logo

иҷтимоиёт

ТАҲСИЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ХИТОЙ

Имсол боз зиёда аз 30 нафар ҷавонони вилояти Суғд бо маблағгузории ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба Хитой сафар мекунанд.  

Ҷиҳати омода кардани мутахассисони соҳаи коркарди маъдани кӯҳӣ соли сеюм аст, ки ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой», воқеъ дар шаҳраки Зарнисори вилояти Суғд, теъдоди муайяни ҷавононро дар заминаи озмун ба муассисаҳои гуногуни зинаи таҳсилоти олии Хитой, аз ҷумла донишгоҳҳои шаҳри Пекин, СиБей, СИАН, ВуХан мефиристад. Феълан, дар маҷмӯъ, наздики сад нафар аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Мастчоҳ  дар маъруфтарин донишгоҳҳои ин кишвар соҳиби тахассусҳои басо зарурӣ дар соҳаҳои маъдани кӯҳӣ,  молия ва идоракунии истеҳсолоту тарҷумонӣ мешаванд.
- Бо назардошти  зарурати омода намудани мутахассисон дар самти истихроҷу коркарди маъдан ва фаъолияти муҳандисӣ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ давоми се соли охир ширкат  барои таҳсили ҷавонони кишвар дар донишгоҳҳои Хитой зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст ва ин раванд солҳои баъдӣ низ идома хоҳад ёфт, - мегӯяд  У Чун Куй, муовини директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой». - Хитой дар талоши доимӣ буда, манфиатдор ҳам мебошад, ки дар ҳайати идоракунӣ ва муҳандисии ширкат мутахасисони маҳаллӣ  афзун шаванд .
Имрӯз «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» зиёда аз 70 дарсади маҷмӯи истеҳсоли соҳаи саноати шаҳри Гулистонро таъмин карда, солҳои баъди истихроҷи маъданро то ба 4 миллион сомонӣ хоҳад расонд. Табиист, ки дар ин ҷода бояд  саҳми мутахассисони маҳаллӣ назаррас гардад.
- Агар дар ду се соли аввали фаъолияти корхонаи муштарак дар ҳайати маъмуриву муҳандисии он мутахассисони соҳибтахассусу маълумоти олидори маҳаллӣ сабт нашуда бошад, ҳоло, пас аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ба тайёр намудани мутахассисони соҳа аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ бевосита дар донишгоҳҳои тахассусии кишварҳои хориҷӣ татбиқи худро пайдо карда истодааст. Феълан, дар ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» теъдоди онҳо аз 50 нафар гузаштааст, - бо қаноатмандӣ таъкид мекунад Раҳматҷон Мадаминов, сардори бахши кадрии корхонаи мазкур. - Дар сурати идома ёфтани иқдоми мазкур, солҳои наздик саҳми идоракунии корхона ва истеҳсолот аз ҷониби ҷавонони маҳаллӣ то ба 25 - 30 дарсад хоҳад расид.
Гуландом Маҳмудова соли 2006 ҳамроҳи аҳли оилаашон аз ноҳияи Восеъ омада дар шаҳри Бӯстон муқимӣ шудаанд. Аз кӯдакӣ ба забони чинӣ мароқ зоҳир карда, баъди анҷоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Институти Конфутсийи назди Донишкадаи металлургӣ - кӯҳӣ давоми се сол бо таври комил забони хитоиро омӯхт. Ҳоло озод гуфтугӯ карда метавонад. Тасмим гирифтааст, ки акнун ба кишвари Хитой сафар карда, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи шаҳри Пекин дар бахши  идоракунии истеҳсолот таҳсил намояд.
- Даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба мутахассиси арзанда будан дар соҳоти муҳими хоҷагии халқи мамлакат самимона пазируфтаам ва ҷиддӣ тасмим дорам, ки бо азхуд кардани донишҳои муҳими иқтисодии замони муосир дар пешрафти иқтисодиёти Ватани азизам саҳм гузорам, - мегӯяд Гуландом Маҳмудова.
Мирзораҷаб Боқизода аз ноҳияи Мастчоҳ, Ҷасурбек Назарматов аз ноҳияи Ашт, Мавзуна Нурова аз шаҳри Кӯлоб, дар маҷмӯъ 33 нафар бо интихоби тахассусҳои гуногуни бахши иқтисодиёт, истихроҷ ва коркарди маъдан, идоракунӣ ва тарҷумонӣ дар донишгоҳҳои  мамлакати бузурги ҳамсоя таҳсил хоҳанд кард.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2019    №: 183    Мутолиа карданд: 456
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед