logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. САНОАТИКУНОНӢ ДАР РАДИФИ ҲАДАФҲОИ КАЛИДӢ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулон ва роҳбарони идораю корхонаҳои пойтахтро барои ҳалли бетаъхири ин масъалаҳо муваззаф намуд

Вазъи амалисозии барномаҳои давлатӣ, ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бахшҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва  вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди босуръати саноатикунонӣ, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ масъалаҳои муҳимтарине буданд, ки дар иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ дар масъалаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон  таваҷҷуҳи вакилони халқ, масъулон ва роҳбарони сохторҳои дахлдорро ба  иҷрои босифати тадбирҳои тарҳрезишуда ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ноболиғону ҷавонон ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии фурӯпошии оилаҳои ҷавон фаъолиятро пурзӯр созанд, барои боз ҳам боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби ихтиёрии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, инчунин, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва назорати истифодаи дурусти майдончаҳои варзишии тозабунёд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Рустами Эмомалӣ дар робита ба масъалаи вусъат бахшидани раванди ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, масъулон ва роҳбарони тамоми сохторҳои пойтахтро вазифадор кард, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамеша тозаву озода  нигоҳ доштану зебу зинат бахшидан ба шаҳр, ба роҳ мондани  парвариши гулҳои бисёрсола ва мавсимӣ, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ  барои тамоми қишрҳои ҷомеа дар пойтахт тадбирҳои мушаххас андешанд.
Рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, масъалаи меҳварии гуфтугӯи ширкатдорони иҷлосия қарор гирифт. Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулон ва роҳбарони сохторҳои дахлдорро ба масъалаи ба кор андохтани корхонаҳои хусусишуда ва аз фаъолият бозмонда, пешгирии ҳолатҳои бозистию барҳамхӯрии корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо роҳи таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки бояд истеҳсолгарони ватанӣ ҳавасманд гардонда, корҳои таҳияю амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва оғози сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ тезонда шаванд.
Ҳамчунин, вусъати корҳои сохтмонӣ дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ, пайваст намудани бинову иншоот ба хатҳои гармидиҳӣ, беҳтар намудани сифати таъмини биноҳои бисёрошёна бо об ва масъалаҳои дигари хоҷагидории пойтахт мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории пойтахт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки ба истиқболи  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иҷрои корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд таъмин намуда, рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар раванди истеҳсолот, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварии маблағи истифодаи хизматрасониҳои коммуналӣ, пешгирии ҳолатҳои ғасби замин, сохтмони худсаронаи ошёнаҳои иловагӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, беҳтар намудани сифати бунёди роҳҳо, назорати нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ва тозагию зебоии гирду атрофи корхонаву муассисаҳоро мунтазам таъмин созанд.  Намояндагони  ҳифзи ҳуқуқу тартибот барои ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ миёни сокинон ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканию вайронкориҳо дастур гирифтанд.
Зикр гардид, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон дар натиҷаи роҳандозии  тадбирҳои зарурӣ тамоюли мусбати рушди аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ идома ёфта, нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуданд. Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 6 миллиарду 662,3 миллион сомонӣ расид. Суръати воқеии рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6, 7 дарсад афзуда, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 21,2 дарсадро ташкил дод.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2019    №: 136    Мутолиа карданд: 374
27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед