logo

иҷтимоиёт

 ҚАТЛИ ЖУРНАЛИСТ: ИСКАНДАРРО КӢ КУШТ?


Ҳар як инсон дар зиндагӣ ба хотири номи нек умр ба сар мебарад, заҳмат мекашад, то дар ҳаёт мавқеъ ва ҷои муносибе дарёфт намояд. Дар рӯи замин инсонҳое зистанд ва мезиянд, ки бо қаҳрамониҳо дар набардҳои шадид, меҳнати софдилона ва хислатҳои хуб аз худ ному нишони нек боқӣ мегузоранд. Ин қабил шахсон то лаҳзаи вопасини умр баҳри ободӣ, шукуфоӣ ва пешравии Ватани азиз кору пайкор менамоянд, ки Искандар Каримов (Искандар Карим) аз ҷумлаи онҳост.
Искандар Карим 7 октябри соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 - и шаҳр ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 1979  бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус хатм намуд. Худи ҳамон сол фаъолияти кории худро аз рӯи касби интихобкардааш дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон оғоз карда, то соли 1984 ҳамчун омӯзгор кор намуд. Баъдан фаъолияти омӯзгориро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб идома дода, ҳамзамон, бо рӯзномаҳои даврии «Роҳи Ленин», «Кулябская правда» ва «Новый Хатлон» ҳамкорӣ дошт.
Идораи рӯзномаи «Новый Хатлон» лаёқати хуби рӯзноманигории Искандар Каримро ба назар гирифта, ӯро ба кор даъват намуд. Искандар дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ ба донишҷӯён дарс гуфта, солҳои 90 - уми асри гузашта дар вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи  «Новый Хатлон» фаъолият кард.
Искандар Карим дар фаъолияти худ масъулияти баланд дошт. Ғайрату матонати қаламкашии хешро баҳри беҳбуди рӯзгори мардуми кишвар ба харҷ медод. Аммо, афсӯс, ки 15 майи соли 1994 аз дасти аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ дар айёми камолот ба қатл расонда шуд.
Бино ба гуфтаи наздиконаш, рӯзи ҷумъа Искандар бо телефон занг зада мегӯяд, ки рӯзи дигар меояд. Рӯз бегоҳ мешаваду аз Искандар дарак не. Аз редаксия ба наздиконаш занг зада аз ӯ мепурсанд. Вале аз Искандар хабаре набуд. Падари Искандар бобои Ғоибназар ба суроғи фарзандаш   ба хонаи иҷорагирифтаи ӯ, ки дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) қарор дошт, меравад. Ҳамоно аз ӯ дараке набуд…
Ба гуфтаи ҳамсояҳо Искандарро гурӯҳи силоҳбадасти ташкилоти террористии наҳзат аз хонааш рабуда, иҷборан ба самти номаълум бурдаанд. Баъдан, маълум мешавад, ки силоҳбадастони хоин Искандарро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Падар Искандарро наёфт ва бо оҳу фиғон ба шаҳри Кӯлоб баргашт. Ноларо пинҳон дармекашид ва бо гузашти чанд рӯз ба ҳамсараш чизе нагуфт. Искандар фарзанди ягонаи хонадон буд ва ба қавле «умеди гӯру кафани падару модар»…
Модар то охирин нафас чашм ба роҳи фарзанд буд. Ба марги ӯ бовар надошт, балки умедвор буд, ки ҷигарбандаш рӯзе дари хонаашро мекӯбад. Вале ҳайҳот, ки чунин нашуд. Қисмати талхи фарзанд Бобои Ғоибназарро низ аз пой афтонд. Ӯ бо алам аз дунё рафт ва то нафаси охиринаш дар фироқи Искандар месӯхт.
То кунун наздикон аз ёди Искандар ғофил нестанд. Саҳнаи куштори бераҳмонаи ӯро пеши назар оварда, ашк мерезанд. Вале аз номи некаш ифтихор доранд. Зеро ӯ аз зумраи рӯзноманигороне буд, ки бо қаламу эҷоди волои хеш дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.
 
Фарҳод МАДАМИНОВ,
хабарнигори «Кулябская правда»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2019    №: 97    Мутолиа карданд: 534
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед