоҷик дар даврони истиқлолият чандин монографияву маҷмӯаҳои фолклориро ба табъ расондаанд. Аз ҷумла, солҳои 1998 - 2000 Р. Қодиров се ҷилди фолклори тоҷикони вилояти Кешкрӯд (Қашқадарё) - ро бо ҳамроҳи инҷониб ба чоп расондаанд. Дар ин ҷода С. Фатҳуллоев, Д. Обидов ва Ф. Муродов, Р. Раҳмонӣ, Д. Раҳимов ва дигарон корҳои хубу мондагорро анҷом дода, рисолаву маҷмӯаҳои зиёдеро чоп намудаанд.
Гузашта аз ин, дар даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ олимони фолклоршиноси тоҷик таълифи «Донишномаи фолклори тоҷик»-ро дар ҳаҷми 66 ҷузъи чопӣ ба нашр омода намуданд, ки ин асари мондагор дар арафаи чоп аст.
Рӯзии АҲМАД, фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2018    №: 133    Мутолиа карданд: 832
03.03.2021


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед