logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳомид Маҳмудов ҳамчун хатмкардаи “Студияи театрии хонаи маърифати Бухоро” - и шаҳри Маскав аз тамоми нозукиҳои соҳа бохабар буд. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда бо даъвати раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба Душанбе омад. Кори мушкили таъсиси театри касбӣ оғоз гардид. Дар ин роҳ ба Ҳомид Маҳмудов ҳунари коргардонӣ, маҳорати нақшофарӣ ва асосҳои драматургия, ки аз устодони москвагии худ омӯхта буд, ҳамчун асоси маънавӣ хидмат мекард.
Табиист, ки он солҳо пайдо кардани ҳунарпешагону мутрибон барои кори доимӣ дар театри касбӣ мушкил ва тарбияи драманависон, ки дониши чуқури назариявӣ, шиносоӣ бо кори театр, тахайюлоти бою рангин ва ҷаҳонбинии васеъро талаб мекард, боз ҳам мушкилтар буд. Бо асосҳои назариявии драматургия шинос кардани адибон, сайқал додани маҳорати эҷодии онҳо вақти зиёду меҳнати ҳамарӯзаро тақозо мекард. Театр бе драмаҳои кушояндаи хислати қаҳрамонони миллӣ, гузориши масъалаҳои муҳими ҳаётӣ вуҷуд дошта наметавонист. Равандҳои ташаккул ва инкишофи ҳунарҳои таҳиягарӣ, бозигарӣ,  саҳнаороӣ ва драманигорӣ дар омезиш бо ҳамдигар ҷараён гирифта, аз бисёр ҷиҳат якдигарро пурра мекарданд.
Театри анъанавӣ ва драмаҳои халқӣ таърихи бою хеле қадима доранд, аммо театри шаклан нав, сифатан баландпоя ва аз ҷиҳати фарогирии масъалаҳои маънавӣ - ғанӣ асарҳои ба худ ҳампояро тақозо мекард. Дигар театр ба қоидаи драмаҳои пешин шомил шуда наметавонист, бинобар ин, театрро лозим меомад, ки аз имкониятҳои худи театр ва сохтори он истифода бурда, асарҳои шоиста биофарад.
Бинобар ин, Ҳомид Маҳмудов мекӯшид ба театр ҳарчи бештар зиёиёнро ҷалб намуда, онҳоро ба иншои драмаҳои миллӣ сафарбар намояд. “Рӯзноманигорон, ҳаводорони санъат ва зиёиёни рӯшанфикр, ғолибан, пйесаҳои начандон калони тарғиботӣ менавиштанд.
Асари “Наврӯз ва Гулчеҳра” яке аз аввалин асарҳои саҳнавии театри тоҷик ба шумор меравад. Асар ба қалами Акмал Аминзода тааллуқ дошт. Ҳомид Маҳмудов ҳамчун таҳиягари намоиш бо муаллиф ҳамкорӣ карда, охири соли 1929 онро рӯи саҳна овард.
Пйесаи А. Мунзим “Сангинбой” низ ба мавзӯи озодии занон бахшида шуда, дар шаклгирии бинои драматургияи миллӣ хишти иловагие шуд. Ҳомид  Маҳмудов, ҳамчун ташкилотчии театр ва таҳиягар, аксаран, муаллифонро ба ҳамкорӣ даъват намуда, аз онҳо иншои намоишномаро дар ин ё он мавзӯъ хоҳиш мекард. “Марги рӯза” - и М. Муинзода, “Эшони фиребгар” ва “Ҳаёти нав” - и Т. Самадӣ, “Бой ва Одина” - и М. Юсуфбеков аз ҳамин қабиланд.
“Амир Олимхон” - и Ҷалил Боғдодбеков ва “Шӯриши Восеъ” - и Абдурауфи Фитратро  низ метавон маҳсули қадамҳои нахустини драматургияи тоҷик арзёбӣ намуд.
Ба драматургия рӯ овардани адибони ҷавон Мирзо Турсунзода, Ғулом Ализода ва Раҳим Ҷалилро низ аз хидматҳои Ҳомид Маҳмудов донистан ҷоиз аст. Чуноне таҳлили навиштаҳои дар боло зикршуда  нишон медиҳад, аввалин намоишномаҳои муаллифони ватанӣ маҳз дар давраи фаъолияти таҳиягарии Ҳомид Маҳмудов рӯи саҳна омадаанд. Бо ёрии пайваста ва коргардонии Ҳомид Маҳмудов зиёда аз 20 намоиш таҳия шудааст. Қисми зиёди ин намоишҳоро асарҳои драматургони тоҷик ташкил додаанд.
Маҳорати касбии Ҳ. Маҳмудов ва қобилияти ташкилотчигию роҳбарии ӯ на танҳо боиси созмонёбии созҳои миллии касбӣ, пайдо гаштани иттифоқи кормандони театр, балки ташаккули драматургияи тоҷик эътироф шудааст, ки ҳақиқати бебаҳс аст.
Лутфулло ДАВЛАТОВ, директори Театри давлатии
академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
Баҳодур МАҲМУДОВ, директори хона - музейи 
Ҳомид Маҳмудов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2019    №: 40    Мутолиа карданд: 477
03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед