logo

туризм

ЛАХШ МАКОНИ САЁҲАТИ КӮҲНАВАРДӢ, ШИКОР, ЛИЖА ВА ВЕЛОСИПЕДРОНИСТ

Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019 – 2021) барои таъмини рушди сайёҳӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш тадбирҳои муҳим андешидааст. Бояд зикр намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ, табиати ноҳия хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ тараққӣ намояд.
Лахш яке аз ноҳияҳои назаррабои кишвар буда, дар баландии зиёда аз 1700 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва беш аз 95 дарсади ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш Хуршед Икромов, бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 марти соли 2019, № АП – 1176 «Дар бораи нақша – чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо қарори раиси ноҳия нақша – чорабиниҳо қабул гардид, ки баҳри таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Пеш аз ҳама, ҷиҳати муйян намудани имкониятҳои мавҷуда барои ташкил ва рушди сайёҳӣ таҳия намудани маводи иттилоотию сайёҳии ноҳия, тарғиби васеи манзараҳои зебо корҳои муайяне ба анҷом расиданд.
Дар бораи минтақаҳо, шароиту имкониятҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ аз тарафи масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумотномаи махсус таҳия гардида, дар сомонаи расмии ноҳия сабт гашт.
Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» маълумотҳо дар бораи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия нашр гардиданд. Ҳафтаномаи «Паёми Ҷиргатол» китоби махсус бо номи «Лахши неъматбахш» ба чоп расонд, ки дар он дар бораи мавзеъҳои сайёҳию таърихии ноҳия маълумот оварда шудаанд. Маълумоти иттилоотӣ дар бораи осоишгоҳи «Тандиқул», ки дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар яке аз дарраҳои зебо ҷойгир аст ва бо оби гарми шифобахшаш машҳур аст, дар сомонаи электронии алоҳида ҷойгир мебошад.
Оби он барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод давобахш мебошад. Оби чашма аз таги замин фаввора зада мебарояд ва 95 дараҷа гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз он чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки ба ҳар шахс ҳаловати тоза мебахшад. Мавзеи Тандиқул зебову дилфиреб ва афсонавӣ буда, диққати садҳо сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб менамояд. Бо ҷалби соҳибкорон 7 меҳмонхона ва 5 ошхона сохта шуд. Дар мағозаҳо гӯшаҳои намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунари дастиии мардум ташкил гардид, ки меҳмонони дохилию хориҷӣ аз дастранҷи ҳунармандон баҳра мебардоранд.
Дар самти дастгирии соҳибкории сайёҳӣ дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфт. Аз ҷумла, ширкати сайёҳии «Алтин – мазор» ба шикор, ширкати сайёҳии «Арча – сайр» ба шикору лижаронӣ ва дучархаронӣ сайёҳонро ҷалб менамоянд.
Дар деҳаҳои Қалъаи Занкон ва Ҷаилған ошхонаҳои замонавӣ ва меҳмонхонаву бунгоҳҳои тиббии сарироҳии ҷавобгӯ ба талабот дар хизмати сайёҳону меҳмононанд.
Дар хатсайрҳои сайёҳӣ 1 банкомати маблағдиҳанда, 9 банкомати пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ, 4 маркази хизматрасонии автомобилии сарироҳӣ фаъолият доранд, ки сайёҳон метавонанд аз онҳо истифода баранд.
Бо мақсади шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тӯли солҳои охир аз давлатҳои Россия, Украина, Чехия, Эрон, Булғористон, Франсия, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳо беш аз 2000 сайёҳу кӯҳнавард ташриф овардааст.
Дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ (баландиаш 7495 метр) майдончаи «Москвина» мавҷуд аст, ки макони асосии кӯхнавардон буда, барои будубош ва истироҳати онҳо хеле мувофиқ мебошад. Сайёҳоне, ки дар мавсими асосии сайру гашт, яъне моҳҳои июл ва август ба ноҳияи Лахш меоянд, асосан кӯҳнавардонанд ва онҳо барои фатҳ намудани қуллаҳои Исмомили Сомонӣ, Корженвская ва тамошо кардани пиряхи Федченко ва дигар манзараҳо ташриф меоранд.
Дар  ҳудуди  ноҳия  ёдгориҳои таърихӣ (петроглиф) - ҳо мавҷуданд. Яке аз онҳо дар деҳаи Ачиқолмаи Ҷамоати деҳоти Алға ҷойгир мебошад ва он Ғори Сиёҳ ном дорад. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки ин ғор ба давраи то милод мансуб буда, одамони қадим дар ин мавзеъ умр ба сар бурдаанд. Дар сангу шухҳои ин ҷо акси одамони қадим, ҳайвонот ва дигар расмҳои диданиву тамошобоб нақш бастаанд. Чунин навиштаҷоту аксҳо дар наздикии деҳаи Шилбилии Ҷамоати деҳоти Сурхоб ва дар мавзеи Тандиқули Ҷамоати деҳоти Янгишаҳр низ ҳастанд. Мавзеъҳои мазкур шаҳодат аз он медиҳанд, ки ноҳияи Лахш дорои таърихи бою ғанӣ мебошад. Ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои зебо, кӯҳҳои сарбаланду чашмаҳои мусаффо ва дашту дамани фаррох диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозанд.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 1633
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед