logo

номаҳо

ДУШАНБЕ ШАҲРИ ОРЗУҲО

Душанбе шаҳри орзуҳои ҷавонии ман аст. Инак, баъди дуриҳо ба дидораш омадам, чунки дар як гӯшаи  дури кӯҳистон пазмон ва дар орзуи дидораш будам. Ростӣ, хаёл надоштам ба олами афсонавие меафтам. Сад дар сад дигар шудааст Душанбе.
Замоне роҳбари вақти Шӯравӣ Л. И. Брежнев ҳангоми боздидаш  ба атрофиён  шӯхиомез гуфтааст «Душанбе эта не город, а большой кишлак». Аммо, ростӣ, Душанбеи имрӯз шаҳри афсонавист…
Дар ташаккули симои шаҳр хидмати Х. Маҳмадназаров, М. Икромов барин шаҳрдорон боиси ситоиш аст. Боиси шодмонист, ки Рустами Эмомалӣ тавонист ормонҳои ин шаҳрдоронро рустамона рӯйи кор орад ва Душанберо гулшаҳр намояд. Кори нек, меҳнати некро ситоиш бояд кард.
Симои имрӯзаи Душанбе  маро ба ҳайрату ҳаяҷон овард. Душанбе ба таври афсонавӣ тағйир ёфтаасту рушд кардааст. Фаъолияти шаҳрдории Рустами Эмомалӣ бояд барои тамоми шаҳрдорон намунаи ибрат бошад, чунки бархе шаҳрдорон ақалан барои тозагии шаҳрашон хизмат намекунанд. Дарахтонро об намедиҳанд, гулҳо ношукуфта пажмурда мешаванд, ҳазорон бех дарахт шинонда онҳоро мехушконанд. Бо чашми худ дидам, ки Рустами Эмомалӣ хидмати шоистае кардааст барои ободии Душанбе.
Душанбе ба мулки таърих чун гулшаҳр дохил мешавад. Замоне агар Бухоро чун пойтахти Давлати Сомониён шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда бошад, ҳоло Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфтааст.
Қадам мезанам дар кӯчаҳои  гулпӯши Душанбе, дида медӯзам ба ҳар навигарии ону ҳайратам афзун мешавад. Месазад имрӯз дар бораи Душанбе васфнома навишт, чуноне ки замоне устод Лоиқ «Ушоқи Душанбе» - ро навишта буд. Боғҳои Айнӣ, Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Алишери Навоӣ инсонро ба ваҷд меоранд. Оромгоҳи Лучоб рӯҳи бузургони миллатро поянда медорад.
 Душанбе хонаи умеди миллонҳо тоҷик ва форсизабонони дунё ва қадамҷойи бузургони миллат С. Айнӣ, М. Турсунзода, Б. Ғафуров аст. Шаҳрдори ҷавон ҳар як кӯчаю хиёбону шоҳроҳро навсозӣ карда, биноҳои боҳашамат  ва қасру кӯшкҳо офаридааст. Зинда бош, Душанбе - хонаи умеди тоҷикону Тоҷикистон.  

Х. САФАРЗОДА, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 3367
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед