logo

туризм

БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ

Сайёҳии фарҳангӣ миёни дигар намудҳои туризм мақоми хоса  дошта, таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Зеро он  аз усулҳои маъмултарини ошноӣ бо таъриху фарҳанги дигар халқиятҳо мебошад. Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳангӣ бой буда, онҳо иқтидори асосии сайёҳии кишвар ба ҳисоб мераванд. Ҷашну маросимҳо, касбу ҳунарҳои миллӣ ва  мероси фолклории тоҷикон гуногунрангу нотакрор буда, халқи тоҷик тӯли таърих тавонист онҳоро ҳифз намояд.
Иду ҷашнвораҳо  ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги мардум дар ин миён нақши боризу ҳалкунанда доранд. Идҳо вазифаҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз қабили ташаккули умумияти одамон, ҷаҳонбинӣ, рӯ овардан ба арзишҳои ахлоқӣ, афзалиятҳои эстетикӣ  ва ғайраро доранд.
Дар таъриху фарҳанги мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу гиромӣ нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин,  арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон мебошад.
Таърихи Наврӯз аз умқи қарнҳо сарчашма мегирад. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки Ҷамшеди   Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Мардуми шарафманд ва фарҳангпарвари тоҷик Ҷашни Наврӯзро ҳамчун мероси гаронмоя ва арзишмандтарини ниёгони хеш гиромӣ доштаанд ва ҳамасола онро бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Наврӯзи бостонӣ дар баробари ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардуми эронитабор буданаш, сокинони баъзе аз манотиқи сайёраро бар канор нагузошт ва онҳо низ ин иди фархундаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Аз ҷумла, қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ, давлатҳои Кафқоз, Ҳинду Покистон, Араб дар миёни унсурҳои фарҳанги миллии хеш барои Наврӯз ҷойи намоёнеро муносиб донистаанд.
Марселиус, бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён  ба Эрон сафар кардааст, худ шоҳиди Ҷашни Наврӯз будааст. Ӯ дар  сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рӯзи Ҷашни Наврӯз духтарону занон бо либосҳои абрешимии обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба  пойкубӣ ва рақс мепардозанд. Дар толори салтанатии  кохи Нигористони Анӯшервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши заминаш сафед ва як қитъаи муайян ба  ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин  фарш манзараи баҳору табиатро мемонад». Аз дидаву шунида ва бардоштҳои бозаргони румӣ Марселиус бармеояд, ки Ҷашни Наврӯз ҳанӯз дар давраҳои пешин шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда будааст.
Ҳамин аст, ки 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор дар бораи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз ба тасвиб расид. Дар он гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шавад.
Оину суннатҳои наврӯзӣ аз қабили «Гулгардонӣ», «Ҷуфтбаророн», «Фолгирӣ», «Хонабуророн», «Чаҳоршанбесурӣ», «Обрезон» манзалату арзиши наврӯзи бостониро дучанд намуда, ҷилои тоза мебахшанд. Хосатан, ин оину суннатҳо ифодагари тамоми паҳлуҳои ҳаёту зиндагии мардуми мо маҳсуб меёбанд.
Чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ ва варзишии марбут ба Наврӯз дар баробари чорабиниҳои мухталифи ҷаҳонӣ, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳон ҷиҳати иштирок ба онҳо ташриф меоранд, метавонанд барои рушди сайёҳӣ дар мамлакат заминаи хубе бошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон ҷиҳати иштирок дар   идҳои миллии  мамлакатҳои гуногун аз қабили Патрикаи муқаддас дар Лондон (Британияи Кабир), Ҷашнвораи фарҳангҳо дар Берлин (Олмон), Шоу Romanza – ид дар болои ях дар Вена (Австрия), Иди  Лас Файяс дар Валенсия  (Испания),  Муҳорибаи афлесунҳо дар Иврея (Италия), Карнавал дар Рио-де-Жанейро (Бразилия), Фестивали гулҳо дар Багио (Филиппин) ташриф оварда, бо ин васила бо анъанаву фарҳанги сокинони ин мамлакатҳо ошноӣ пайдо мекунанд.
Бо назардошти ин нукта, ширкатҳои сайёҳии ватаниро мебояд дар мавриди ташкили хатсайрҳои туристии идона дар мавсими баргузории чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Барои пешниҳоди Наврӯз ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ дар бозори туристии ҷаҳонӣ зарурати барномарезии ягонаи умумимиллии таҷлил аз Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, тарғиби пайвастаи  хизматрасониҳои фароғатию фарҳангӣ дар доираи баргузории Иди Наврӯзи байналмилалӣ, сайрҳои нақлиётӣ ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ ва амсоли инҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаи ҷаҳонии интернет дар шакли тоза ва нав ба миён омадааст. Зеро Наврӯз, дар баробари дигар ҷашну маросимҳои миллии мардуми мо, як навъ пули устувори робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ миёни халқу миллатҳои сайёра мебошад.

Фазлиддин ҚОДИРОВ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат,
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2020    №: 58    Мутолиа карданд: 2683
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед