logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. САРВАРЕ, КИ МЕҲВАРИ СИЁСАТАШ СУЛҲ АСТ

Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Оре, ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Барои халқи мо 27 - уми июн, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ ном дорад, воқеан як рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз аст.
22 сол пеш дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи кишвари моро дигаргун сохт.
Зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».
Ин нахустин комёбии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ бикунад. Далели ин садҳо барқияҳое мебошанд, ки ба иҷлосия ва садову симо меомаданду қариб як хел шурӯъ мешуданд: «Аз суханронии аввалини Шумо дар дили мо шуълаи умед фурӯзон гашт...»
Оре, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гарданд. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯз душвориҳои зиёде пушти сар шуданд, вале ниҳоят гавҳари мақсуд ба даст омад.
Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад. Сиёсатмадорону коршиносон ҳангоми суханрониҳо аз минбарҳои гуногун, гуфтушунидҳо, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаву низоъҳои ҳаммонанд, ба кор бурдани нақшаи тоҷикии ҳаллу фасли масъаларо салоҳ медонанд.
Аз ин лиҳоз, идеяи риояи қатъии нигоҳдошти адолати иҷтимоӣ дар ҳама давру замонҳо чун пойдевори бузурги давлатҳо, бахусус давлати миллии мо, дорои зарурати аввалиндараҷа мебошад, ки он дар тамоми суханрониҳову амали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мегардад.
Дар шароити кунунӣ ваҳдати миллӣ дар заминаи таъмини оромӣ ва рушди ҷомеа чун омили муҳим аҳамияти нав пайдо карда, моҳияти иҷтимоию сиёсии он кушода шуда, дар радифи Истиқлолияти давлатӣ, таъмини якпорчагии ҷомеа ва ҳифзи Ватани азиз ва сулҳу суботи ҷомеа, ки арзишҳои муҳим мебошанд, густариш ёфта истодааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд аз ин ғамхории Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар ин раванд пешсафи ҷомеа бошанд.
Ваҳдати миллӣ асоси пойдорӣ ва бақои миллат буда, аҳли ҷомеаро хушбахту комгор месозад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат ваҳдат ва истиқлолиятро ду боли иқболи миллати тоҷик унвон кардаанд.
Маҳз ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардондани онҳо ҳидоят кард. Истеъдоду хиради волои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имкон ба вуҷуд оварданд, ки дар Ватани азизамон - Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ таъмин гардад. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистону тоҷиконро дар арсаи умумибашарӣ тавассути амалҳои наҷиби ватанпарастонаву сурату сирати неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду эътироф менамоянд. Тоҷикистон бо сиёсати сулҳпарварона ва ватандӯстонаи ин шахсияти бузург ба сӯи комёбиҳо ва пешравиҳои бузург устувор қадам мезанад.
Асомуддин АЗИЗОВ, сардори маркази таълимӣ - тренингии
мероси таъриху фарҳанги ориёӣ ва кор бо нашрияҳои даврии
Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2019    №: 115    Мутолиа карданд: 655
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед