logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ПРОКУРОРОНИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ ВА СҲШ

20 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғоз ҳамаи меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 16-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, барору комёбӣ орзу карданд.
Президенти мамлакат прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мулоқотҳои имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меоранд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои трансмиллӣ ва муташаккили он, шиддатнокии таҳдидҳои терроризм, экстремизм, ифротгароии сиёсиву динӣ ва амалҳои харобиовари ҳаракатҳои ифротгаро, ҳамчунин, дигар мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин зимн Сарвари давлати Тоҷикистон бо ибрози таассуф аз мавқеъгирии созмонҳо ва ҷонибҳои алоҳида нисбат ба зуҳуроти терроризм ва экстремизм бо истифода аз меъёрҳои “духӯра” изҳори нигаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бар асари омили мазкур гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои мухталифи террористиву экстремистӣ таҳти парастории иттилоотиву сиёсӣ, молиявӣ ва дигар шаклҳои дастгирии кишварҳо ва созмонҳои алоҳида қарор гирифта, фаъолияти харобкоронаи худро идома медиҳанд.
Аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзадаи олам, оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои сиёсӣ ва талафоти ҷонии аҳолии осоиштаи ин давлатҳо изҳори нигаронӣ карда, ҳамгироии муштараки кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ барои таъмини амният дар қаламрави давлатҳо ва минтақа зарур шумурда шуд.
Ба нақши калидии Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Ассотсиатсияи байналхалқии прокуророн дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа,   таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок аз масъалаҳои дигару муҳими мулоқот буданд.
Дар вохӯрӣ прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, аз ҷумла Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамчунин, кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Непал, Шри-Ланка, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо Герхард Ярош ва прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳайси меҳмонони даъватшуда ширкат варзиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2018    №: 186    Мутолиа карданд: 679
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед