logo

иқтисод

МИСКИНОБОД. РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод асосан картошкаю сабзавоткор ва боғпарваранд. Картошкапарварӣ ҳамчун соҳаи афзалу сердаромад сол ба сол рушд намуда, ҳосилнокӣ афзун мегардад.

Имсол хоҷагиҳои деҳқонии ҳашт деҳаи ҷамоат дар майдони зиёда аз ҳафтод гектар картошка шинонданд. Азбаски баҳори имсола сербориш омад, хоҷагидорон имконият пайдо накарданд, ки киштро дар муҳлати муайяншуда гузаронанд. Айни ҳол картошкапарварон кӯшида истодаанд, ки бо такя ба тадбирҳои фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғанӣ ҳосили хуб рӯёнанд.
Сокинони ҷамоат дар баробари истеҳсолот ба ободонии маҳали зисташон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Симчӯбҳои барқӣ дар масофаи чор километр қад – қади шоҳроҳи ҷамоат шинонда бо фурӯзонакҳои равшанидиҳанда  муҷаҳҳаз буда, шабона маркази деҳаҳои Мискинободу Фатҳободро мунаввар мекунанд.
Ба шарофати аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот ҳунарҳои халқӣ, аз қабили чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, дӯзандагӣ, оҳангарӣ, наққошӣ  рушду такомул меёбанд. Чанде пеш ҳунармандони деҳот маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба тамошо гузоштанд. Ҳамчунин, дар озмуни «Кошонаи ҳусн» 20 нафар занону духтарон фаъолона ширкат варзиданд.
Дар деҳаи Заркамар даҳ бонуи  ҳунарманд ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва адрасу атласбофӣ машғуланд. Маҳсули дас-ти ин ҳунармандон  аллакай дар байни мизоҷон шуҳрат пайдо кардааст.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 574
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед