logo

иҷтимоиёт

ТАҶДИДИ МУАССИСАИ ТИББӢ ДАР СЕБИСТОН

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва соҳибкорони саховатпеша дар деҳаи Хоҷа  Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара баъди навсозӣ беморхонаи минтақавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносоӣ бо сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷраҳои корӣ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Насим Олимзода ва раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин  ба кори бунёдкорон баҳои баланд доданд.
Тавре сартабиби беморхонаи минтақавии Хоҷа Шақиқи Балхӣ Илҳом Гадоев иттилоъ дод, беморхона ба маблағи 1 миллиону 245 ҳазору 560 сомонӣ таҷдиду тармим гардида, дорои 30 кат, шуъбаҳои таваллуд, амрози дарунӣ, кӯдакона, ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, ҳуҷраҳои бемориҳои чашм, гӯш, гулӯ, бинӣ, дандонпизишкӣ, хатна ва таҳлилгоҳ мебошад.
Дармонгоҳ бо тамоми таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, аз ҷумла  дастгоҳҳои рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ, УЗИ, оксигенҳосилнамо, кардиомонитор ва таҷҳизотҳо барои гузарондани ҷарроҳии хурд таъмин буда, 67 мутахассис соҳиби ҷойи кор гардид.
Чуноне зикр гардид, рӯзи кушодашавии беморхона бист кӯдак ва беш аз сад калонсол аз хизматрасонии ройгон баҳравар гаштанд.
Бояд гуфт, ки муассисаи тиббӣ дар наздикии  шоҳроҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ ҷой гирифтааст ва дар ҳолатҳои  зарурӣ духтурон метавонанд ба ронандагону мусофирон низ фавран ёрии аввалияи тиббӣ расонанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 470
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед