logo

маориф

ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ҲАНӮЗ МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД, ЧАРО?

Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои асосии таълиму тарбия дар соҳаи маориф буда, барои рушди кӯдак муҳити солими инкишофро фароҳам меорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 93 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Инчунин, барои ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбия дар кишвар 1671 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии зиёда аз 43 ҳазор тифл амал менамояд. Вале ҳанӯз ҳам фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо аз масъалаи мубрам боқӣ монда, беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд таъкид намуданд: “Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи паст қарор дошта, соли 2017 ҳамагӣ 13,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ барои ҳамин сол 5,4 банди фоизӣ кам буда, нигаронкунанда боқӣ мемонад”.
Дар иртибот ба ин масъала, Зиёратшоҳ Назруллозода, муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм, чунин иброз дошт:
“Воқеан ҳам, фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ дар ҳоли ҳозир наметавон мусбат арзёбӣ кард, ки ин ба якчанд омил вобаста аст. Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки бар асари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта аксари кӯдакистонҳо валангор гардида, аз фаъолият бозмонданд ва бо раванди хусусигардонии амволи давлатӣ қисме аз онҳоро баъзе шахсон бо маблағи ночиз аз они худ карданд. Бар замми ин, дар бинои кӯдакистонҳо муассисаҳои дигар ҷойгир шуданд.
Аммо то имрӯз масъалаи  ғайримақсаднок истифода намудани кӯдакистонҳо ҳалли худро наёфтааст. Ҳоло 141 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла дар  вилояти Суғд 73, Хатлон 33, шаҳри Душанбе 23 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 кӯдакистон барои фаъолияти дигар соҳаҳо истифода мешаванд. Ҳарчанд Вазорати маориф ва илм ба унвони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола бо мактуб муроҷиат менамояд, аммо ин масъала ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Ҳамин тавр, нарасидани бино ва қабули аз меъёр зиёди кӯдакон ба кӯдакистонҳо аз мушкилҳои асосии соҳа боқӣ мемонад. 
Ба ақидаи коршиносон яке аз роҳҳои ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ мебошад. Бо ин мақсад моҳи майи соли 2014 Ҳукумати мамлакат “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020” - ро қабул намуд, ки афзалият ва самтҳои асосии дастгирӣ ва рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маорифро муайян менамояд. Тибқи он мақомоти маҳаллиро мебоист дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ҳамасола теъдоди муайяни муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ бунёд намоянд. Вале барнома то имрӯз ҳамагӣ 14,3 дарсад иҷро гардидааст.
-Дар доираи барнома то ин давра бояд 496 муассиса бунёд меёфт, лекин ҳамагӣ 71 муассиса сохта шудаасту халос, - гуфт Зиёратшоҳ Назрулозода. - Агар талаботи барномаро шаҳрҳои Душанбеву Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барзиёд иҷро намуда бошанд, дигар шаҳру ноҳияҳо иҷрои онро дар сатҳи бояду шояд таъмин накарданд.
Ба гуфтаи  масъулони соҳа, яке аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани барнома нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муносибати ҷиддӣ надоштани роҳбарони масъули маҳаллӣ ба таҳсилоти томактабӣ аст.
Тибқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва  Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 то соли 2020 фарогирии кӯдакони аз 3 то 6 - сола ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд ба 30 дарсад расонда шавад. Аммо вазъи мавҷуда иҷрои ин талаботро душвор гардондааст. Барои бартараф намудани ин камбудӣ Вазорати маориф ва илм якҷо бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди глобалии таҳсилот лоиҳаеро омода карда истодааст, ки ба рушди таҳсилоти томактабӣ равона шудааст. Дар доираи он омӯзиши кормандон ва ҳам бунёду азнавсозии кӯдакистонҳо дар назар мебошад. Ҳамчунин, аз ҷониби вазоратҳои рушди иқтисод, маориф ва илм ва кумитаҳои сармоягузориву сохтмон барои баргардондани муассисаҳо гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Инчунин, лоиҳаи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2019 – 2024 омода гаштааст, ки ҳадафи он низ таъсису бунёди муассисаҳои томактабӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон ва баргардондани биноҳои муассисаҳои томактабӣ ба ҳолати аввалаашон мебошад.
Ба ақидаи мутахассисон бо амалигардонии ин лоиҳаву барномаҳо то соли 2020 фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ба 30 дарсад хоҳад расид. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама мақомоти маҳаллиро мебояд ҷиҳати амалигардонии барномаҳои давлативу ба ин васила барқарор кардани муассисаҳо, таъмиру азнавсозӣ ва бунёди онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро ин зинаи таҳсилот қобилият, шавқу рағбат ва ҳолати ҷисмониву равонии тифлро ташаккул дода, барои омода шудани кӯдак ба таҳсилоти ибтидоӣ мусоидат менамояд, ки ҷомеа ба он беш аз пеш ниёз дорад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 798
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед