logo

иҷтимоиёт

АШКОНИЁН ВА ТАЪРИХИ КУҲАНИ МАРЗБОНӢ

Занҷираи шоҳони Ашконӣ (Гударз, Бежан, Гев) ба ҳамосаи миллӣ роҳ ёфта, пас аз  авлоди Соми Найрам (Сом, Зол ва Рустам) дувумин хонадони бонуфуз маҳсуб мешуданд. Хонадон аз Кашводи зарринкулоҳ ибтидо мегирад ва писараш Гударз – паҳлавони бузург соҳиби 78 писару набера ва дирафши Ковиёнро нигоҳбон буд. Далели фаровон дорем, ки ҳаким Фирдавсӣ аз таърихи шоҳони Ашконӣ бохабар буд ва диловарию фазилати эшонро дар «Шоҳнома» фаровон ёд овардааст.
Ашкониён силсилаи давлатдории юнони (селевки)-ро  шикастанд ва бунёдгузорони Хуросон гардиданд. Аз Ашк  то ба Меҳрдод ва ворисонаш империяе бунёд карданд, ки 500 сол устувор буд.  Онҳо дар 18 подшоҳӣ, аз ҷумла дар Арманистон, Гурҷистон, Агвания (Албанҳо) ҳукумат доштанд. Шоҳони Ашконӣ низоми мукаммали марзбонӣ бунёд ниҳода, худ унвони марзбонро гирифтанд. Волии деҳот Дизпат унвон дошт. Ӯ дар диж менишаст ва заминҳои гирду атрофро нигаҳбонӣ мекард. Сатрап (Шаҳрпат)  нозири вилоят маҳсуб мешуд. Сарвари шаҳрпатҳо Марзбон буд, ки водии паҳновари маъмуриву марзиро идора мекард.
Лашкари Портҳо - сипоҳ хонда ва қисмат мешуд ба пиёда ва савора. Вале нақши асосиро саворагони сабукбор ва вазнинбор ба дӯш доштанд. Дар таърихи куҳан лашкари савораи онон назир надошт. Бо чобукиву чустӣ ва шевотирӣ ҳарос меангехтанд, ки аз табиаташон бармехост.
Юстин навиштааст: «Ҳама ҳолат онҳо саворанд: Дар набард, ба меҳмонӣ рафтан, адои корҳои шахсӣ, хизмати давлатӣ; савора саёҳат мебароянд, дар суҳбат бо якдигар ва ҳангоми тиҷорату машварат рӯи  аспанд». 
Шуҷоату диловарии ин размандагон буд, ки лашкари муназзами юнониёнро торумор ва сершумортарин неруҳои империяи Румро аз байн бурданд. Дар амнияти давлат муҳорибаи Қарҳа (Ҳаррон) аҳамияти калон дошт. Лашкари румӣ беш аз 50 ҳазор бо сарварии Красс ба Порт ҳуҷум овард. Сарлашкари Ашкониён Сурано ки ҳанӯз 30 - сола  набуд, онҳоро имкон дод ба дохили давлат ворид шаванд ва якбора зарба зад. Сурано ҳамонест, ки дар адабиёти Шарқу Ғарб прототипи Рустами достонаш медонанд. Ин муҳориба 9 майи соли 53 то милод рух дод. Нахуст садои нақораҳо дили румиҳоро ба ларза овард ва чун портиҳо чодар аз китф партофтанд, пеши  чашми румиҳо алангаҳои оташ ҷилвагар шуд, ки зиреҳи портиҳо аз фӯлоди зард буд. Чашмонашонро Офтоб дар ин ҷило гирифт ва худро бохтанд румиҳо, - менависад Плутарх.
Дар ин муҳориба 20 ҳазор румӣ кушта, 10 ҳазор ба асорат афтод. Красс бо писараш кушта ва дирафшҳои румӣ сарнагун шуд. Миқдори боқимондаро Сурано ба Рум  роҳнамун кард, то аз тавоноӣ ва неруи  Ашкониён ахбор бубаранд. Бо ҳамин рӯҳи ғарбиён шикаст ва дар ҳазорсолаҳои пасин онҳо ҷуръати ба Шарқ лашкар кашиданро аз хотир бароварданд.
Дар робита ба ин муҳориба дар дафтари Ҷавоҳирлаъл Неҳру аз 26 - уми апрели соли 1932 омадааст: «Дар як номаам аз шикасти румиён дар Ҳаррон ёдовар шудам. Портҳо империяи Селевкро, ки 300 сол ҳукумат дошт, аз миён бурданд. Ҳамонҳо буданд, ки румиҳоро торумор карданд ва минбаъд империяи навзуҳури  Рум ҷуръат надошт, ки ба Шарқ ҳамла кунад».
Дақиқан ҳазор сол баъд И. Сталин ба роҳбурди пайкори Ҳаррон ишора кард. Ӯ ҳамлаи лашкари мусаллаҳу ҷангдидаи Олмонро дар назар дошт, ки ба умқи сарзамин даромада, дар остонаи Маскав меистоданд. Таъкид кард, ки «Портиёни бостон усули зидди чунин ҳамлаҳоро мешинохтанд ва Крассу неруҳояшро ба дохилии кишвар кашонданд ва баъд ба  ҷиддиёт ба ҳамла даст заданд ва ононро нобуд карданд».
Аз ин маълум мешавад, ки  И. Сталин аз таърихи Ашкониён бохабар буд. Дар ин ҷо шубҳае нест, зеро ки Гев ва ворисонаш дар саргаҳи давлатдории  гурҷиҳо меистоданд. Беҳуда нест, ки 9 майро Рӯзи ғалаба баргузид, ки ба ғалабаи Портиён ба румиҳо дар иртибот мебошад.
Ашкониён  (Портиҳо), ки паҳлавонӣ ва паҳлавӣ аз он овон аст, бо тоҷикон қаринтаранд. «Вис ва Ромин»-и Гургонӣ ва достони «Гӯрғӯлӣ» («Пури Гӯр, Гӯрзод») заминаи портӣ доранд.
Ба қавли Клоус Шипман, «дар баробари омили иқтисодӣ ангезаи дигаре дар миён буд, ки онро ангезаи миллӣ метавон номид, зеро Ашкониён султа ва забони юнониро аз миён бурданд ва фарҳанги миллиро ҷойгузини он карданд».
Ҷонибеки АСРОРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 508
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед