logo

фарҳанг

МУҲАММАД ҒОИБ САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БА НОМИ ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов қадр гардид.  Ӯ дар ҳоле аз ин паёми фараҳбахш огоҳ шуд, ки ҳамчун аъзои ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳузур дошт. 
- Устоди азиз, медонем, ки ба ҷуз аз навиштани шеърҳои баландғояву пурмуҳтаво,  асарҳои саҳнавӣ, қиссаву ҳикояҳои пурмазмун, инчунин, филмномаҳо низ иншо мекунед. Паёми хушро чӣ гуна пазируфтед?
- Албатта, хуб ва бо шодмонӣ. Яке аз дӯстонам, ки табиб аст, занг зада, ба ман гуфт, ки дар шабакаи аввал соҳибҷоиза шуданатро эълон карда истодаанд. Бо каме нобоварӣ, ки шояд лутфи ошноён бошад, ба сомонаҳои ВАО ворид шудам. Пас аз он зангҳои телефонӣ лаҳзае маро ором нагузоштанд.
- Дар ҷавоб Шумо чӣ мегуфтед?
- Барои шоир муҳимтарину муқаддастарин ҷоиза эътирофи мардум ва дар коғаз боқӣ мондани осори ӯст. Кош ин ҷоизаҳо ба шеърҳои мо умри ҷовидона бахшида метавонистанд. Дар олам кам нестанд касоне, ки соҳиби ҷоизаву унвонҳо шудаанд, аммо имрӯз осорашонро камтар касон мехонанду медонанд. Ҷоизадорон Рӯдакиву Хайёму Бедилу Соиб буданд, ки номашон дар дилҳо бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст. Банда вақте унвони Шоири халқии Тоҷикистонро гирифтам, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро низ соҳиб шудам, миёнамро боз ҳам маҳкамтар бастам, ки ранҷу машаққати зиёди эҷодӣ дар пеш аст.
- Аксари мухлисон донистанианд, ки Шумо ин ҷоизаро бештар барои кадом хидматҳоятон сазовор шудаед?
- Дар ҳама бахшҳои санъату адабиёт худро санҷидаам. Дар силсилафилми «Дар чашми бод» нақши сафири шӯравиро бозидаам, солҳои 90 - уми асри сипаришуда китоби бачагонаи ман - «Савғо» бо забони русӣ 30 ҳазор нусха нашр шуд. Шеърҳоям дар ҷаридаи «Молодая гвардия», ки аз маъруфтарин нашрияҳои давр буд, дар баробари 5 шоири машҳури шӯравӣ интишор ёфтанд, ашъорам бо хати форсӣ дар Эрону Афғонистон низ чоп шуд ва тоҷикони бурунмарзӣ бо иқдоми хеш китоби маро бо номи «Ганҷи обоварда» ба табъ расонданд. Чанд драмаи маро дар саҳнаҳои Эрон ва Ироқ намоиш доданд. Зиёда аз сесад шеърам суруд шуда, дар хазинаи тиллоии садову симост. 150 шеърам ба мавзӯи Ватан бахшида шудааст, аммо васфи ин сарзаминро гӯё заррае ҳам нагуфтаам. 
- Воқеан, аҷиб. Дар бораи ҳунарманди кино буданатон бори аввал мешунавем…
- Дар силсилафилми «Дар чашми бод» ҳамроҳи Ҳабибулло Абдураззоқов, Қурбони Собир ва ҳунармандони миллатҳои дигар нақш офаридаам. Филмноманависӣ аз шавқи беандозаам ба олами синамо шурӯъ мешавад. Лаззати ҳунарнамоиро чашидаам, ки менависам.
- Пеш аз Шумо Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро кӣ дарёфт карда буд?
- Ҷоиза соли 2012 таъсис ёфтааст. Пеш аз ман шоири шаҳири қазоқ, шахсияти барҷаста Олҷас Сулаймонов гирифта будааст. Боварам бар он афзуд, ки адабиёт ҳоло ҳам аз неруҳои муҳимтарин ҷиҳати тарбияи банӣ башар аст. Сухани созанда дер ё зуд роҳи худро меёбад, танҳо сидқу ихлос ва заҳмати шабонарӯзиро дареғ набояд дошт.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

Ёддошт: Тавре ки «Ҷумҳурият» хабар дода буд, ҷоизаи бонуфузи шоирро дар доираи ҷаласаи 50 – уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки рӯзҳои 21 - 22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт - Петербург гузашт, аз номи аҳли зиёи тоҷик Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев пазируфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 554
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед