logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

НЕШИ СУХАН
Ин бону, ки ҳамагӣ бештар аз 45 сол дораду сафедии мӯяш гӯё ҳамранги барф аст, замоне дар дукони моҳифурӯшӣ кор мекард. Аниқтараш дар сардхонае, ки хунукияш яхдонро мемонд, моҳиҳоро ба селофан гирифта, бармекашид ва дар ҷои муайяншуда болои ҳам мечид.
Азбаски ҳамсараш барвақт аз дунё гузашта буд, ба хотири хор нашудани ягона фарзанд – духтараки азизаш 27 сол дар ҳамин ҳол меҳнат кард, вале дигарбора оиладор нашуд. Албатта, шароити вазнини корӣ беасар намонд ва ин модари аллакай аз дасту по монда дар синни 49 - солагӣ ноилоҷ хонашин шуд.
Духтарак дар ин муддат болиғ гаштаву барои хонадоршавӣ омодагӣ медид. Рӯзе саросема вориди хона шуду боз баромадан мехост, ки модари пазмонгашта гуфт:
- Духтарҷон, каме шишта, бо ман суҳбат кун, шояд хӯрок ҳам мепазиву сари дастархон гап - гап мекунем...
Аммо духтар, ки лабрез аз шӯру ҷунуни ҷавонӣ буд, лаб ба шиква кушод:
- Эҳ, модар, ту кай дар хона будиву ба ман хӯрок пухта додӣ, ки имрӯз даъво мекунӣ? Шаб меомадиву хобат мебурд…
Аз ин ҳарфи ноҷо дили бе ин ҳам дардманди модар дигарбора такон хӯрд, ки гиряолуд гуфт:
- Духтарам, ман 27 сол дар дохили яхдон кор кардаву аз хунукӣ дардманд шудам, вале сардиеро, ки аз суханони ту меояд, то имрӯз ҳис накарда будам.
Бузургмеҳр БАҲОДУР


ИҶОРАИ ТРАМВАЙ
Сокини шаҳри Краснодар (Русия) Иван Калугин барои як шабонарӯз трамвайро бо арзиши бештар аз 50 ҳазор рубл ба иҷора гирифта, дар хидмати мусофирон гузошт.
Дар вагон чунин навишта насб шуда буд: «Имрӯз трамвай барои шумо ройгон хизмат мерасонад. Сарпарасти мусофирати шумо – Иван Калугин».
Иван ба хабаргузории «РИА Новости» гуфтааст, ки ин идея ҳангоми ба трамвай савор шудан ва чеҳраҳои ғамгини одамонро диданаш пайдо шудааст.
«Фикр кардам, ки чи тавр битавонам як чанд ҳазор одамро андаке ҳам бошад, хушҳол намоям. Ман корҳои неки зиёдеро анҷом додаам. Вале, боз мехостам аз он амали бузургтарро иҷро намоям. Ва фикр кардам: бояд трамвай бихарам. Ақаллан барои як рӯз», - нақл мекунад Калугин.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
МАРИЯ ТЮДОР
Шояд шумо бо исми ин зан ошно ҳастед. Бале, ӯ духтари  шоҳи Англия Генрихи VII  мебошад. Дар таърихи Англия аввалин шоҳдухтаре маҳсуб меёбад, ки тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳодааст.  Тааҷҷубовараш дар як вақт ҳам маликаи  Фаронса ва ҳам шоҳдухтари Англия буданаш аст, ки иҷрои чунин рисолат барои як хонум кори саҳлу осон нест.  Издивоҷ бо Людовики VII - шоҳи Фаронса ва баъдан бо герсог  Саффолк - Чарлз Брендон аз шуҳрати зиёд доштани ин бонуи сиёсатмадор дар таърихи ин ду кишвари Аврупо дарак медиҳад.
Муаррихон нигоштаанд, ки Мария Тюдор ҳамагӣ 37 сол умр дидааст, аммо бо вуҷуди ин, то ба имрӯз дар хотираҳо  ҳамчун чеҳраи намоёни сиёсии давр боқӣ мондааст. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Ду доирача
Аз тунукаи металлӣ ду доирачаи қутрашон мувофиқан ба 2 сантиметр ва 10 сантиметр баробарбударо буриданд. Доирачаи дуюм нисбат ба якум чанд маротиба вазнинтар аст?


ҲИЛА
Солҳои аввали баъдиҷангӣ назоратро аз болои фаъолияти олимони физик якбора пурзӯр карданд. Тарғибу ташвиқи натиҷаҳои кашфиётҳо низ қариб, ки номумкин шуд. Дар чунин шароити ноқулайи эҷодӣ, физики машҳур А. Б. Мигдал, ки дар ҳилабозӣ устод буд, рӯзе аз назди дукони китобфурӯшӣ гузар мекард, ки чашмаш ба муқовае меафтад. Дар болои муқова номи муаллиф дар тарафи хеле росттар навишта шудаву тарафи чапи он қариб, ки холӣ буд. Физик меандешад, ки метавонад бемалол номи худро пештар аз номи муаллиф навишта, муфт «соҳибдевон» шавад. Бо ҳамин мақсад, миқдори зиёди ин китоби на чандон серталабгорро харида, аз дӯсти инженераш хоҳиш мекунад, ки пеш аз номи муаллифи аслӣ бо хати мувофиқу зебо «А. Мигдал ва…» нависад.
Баъди фурсати кӯтоҳ китоби нави муаллифон  А. Мигдал ва В. Черномордик «Воспитание пресмыкающихся в условиях неволи» бо соядаст то ба дасти машҳуртарин физикҳо расида, ҳамаро ба тааҷҷуб меорад.
Игор Василйевич Курчатов, директори Институти неруи ҳастаӣ, китобро аз муаллиф бо соядасти ниҳоят риққатовар дастрас мекунад, ки мазмунан чунин аст: «Бинед, рафиқ директор, олимон аз ноилоҷӣ ба чӣ кор машғул мешаванд, вақте шумо намегузоред, ки дар бораи физика озодона кору эҷод кунанд». 
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


КӮДАКОНИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
Сури Круз
Номи ин духтараки зебову ороста ҳанӯз дар сесолагӣ бо ҷевони либосҳояш, ки 3 миллион доллар арзиш дошт, вирди забонҳо гашта буд. Ӯ ҳоло 13 сол дораду аллакай, дар олами мӯд мавқеи худро пайдо намудааст.
Сурии соҳибҷамол фарзанди ҳунармандони маъруфи Ҳолливуд Том Круз ва Кэти Ҳолмс аст ва  онҳо аз ӯ чизеро дареғ намедоранд. Боре дар арафаи Соли нав модараш ба Сури хоначаеро, ки ба низоми гармидиҳӣ ва обу барқ пайваст аст, бо нархи 24 ҳазор доллар тақдим кард.
Айни замон дороии Сури 270 миллион доллари ИМА-ро ташкил  медиҳад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ОСОРХОНА ДАР ХОНАЧАИ ТЕЛЕФОН
Дар деҳаи Уорлии мулки Йоркшири Британия осорхонаи хурдтарини олам ҷойгир аст. Осорхона дар хоначаи телефон ҷой дода шуда, дар бораи таърих ва одамони машҳури деҳа маълумот медиҳад. Ҳамчунин, дар он нигористон ҷой дода шудааст. Барои тамошо як нафарӣ ба осорхона ворид мешаванд. Ёдгориҳо ҳар се моҳ тағйир меёбанд.
Осорхона зуд дар Британия ва берун аз он машҳур гардид.  Маъмурияти он талаб дорад, ки осорхонаро ҳамчун осорхонаи хурдтарини олам ба “Китоби рекордҳои Гиннес” ворид созанд.
Таҳияи Комрон САФАР


ДУ ПОСУХИ АФЛОТУН
Аз Афлотун, ҳакими Юнони Қадим, пурсиданд:
- Кадом рафтори инсоният шуморо ба тааҷҷуб меорад?
Афлотун чунин посух додааст:
- Одамӣ аз кӯдакӣ ҳамеша орзуи ҳарчи зудтар ба камол расиданро мекунад, вале пас аз бузург гаштан ба ёди кӯдакӣ меафтад. Ҳамчунин, барои ба даст овардани сармоя саломатиашро аз даст медиҳад, дар ҳоле ки барои шифо ёфтан ҳамаи сармояро боз сарф мекунад. Дар андешаи ояндаи худ имрӯзашро аз ёд мебарад, вале дар охири умр мебинад, ки на дар он рӯз ва на дар оянда зистааст. Ва чунон зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳеҷ намиранда бошад, вале онгунае мемирад, ки гӯё ҳеҷ вақт назистааст.
- Барои хушбахт гардидан чӣ тавсия медиҳед?- мепурсанд аз Афлотун.
- Ҳеҷ касро барои дӯст доштани худ маҷбур масозед. Агар сазовор бошед, бигзор худашон дӯстатон доранд. Вазифаи шумо ин аст, ки шахсе бошед, лоиқ ба дӯст доштан. Муҳим он нест, ки соҳиби чизи зиёд бошед. Муҳим он аст, ки бо чизи андак эҳтиёҷро бартараф карда тавонед,- тавсия медиҳад ҳаким.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


ВАСИЯТНОМА. ЧАНД ФАКТИ АҶИБ
Дарозтарин васиятнома ба сиёсатмадори маъруф Томас Ҷефферсон тааллуқ дорад. Он ҷанбаи сиёсӣ дошта, меросхӯрон танҳо пас аз озод намудани ғуломонашон, сарватро соҳиб гаштанд.

Васиятномае, ки лаборанти физики машҳур Нилс Бор навишт, дар таърих душворфаҳмтарин дониста мешавад. Зеро дар омехтагии истилоҳи соҳа бо ибораҳои фразеологӣ нигошта шуда, барои хонданаш зарур омад, ки забоншиносонро даъват намоянд.

Нависанда ва продюссери шинохтаи Амрико Жене Роденберри хоҳиш мекунад, ки пас аз марг ҷисми ӯро мӯмиёӣ карда, ба кайҳон фиристанд. Соли 1997 хокистари ӯро дар устадоне гирифта, дар қабати болоии атмосфера пош доданду охирин хоҳиши нависандаро амалӣ карданд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА

 


"FLYZOO"  РОБОТ ДАР ХИЗМАТИ МЕҲМОН
Ҳолдинги интернетӣ «Alibaba Group» “меҳмонхонаи оянда”- ро ба намоиш гузошт. Дар меҳмонхона, ки «FlyZoo» номида шудааст, калидро сканери рӯйи мизоҷ иваз намудааст. Дар он роботҳо дастпок медиҳанду нӯшокиҳоро омехта карда, хӯрокро ба ҳуҷраҳо мебаранд.
Меҳмонхонаи мазкур дар шаҳри Ханчжои Чин ҷойгир аст. Дар 290 ҳуҷраи он смарт - шунавандаҳо насб шуда, фармоиши овозии меҳмононро интизоранд. Бо фармони мизоҷ парда пӯшида мешаваду телевизор рӯшан. Тартиби вуруд ба «FlyZoo» пурра автоматӣ аст. Мизоҷоне, ки рақами мушаххас доранд, тариқи сканер метавонанд аз қайд гузаранд. Будубоши якшаба дар “меҳмонхонаи доно” тақрибан 207 доллар арзиш дорад. Маблағ тариқи онлайн пардохт карда мешавад.
Истифодаи технологияҳои муосир сафи кормандонро дар меҳмонхона бамаротиб кам намуд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ПОРОРОКА ХАТАРИ МАВҶ
Амвоҷи беохири баҳру уқёнусҳо орзуи деринаи дӯстдорони варзиши серфинг аст. Чунин мавҷ дар Бразилия дар ҳақиқат ҳам вуҷуд дорад ва «Поророка» ном гирифтааст. Мавҷ метавонад беист 800 километр ҳаракат кунад ва дар баландии 3,7 метр қариб як соат тӯл кашад.
Ин мавҷ дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки обҳои уқёнуси Атлантика бо дарёи Амазонка вомехӯранд ва 30 дақиқа пеш аз пайдоиши мавҷҳо садои махсусе ба гӯш мерасад. Азбаски «Поророка» хусусияти харобкунанда дорад, дар ҷараёни худ дарахтонро низ шуста мебарад, ҳамчунин, мавҷи аз ҳама хатарнок аст. Бинобар ин, варзишгарони боғайрати  серфинг онро бо ҳаяҷони махсус интизорӣ мекашанд.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


Аз ҳаёти бузургони илму адаб
Эҷодиёти ин нобиға - драматург, шоир ва ҳунарманди англис Вилям Шекспир, ки дар рушди театр ва фарҳанги башарият таъсири бузург гузошт, қуллаи баландтарини санъати ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
«Юлий Сезар», «Ҳамлет», «Отелло», «Шоҳ Лир», «Макбет», «Ромео ва Ҷулйетта» аз бузургтарин асарҳои Шекспиранд, ки қариб ба тамоми забонҳои маъруфи дунё тарҷума шудаанд. Аз рӯи асарҳои ӯ то ҳол операю балет, намоишҳои театрӣ ва филмҳо меофаранд.

Шекспир
Тамоми асарҳои драмавии ӯ ба саҳна гузошта шудаанд. Классики адабиёти англис дониши ҳақиқатан энсиклопедӣ дошт. На танҳо таърихи Англияро аъло медонист, балки дар бораи равандҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамолики Аврупо дониши мукаммал дошт. Фалсафаи қадим, илми ҳуқуқшиносӣ, ҳатто навигатсия (идораи киштӣ) ва тибро медонист, ба нозукиҳои сиёсат, дипломатияи байналмилалӣ ва мусиқӣ сарфаҳм мерафт. Бо якчанд забони хориҷӣ, аз ҷумла лотинӣ, юнонӣ, фаронсавӣ, италиёвӣ, испанӣ хуб ошно буд.
Таҳияи Д. ҚУДРАТУЛЛО


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Экспедитсияи Олафи 3 - сола
Барои Олафи сесола интизор истодан дар шуъбаи маводи бофандагии мағозаи универсалӣ басо дилгиркунанда тофт. Вай ноаён аз аробачаи молкашони мағоза, ки модараш аз ҳама ҷойи бехавфу хатар ва муътамад пиндошта буд, фаромада, ғайб зад. Дар тӯли якчанд соат пулисҳо кормандони тамоми мағозаро ба по хезонданд, то даме, ки Олаф аз се ошёна поёнтар ёфт нашуд. Ӯ дар як гӯшаи шуъбаи хӯрокворӣ бо хотири ҷамъ менишасту бо завқ заргӯшҳои шакалодиро яке аз пайи дигаре зада мешикаст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ТУРФА ШОГИРДЕ…
Дар нимаи соли таҳсил муаллими яке аз синфҳои поёнӣ бо далели мушкилоти шахсӣ рухсатӣ гирифт ва ба ҷои ӯ муаллими нав ба кор омад. Ӯ дарсро шурӯъ кард ва аз бачаҳо мавзӯи гузаштаро пурсид. Вақте ки навбат ба яке аз талабаҳо расид ва ӯ посухи нодуруст дод, ҳамсабақонаш хандиданду варо масхара карданд. Муаллим пай бурд, ки ин шогирд пайваста мавриди тамасхур қарор мегирад.
Ҳангоме ки дарс ба охир расид, муаллим он талабаро наздаш хонд ва ба ӯ варақае дод, ки дар он байте навишта шуда буд. Аз ӯ хост, ки то фардо байтро аз ёд кунад. Рӯзи дигар муаллим байтро дар тахтаи синф навишт ва баъди чанд лаҳза онро пок карда, аз талабаҳо хоҳиш намуд, то ҳар ки байтро аз ёд карда бошад, даст бардорад. Ҳеҷ яке аз талабаҳо натавониста буданд, ки байтро ҳифз кунанд. Танҳо касе, ки дасти худро боло бурд, ҳамон талабае буд, ки дирӯз мавриди тамасхури ҳамсолон қарор гирифт. Ҳамсабақонаш аз ин ки ӯ тавонист дар ин муддати кӯтоҳ байтро аз ёд кунад ҳайрон шуданд. Муаллим ӯро таҳсину офарин гуфт ва аз ҳамсабақонаш хоҳиш кард, ки барояш каф бикӯбанд.
Тӯли як моҳ муаллими нав ин усулро давом дода, аз шогирдонаш мехост, ки ҳамсабақи худро мавриди лутф қарор диҳанд. Кам - кам нигоҳи талабаҳо нисбат ба ҳамсабақашон тағйир ёфт ва дигар ӯро масхара намекарданд. Ӯ низ ба худ боварӣ пайдо кард. Ба хотири боварӣ ба худ ва шавқу завқ ба дарс, ки муаллим ба он донишомӯз бахшида буд, тамоми талоши худро ба харҷ медод, ки он эҳсоси хуби бартар буданро дар назари дигарон ҳифз кунад. Он сол бо баҳои хуб соли таҳсилро ба анҷом расонд. Ҳамин гуна мактаб ва сипас донишгоҳи бонуфузеро хатм карду унвони докторӣ гирифт. Ӯ акнун беҳтарин мутахассиси пайванди ҷигар дар ҷаҳон аст.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


ЧАРОҒАК КАЙ? АЗ КУҶО?
Чароғаки роҳнаморо аввалин маротиба соли 1868 дар наздикии бинои парлумони Британияи Кабир гузоштаанд. Он дастӣ идора мешуд. Соли 1869 фонуси газии чароғак таркида, идоракунандаи онро маҷрӯҳ месозад. Пас аз ин, чанд муддат истифодаи онро манъ мекунанд.
Соли 1910 Эрнст Сиррин чароғаки автоматиро бо навиштаи «Stop» ва «Proceed» ихтироъ намуд. Чароғи барқии дорои  ду ранг - сурх ва сабз бошад, соли 1912 пайдо шуд.
Дар шаҳри Кливленди Амрико соли 1914 чор чароғаке насб карданд, ки дар вақти иваз гардидани рангҳо овоз мебароварданд. Онҳоро Ҷейсон Хог ихтироъ намуда буд.
Дар Россия онро соли 1930 аввалин маротиба дар кӯчаҳои шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) дидан мумкин буд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


10 КИШВАРИ БОЙ
7. Швейтсария
Швейтсария на танҳо мамлакати мағозаҳои соатҳои ҳайратовару ҳангомадор ва бонкҳои ҷаҳонӣ, балки кишвари табиатан бой ва макони биҳиштосост. Ин мамлакат дар байни Италия, Фаронса, Олмон, Австрия ва Лихтейнштейн - миёни кӯҳҳои Алп доман задааст. Швейтсария аҳолии беш аз 8 миллионнафара дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар  аҳолӣ 81 000 доллар буда, ин нишондиҳанда имкон додааст, ки Швейтсария ба рӯйхати 10 кишвари хурдтарин, вале доротарин дар ҷаҳон ворид гардад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ФУТБОЛ. ДАР АВРУПО КӢ МАОШИ АЗ ҲАМА БАЛАНД МЕГИРАД?
Феҳристи футболбозоне, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии аврупоӣ маоши аз ҳама баланд мегиранд, эълон шуд. Тибқи иттилои нашрияи «L’Equipe» дар садри ин рӯйхат Лионел Месси («Барселона») қарор дорад. Ӯ дар як моҳ 8,3 миллион евро (ба ҷуз пардохти андоз) фоида ба даст меорад. Зинаи дувумро ҳамлавари «Ювентус» Криштиану Роналду касб намудааст, ки маоши ӯ нисбат ба Месси қариб ду баробар камтар аст - 4,7 миллион евро.
3. Антуан Гризманн («Атлетико») – € 3,3 млн.;
4. Неймар («ПСЖ») – € 3,06 млн.;
5. Луис Суарес («Барселона») – € 2,9 млн.;
6. Гарет Бэйл («Реал») – € 2,5 млн.;
7. Филиппе Коутинйо («Барселона») – € 2,3 млн.;
8. Алексис Санчес («Ман. Юнайтед») – € 2,28 млн.;
9. Килиан Мбаппе («ПСЖ») – € 1,73 млн.;
10. Месут Озил («Арсенал») – € 1,6 млн.
Таҳияи М. БАҲРОМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2019    №: 35    Мутолиа карданд: 610
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед