logo

иқтисод

РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. АЗ ДИЛИ ОСИЁ ТО ДОМОНИ АВРУПО

Соҳаи роҳи оҳан яке аз бахшҳоест, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо дастгирию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври густурда рушд намудааст. Маҳз дар ҳамин давра, масирҳои нави оҳан ба самтҳои гуногуни ҷумҳурӣ кушода шуданд. Муҳимтарин қитъаҳои ин роҳ дар мамлакат таъмир ва барқарор гардиданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 1000 километр роҳи оҳан мавҷуд аст, ки мардум ва меҳмонони хориҷӣ аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Садҳо сокини мамлакат дар ин ҷо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд.

Мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар мамлакат бо 6 хатсайр –Душанбе – Москва, Кӯлоб – Москва ва Хуҷанд – Москва (байналмилалӣ) ва Душанбе – Пахтаобод,  Душанбе  –  Бохтар  –  Кӯлоб,  Душанбе – Бохтар – Хушодӣ (маҳаллӣ ) сурат мегирад. Дар ин роҳҳо аз ҷониби корхона бо мақсади тақвият бахшидани содироти маҳсулоти ватанӣ дар хатсайрҳо ҳангоми боркашонӣ дар пардохти ҳаққи роҳкиро  аз 25 то 60 дарсад сабукиҳо муқаррар гардиданд. Аз ҷумла, барои маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30 то 50 дарсад, алюминий 60 дарсад ва  гилхок 10 дарсад тахфиф муайян шудааст.
Мирзоалӣ Комил, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», изҳор дошт, ки нақлиёти роҳи оҳан яке аз самтҳои афзали коммуникатсионӣ дар рушди иқтисоди миллист.
 - Ин бахш барои рушди гардиши савдои хориҷӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад. Соли равон тавассути роҳи оҳани кишвар қариб 2,7 миллион  тонна бор  ва наздики 270 ҳазор мусофир кашонда шудааст, ки назар ба  порсол 3 дарсад зиёд мебошад. Аз ин рӯ, кушодани роҳ ба ҳамаи самтҳо ҳадафи мост. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ қариб 200 километр роҳи оҳан сохтаю таҷдид карда шуд. Ҳоло дар мувозинаи корхона 2058 вагони боркаш, 424 вагони мусофирбар ва 42 локомотив мавҷуд аст. Танҳо давоми нимсолаи аввали соли равон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори техникии соҳа дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  64 вагони  мусофиру боркашонӣ аз таъмири асосӣ ва 598 вагон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.  Шароитҳои фаровони фароҳамомада ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ, гардиши бор ва мусофирбарӣ мусоидат намуданд, - гуфт ӯ.
Роҳбарияти корхона ҷиҳати рушди соҳа дар кишвар ва рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста чораҷӯӣ менамояд. Аз ҷумла, барои навсозии паркҳои вагону локомотивҳо ва қитъаҳои роҳ кормандони корхона шабу рӯз софдилона меҳнат менамоянд. Аз ҷониби вазорат ва корхонаи номбурда барои навсозии парки вагонҳои мусофирбару боркаш лоиҳаи сармоягузории «Оид ба харидорӣ намудани 1000 вагони боркаш ва 30 мусофирбар» таҳия гардида, барои муаррифӣ ва дарёфти маблағгузорӣ ба шарикони рушд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардидааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2019    №: 157    Мутолиа карданд: 920
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед