logo

номаҳо

БО СИПОС ЯК ДАРХОСТ

Аз 1 сентябри соли равон боло бурдани нафақаи синнусолӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – нафақагиронро басо шод намуд. Албатта, Сарвари давлат нисбат ба мо пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунанд.

Мо медонем, ки бо боло рафтани имкониятҳои иқтисодӣ сатҳи зиндагиамон боз ҳам беҳтар мегардад. Дар қиёс ба солҳои пештар ҳаҷми нафақаамон  афзудааст. Зарур мебошад, ки мо ин ҳамаро ба дидаи эътибор бингарем ва шукр карданро аз ёд набарорем.
Ҳамеша даст ба дуо мебардорем, ки ин сулҳу салоҳамон пойдор бошаду истиқлоламон ҷовидон.
Мавриди зикр аст, ки аз синну солам бигӯям. Ҳаштоду ҳаштсолаам. Чи рӯзҳову солҳои вазнинро бо ҳама мушкилоташ пушти сар кардаам. Дар иншооту сохтмонҳои муҳими кишвар саҳми чашмрас гирифтаам. Вале баробари онҳое нафақа мегирам, ки нисбатан ҷавонанду то ин ҳадд собиқаи корӣ надоранд. Хуб мешуд, ҳар шахс вобаста ба заҳматаш нафақа гирад, аммо чунин нест. Агар бо таваҷҷуҳи махсус барои ҳалли ин масъала тадбирҳои зарурӣ андешида мешуданд, бештар шоду мамнун мегардидем. Охир, шумораи мо, хосса нафароне, ки дар иншооту сохтмонҳои муҳими кишвар фаъолият доштанд ва синну солашон аз ҳаштод гузаштааст, зиёд нест. Инчунин, гурӯҳе аз мо ба пули бештари нафақа ниёзманданд, то дар даврони пирӣ беҳтару хубтар зиндагӣ бикунанд.
Шариф ҲАЛИМОВ,
шаҳри Ҳисор,  Ҷамоати деҳоти
Хонақоҳи Кӯҳӣ, деҳаи Латтахорак


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2018    №: 171    Мутолиа карданд: 898
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед