logo

фарҳанг

"БЕҲТАРИН ШЕЪРИ БАЧАГОНА". ОЗМУНЕ, КИ МАСЪУЛИЯТАМРО АФЗУД

Озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» аз тарафи мардуми фарҳангдӯсти кишварамон қобили таҳсину офарин дониста шуд. Он дар роҳи бою рангин гардондани адабиёти бачагона ва дарёфту тарбияи эҷодкорони нав таъсири мусбат расонда, аҳли эҷоди кишварро ба гузоштани гомҳои устувор дар ин ҷода ҳидоят менамояд.
Баъд аз воқиф шудан аз ин озмун се шеър: ”Ҷиҳози худкор”, “Баҳси дугонаҳо” ва “Кулчаи ширӣ”-ро пешниҳод намудам. Ба нашр расиданд. 
Ба ростӣ, ноумед набудам. Боварӣ доштам, ки аз ин се ҷой якеаш насиби ман хоҳад гашт. Вале, тамоман чашмдор набудам, ки соҳиби Шоҳҷоиза мегардам.
Рӯзе, ки ба ман аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” занг зада гуфтанд, ки ҷамъбасти озмун дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, шодиамро ҳадду канор набуд. Андешаи тамошои шаҳри зебоманзар, вохӯрӣ бо аҳли адаб қалбамро лабрези шодию сурур менамуд.
Субҳи 20 ноябр ба бинои “Шарқи Озод” омадам. Дар ин ҷо чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, шоирон Гулназар, Камол Насрулло, Латофат Кенҷаева, Абдулқодири Раҳим, Абдусаттори Раҳмон ва Раҷаби Мусулмониёнро дидам.
Корвони мошинҳо соати ҳафти субҳ ба сӯи вилояти Суғд роҳ пеш гирифт. Дар ноҳияи Варзоби шуҳратёр, ки варзобиён бо меҳру муҳаббати зиёд, савту навои дилошӯб моро пазироӣ намуданд, хӯроки субҳона хӯрда, аз нав ба роҳ баромадем.
Сармаст аз тамошои манзараҳои дилфиреби Ватан ва лутфи шеъру сухан ба шаҳри Истаравшан расидем. Истаравшаниҳо моро бо нону намак ва карнаю сурнай пешвоз гирифта, барои хӯроки нисфирӯзӣ даъват намуданд. Дар ин муддат аз суруду таронаҳои фарҳангиёни истаравшанӣ баҳра бардоштем. Дар ин ҷо бо шоира ва нависандаи истаравшанӣ Раънои Сафарзод, ки ба бахти мо масъулияти пазироии меҳмононро бар уҳда дошт, ошно шудем. Аз забони худи шоира шеърҳояшро шунидем.
Нимаи дуюми рӯз ба меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд омадем. Он хеле зебо ва пазироии мизбонон бениҳоят хушоянд буд.
Рӯзи дигар баъди наҳорӣ ба Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ омадем. Толор, аллакай, пур аз аҳли адаб, фарҳанг, омӯзгорон ва мактаббачагони хушсарулибос буд. Чорабиниро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт ва ҳозиринро бо муҳтавои ҷамъомад ошно намуд. Вақте ки бахши эълон намудани ғолибони озмун фаро расид ва “Шоҳҷоизаи озмун ба Ҷумъагули Назар дода мешавад” гуфтани раиси вилоят аз баландгӯяк садо дод, ҳиссиёте маро фаро гирифт, ки гуфтаву навишта наметавонам. Бо ҳамин ҳиссиёт ба минбар баромадам ва “Диплом” - у Шоҳҷоизаро аз дасти ӯ гирифтам. Аҳли толор чапак мезаданд.
Ман бо тамоми ҳастӣ ин гӯшаи Тоҷикистони азизам – вилояти Суғдро бо мардуми фарҳангӣ ва меҳмоннавозаш, бо хоки шоирзоаш, бо гулу гиёҳи шифобахшу табиати афсункораш бештар дӯст доштам. Маҳз дар ин вилоят рӯйдоде дар ҳаёти ман ба вуқӯъ пайваст, ки бар дӯшам масъулияти зиёдеро мегузорад ва ман бояд кӯшиш намоям, ки ба ҳама ин эҳтирому қадрдонӣ сазовор бошам. Дар охир ба аҳли қалами  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори ташаккур менамоям.

Ҷумъагули НАЗАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 989
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед