logo

фарҳанг

ҲОҶӢ ҲУСАЙНИ КАНГУРТӢ – ШОИР, ХАТТОТ ВА МУДАРРИС

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 150 - солагии шоир ва хаттоти маъруфи Шарқ Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ноиби президенти Академияи илмҳо Муҳаммад Абдураҳмон, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, академик Кароматулло Олимов ва доираи васеи олимону рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Муҳаммад Абдураҳмон ба кору пайкори мондагори шоир ишораҳо карда, таъкид намуд, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн суханро василаи маърифати баланд ва шинохти ҳастӣ медонист.
- Шоир илмро ҳаргиз ҷудо аз амал тасаввур намекард ва рӯзгори ӯ далели гуфтаҳои мост. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар баробари шоирӣ хаттоти камназири айёми хеш буда, касби мударрисӣ низ дошт. Рӯзии хешро аз паси амали хеш мехӯрд, - изҳор дошт М. Абдураҳмон.
Яке аз вижагиҳои дигари  осори шоир мазмунҳои баланди меҳанпарастист. Ӯ ба сарзамини азизаш – Хатлони бостонӣ ишқу муҳаббати бепоён дошт, ки дар ин пораи шеъраш ҳувайдост:

Чу Хатлон хиттае кам офарида,
Ки фирдавсе ба олам офарида.
Шамолаш гар бигардад, мушк резад,
Ҳавояш чун биҷунбад, атр безад.
Ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Амирхӯҷа Абдураҳимов дар бораи рӯзгору фаъолияти Ҳоҷӣ Ҳусайн маърӯза хонда, аз ҷумла чунин гуфт: «Новобаста аз вазъи нобасомони замонаш шоир дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм кард. Баъди хатми таҳсил, азми сафар намуда, ба Ҳиҷоз рафт, ба зиёрати Каъбатуллоҳ мушарраф гардид ва дар муддати се сол ба Фарангистон (Аврупо) ва Ҳиндустону Эрон сафарҳо анҷом дод. Баъди бозгашт мударрисиро пеша карда, барои урафои Кангурт ва мавзеъҳои атрофи он камари ҳиммат баст».
Мероси гаронқадри шоир аз манзумаҳои «Василат - ун - наҷот», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб - ул - ахбор фи табақот - ис - салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва рисолаи «Ашколи хутути исломия» иборат аст.
Рисолаи «Ашколи хутути исломия» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз буда, бо санъати волои хаттотӣ оро дода шудааст. Шоир шасту се намуд хати арабиро медонистааст, ки аз корҳои дар ҳунари хаттотӣ нишондодааш пайдост.
Сабки Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳиндӣ буда, муосирону адабиётшиносони имрӯз ӯро яке аз пайравони муваффақи Бедили Деҳлавӣ қаламдод кардаанд.
Дар конфронс махсус таъкид гардид, ки осори Ҳоҷӣ Ҳусайн пажӯҳиши ҷиддию доманадор мехоҳад. Дар ин радиф, китоби тозанашри Муҳаммад Абдураҳмон - «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ» рӯнамоӣ шуд. Ҳамзамон, ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Чиллахон Холов, Сайфиддин Акрамов ва дигарон сурудҳои марғуб сароиданд, ки матнашон аз ашъори шоир мебошанд. Ғазалҳои Ҳоҷӣ вақеан ҳам, аз маъниҳои бикр иборат буда, бори ҳикмату фалсафа ва тасаввуфу маорифро дар худ ҷо додаанд.
Конфронс ду рӯз идома ёфта, қисмати дуюми он дар зодгоҳи шоир - деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик доир гашт.
Ёдовар мешавем, ки оромгоҳи ин марди фозилу фарҳехта дар Кангурт, дар баландии зебою хушманзаре ҷойгир буда, имрӯз ҳам аз зиёратгоҳҳои аҳли дилу дин аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2018    №: 210    Мутолиа карданд: 629
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед