logo

фарҳанг

СУҒД. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Имсол бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи таърихӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба тасвиб расид.

Баҳри татбиқи амалии амри мазкур китобдорони вилояти Суғд таҳти назорату роҳбарии маъмурияти китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷаи Асирӣ, ки сарварии онро номзади илмҳои филология, адабиётшиноси шинохтаи кишварамон Баҳром Мирсаидов ба уҳда дорад, шурӯъ аз 10 - уми феврали соли ҷорӣ, баробари ташкили гӯшаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар китобхонаҳо, гурӯҳҳои алоҳидаеро дар ҳайати китобдорони ботаҷриба таъсис дода, мақсади ташкилу баргузории озмунро ба аҳолӣ фаҳмонданд. Дар ин самт фаъолияти ҳафт гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии китобхонаи вилоятӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд барои китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд намунаи ибрат буд ва фаъолияти ҳар як гурӯҳ тавассути сомонаи китобхонаи мазкур (www.asiri.tj) инъикос гашт. Ин тадбирандешии китобдорон буд, ки тибқи «Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмун аз рӯи чаҳор номинатсия дар деҳоту шаҳрак, ноҳияву шаҳрҳои вилояти Суғд дар сатҳи хеле баланд доир гашт.
Мувофиқи иттилооти китобхонаи вилоятӣ санаҳои 15 – 29 - уми июн даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоати шаҳраку деҳот ва 6 – 30 - юми июли соли ҷорӣ даври дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардиданд. Дар даври шаҳриву ноҳиявӣ 1059 нафар ғолиби даври аввал ширкат дошт. Аз буҷети мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои давраи дуюми озмун ҷамъан 116 255 сомонӣ ҷудо гардид. Тибқи муқаррароти баргузории озмун ба даври вилоятӣ 90 нафар ғолиби даври дуюм  даъват шуд ва  дар толори Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури ҳайати бонуфузи ҳакамон барои ба даст овардани пирӯзии навбатӣ донишу маҳорати худро нишон доданд. Ба ҳайати ҳакамон Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд, Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Фарзона ва Камол Насрулло, шоирони халқии Тоҷикистон ва дигар шахсиятҳои шинохтаи кишвар шомил буданд.
Нафарони дар даври вилоятӣ ширкатнамударо олимон, докторантон, магистрантон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, китобдорон, донишҷӯён, хонандагон ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа ташкил медоданд. Донишу маҳорати довталабон аз рӯи меъёрҳои шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асосӣ ва баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар, таассурот аз хондани осор санҷида ва баҳогузорӣ шуд.
Тибқи қарори комиссияи баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» 13 нафар ғолиби озмун аз рӯи ишғоли ҷойҳо дар чаҳор номинатсия бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда шуд. Мутобиқи қарори ҳайати ҳакамон шоҳҷоиза насиби Моҳрӯ Қурбонзода, магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, гардид. Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик Осими Оқил,  мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, Ҳадятулло Бобоев, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва  Азиза Заҳурзода, хонандаи синфи 10, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6, ноҳияи Мастчоҳ, ғолиб дониста шуданд. Рухшона Норова, хонандаи синфи 7, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34, шаҳри Панҷакент, Фаридун Ёқубов,  хонандаи синфи 9, гимназияи № 2, шаҳри Истаравшан ва  Фарангис Мамадҷонова,  хабарнигори рӯзномаи «Шуҳрати Ашт», бошанд, дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик дастболо шуданд. Ҷойҳои аввалро дар номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ Зебунисои Азизиён,  хонандаи синфи 6, гимназияи № 2, ноҳияи Деваштич, Лайло  Қӯзибоева, хонандаи синфи 4, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8, шаҳри Хуҷанд ва Таййибаҳ Шарофиддинова, хонандаи синфи 9,  мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, ба даст оварданд. Дар номинатсияи  аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон Асламбек Алибеков, хонандаи синфи 9, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6, шаҳри Панҷакент, сазовори ҷои якум, Манижа Воситзода, донишҷӯи факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, сазовори ҷои дувум ва Гулнозаи Шукрулло,  хонандаи синфи 10, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31, ноҳияи Айнӣ, сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.

А. ҚАЛАНДАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2019    №: 231    Мутолиа карданд: 1014
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед