logo

ҳуқуқ

МАҲКУМШУДАГОН. МАНФИАТҲОИ ҚОНУНИИ ОНҲО ҲИФЗ МЕШАВАНД

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) нахустин Анҷумани пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар ҷараёни форум намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар маҷмӯъ ҳудуди 150 нафар намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин, коршиносон аз ҷумҳуриҳои Норвегия, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки баргузории чорабинии мазкур аз таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии кишвар ба масъалаҳои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Бо мақсади иҷрои тавсияи мақомоти оинномавии СММ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 “Барномаи ташкили меҳнат, рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020” тасдиқ гардид, ки бо мусоидати молиявии шарикони рушд бо маром татбиқ шуда истодааст.
Мансурҷон Умаров, муовини вазир - сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Вазъи имрӯзаи фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карда, иброз дошт, ки фаъолияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва воҳидҳои сохтории он ҳамчун мақомот ва муассисаҳои махсуси давлатӣ, ки пешбарандаи сиёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҷумҳурӣ мебошанд, зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагонро эҳтиром ва ҳифз менамояд, шароити муқаррарнамудаи қонунро ҷиҳати адои ҷазо, кафолати адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ, таъмин менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 муассисаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 13 муассисаи ислоҳӣ ва 6 тавқифгоҳи тафтишотӣ мебошанд. Аз ҷумла, 1 муассисаи ислоҳии занона, 1 тарбиявӣ барои адои ҷазои ноболиғон ва 1 муолиҷавӣ.
- Таҳлилҳо нишон доданд, ки маҳкумшудагони фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ - экстремистӣ аз ақидаҳои нопоки худ даст накашидаанд. Дар ин ҷода, бо мақсади таъсиррасонии тарбиявӣ ба онҳо нақшаи алоҳидаи мақомот дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ шуда, тибқи он гурӯҳи корӣ фаъолият карда истодааст. Мувофиқи мақсад аст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувор ва таъмини амнияти муассисаҳои ислоҳӣ, амалӣ намудани сохтмони муассисаи ислоҳии навъи камеравӣ ва дар он ҷойгир намудани ҳамаи маҳкумшудагоне, ки шомили гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ буданд, муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ҳолати амалӣ намудани сохтмони муассисаи ислоҳии навъи камеравӣ ҳамаи масъалаҳои ташвишовари бамиёномада ҳалли худро ёфта, амнияти кормандон ва бехатарии нигоҳдошти маҳкумшудагон таъмин гардида, ҳолатҳои ба вуқӯъ омадани бетартибии оммавӣ, сӯиқасди куштор ва аз ҳама муҳим тарғибу ташфиқи ақидаҳои ифротгароӣ ва ҷалби дигар маҳкумшудагон пешгирӣ мегардад. Чунин намуди лоиҳа бо назардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст, - гуфт М. Умаров.
Тавре ба ҳамагон маълум аст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25 - умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро ба имзо расонданд.
Ба иттилои Мансурҷон Умаров дар доираи татбиқи қонун аз муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмӯъ 10 277 нафар маҳкумшуда аз адои боқимондаи ҷазо озод шуд, ки аз инҳо 288 нафар зан 149 ноболиғ, 858 нафар аъзои равияҳои экстремистӣ ва ғайраҳо мебошад. Инчунин, то имрӯз нисбат ба зиёда аз 6100 нафар маҳкумшуда қонуни мазкур дар қисмати кам намудани муҳлати ҷазо татбиқ шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҳоло ки зиёда аз 90 дарсади маҳкумшудагон қобили меҳнат буда, сатҳи бо меҳнат фарогирии онҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба ҳисоби миёна 20 дарсадро ташкил медиҳад. Зиёда аз 80 дарсади маҳкумшудагон бошанд бинобар мавҷуд набудани кори доимӣ, мутаассифона, ба кор ҷалб карда намешаванд.
Бо ин мақсад дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ “Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020” қабул ва мавриди корбарӣ қарор дорад. Дар шароити қабул ва татбиқи чунин барнома айни муддао буда, дар ҳолати ба меҳнат ҷалб гардидани маҳкумшуда ва ба даст овардани касби муайян мусоидат барои ислоҳшавӣ, расондани кумакҳои молиявӣ ба оила, пардохти зарари расондаи онҳо аз ҷинояти содирнамуда, пешгирии содиршавии ҷинояти нав ва ҳамчун шахси солим ба ҷомеа баргаштан замина фароҳам меорад.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 485
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед