logo

номаҳо

ҒАЛАТҲОРО ХУРД НАШУМОРЕМ

Баъзе аз шаҳрвандон ба одитарин талаботи забон, шояд аз ҷиҳати надонистан ва ё беаҳамиятӣ бошад, ки таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Дар шиору овезаҳои марказҳои савдо, мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, ошхонаҳо ва китобхонаҳо дар калимаҳо ба гузоштани ҳарфҳои «ӣ» ва «ӯ» диққат надодаанд. Масалан:
Маркази хизматрасонии «Фиру(?)з» - (кӯчаи Борбад 56/1, н. Фирдавсӣ), Мағозаи ху(?)роквори(?) «Дастрас» - (кӯчаи Фирдавсӣ 89/11, н. Фирдавсӣ), Ошхонаи миллӣ(?) (кӯчаи Борбад 64, н. Фирдавсӣ), мағозаи ху(?)роквори(?) (кӯчаи А. Ҷомӣ 54, н. Сино), Спорт бар «Ду(?)стӣ»  (кӯчаи А. Ҷомӣ, н. Сино), Тезтайёри «Дусти(?)» (кӯчаи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, н. Сино), Самбу(?)саи беҳтарин бо гу(?)шти гов (назди бозорчаи «Мадад», н. Сино), Дучархаҳои барқи(?) ва дар паҳлуи рости бино, Толори Ару(?)си(?) (кӯчаи А. Ҷомӣ 11/А, н. Сино), Шустушу(?)и нақлиёт (кӯчаи Р. Набиев, маҳаллаи Роҳи Нав 295, н. Сино), Нуқтаи сӯзишвории «Соро – ойл», Шустушу(?)и нақлиёт (кӯчаи Ҷ. Расулов 71/1, н. Сино), Маркази савдои «Эҳсон», Молҳои ру(?)згор (кӯчаи Маяковский 19/4А, н. Сино), Хадамоти бехатари(?) (кӯчаи И. Сомонӣ 14, н. И. Сомонӣ).
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин ғалатҳо барои омӯзиши дурусту бехатои забони модарӣ таъсири манфӣ хоҳанд расонд. Вақте хонандагон дар мактаб тарзи дурусту бехатои калимаҳоро меомӯзанд ва берун аз муассиса ба чизи дигар рӯ ба рӯ мешаванд, ин, албатта, зарбае ба зеҳни онҳо мерасонад. Ногуфта намонад, ки бисёре аз қашрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонону наврасон, бештар аз муҳити зиндаи атроф меомӯзанду аз бар мекунанд.
Имрӯз вақти он расида, ки нисбат ба забони давлатӣ ҷиддӣ муносибат намуда, онро ҳамаҷиҳата биомӯзем, то фикрамонро дурусту бехато, чи шифоҳӣ бошад ва ё хаттӣ, баён созем. Ҳар як калима ва ҳарфи забон ба худ тарзи дурусти талаффуз ва оҳанги хос дорад. Беҳтар мебуд, агар он афроде, ки реклама, шиору овезаҳо таҳия ва мағозаву марказҳои савдои худро номгузорӣ мекунанд, сараввал бо забоншиносон ва дигар масъулини соҳа ҳамкорӣ намуда, масъалаи мазкурро бо онҳо ҳамоҳанг карда, фикру пешниҳодҳои эшонро ба инобат гиранд.
Чунин ғалатҳоро кӯчаку ночиз нашумурда, аз пайи ислоҳашон талош бояд кард. Бо ин васила метавонем, дар нигоҳдошти фасоҳату ғановати забон ва коста нагаштани он муваффақ гардем.

Шарофиддин ШАРИФОВ,
магистранти ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2020    №: 110    Мутолиа карданд: 3012
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед