logo

номаҳо

ДАР РӮЗҲОИ ДУШВОРАМОН ТАНҲО НАБУДЕМ

Ман Ғиёсова Муҳаббат, модаркалони Аниса Насимзода мебошам.  Аниса, набераам, духтарчаи 13 - сола дар гимназияи №2, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таҳсил мекунад.  28 августи соли ҷорӣ дар садамае, ки дар роҳи оҳан бо ӯ рух дод, ҷароҳати вазнин бардошт. Дар ҳолати  хунравии зиёд ӯро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ»  ба шуъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри  Бӯстон оварданд. 
Дар ин ҷо зуд ёрӣ расонданд. Духтуроне, ки   барои ҷарроҳӣ  намудан аз беморхонаи клиникии  №1, шаҳри Хуҷанд даъват шуда буданд, зуд расида омаданд. Гурӯҳи духтурон - мудири шуъбаи бачагонаи ин беморхона Мухтор Деҳқонов, ҷарроҳи бачагона Файз Нуров, духтури шуъбаи бемориҳои сӯхта Нуъмонҷон Дадохоҷаев, мудири шуъбаи шарёни дили беморхонаи кардиологии шаҳри Хуҷанд Ориф Пӯлодов, духтурони беморхонаи шаҳри Бӯстон -  Насим Яҳёев, Абдукарим  Раҳматов, Камолиддин Муллоев, Олим Карамов ва ҳамшираҳои тиб  Гуландом Почоева, Волида Саримсоқова 4 соат  ҷарроҳӣ гузаронда, набераамро аз марг наҷот доданд. Ҳоло ӯро духтурони беморхонаи шаҳри Бӯстон Олим Карамов, Яҳё Юнусов, Фирдавс Маликов, духтури бачагона Насим Яҳёев ва духтури беморхонаи Хуҷанд Мухтор Деҳқонов муолиҷаи интенсивӣ  намуда истодаанд. Мухтор Деҳқонов  ҳар рӯз аз шаҳри Хуҷанд омада, худашон малҳамбандӣ мекунанд. Табибон набераамро барои ҷарроҳии аутодермопластикаи озод (аз  ҷои сиҳати бадан кӯчонида ба ҷои захм часпондани пӯст) омода карданд ва 16 сентябр боз як ҷарроҳии дигар гузаронданд. Ҳоло саломатии Аниса беҳтар шуда истодааст. 
Ба ҳамаи ин табибон изҳори сипос менамоям.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода, ба сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух  Мақсудзода, сардухтури беморхонаи шаҳри Бӯстон Умед Абдуллоев, ба ҳайати духтурону ҳамшираҳо, кормандони ин беморхона изҳори миннатдорӣ мекунам. Дастгирии онҳо буд, ки ба Аниса зуд, ба таври фаврӣ  ҳама гуна ёрии тиббӣ расонда шуд. Ба равоншинос Муҳаррама Раҳимова ташаккур мегӯям, ки барои бардоштани рӯҳи Аниса заҳмат кашиданд. 
 Директори гимназияи №2, шаҳри Бӯстон Ибодулло Зубайдуллозода, ҳайати муаллимону талабагони  ин гимназия дар рӯзҳои душвортарин барои оилаи мо ҳамроҳамон буданд. Аз Фонди рушди Тоҷикистон ва намояндаи он Таҳмина Бобоҷонова, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд барои кумакашон миннатдорам. Аз оилаи Иброҳимовҳо, Аминовҳо, Баротовҳо, Нигоровҳо, аз Муътабар Ваҳҳобова, Татяна Ашӯрова, Фотима Сатторова ва даҳҳо дигарон, ки ба ёриву дастгирии мо шитофтанд, сипосгузорам.  
Муҳаббат ҒИЁСОВА, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2019    №: 196    Мутолиа карданд: 4261
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед