logo

фарҳанг

ТАҚДИРИ МЕРОС. ДАР БОРАИ МАСОИЛИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОШТИ ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ

Қалъаи Кӯҳи Муғро аз се тараф дарёи Зарафшон ва дарёчаи Кум иҳота кардаанд ва худи қалъа аз се тараф тавассути нишебиҳо ҳифз мешуд. Танҳо аз самти ҷануб ба сӯи Кӯҳи Муғ рафтан имкон дорад, ки ҳамон ҳам роҳи хатарноку душворгузари кӯҳист.

Тарҳи бинои қалъа росткунҷа буда, он аз панҷ ҳуҷра ва як даҳлез иборат аст, ки дар умум, 18,5х19,5 метр андоза дорад. Қалъа ҳамчун қалъаи Абаргар низ дар як манбаи арабӣ зикр шудааст (ат-Табарӣ), ки ҳамчун охирин паноҳгоҳи Деваштич (Dēwāštič), ҳокими Панҷ ва шоҳи Суғд дониста мешавад. Қалъаи начандон калон бо чаҳор ҳуҷраи равоқпӯши дароз ва даҳлези пайвасткунандаи ин ҳуҷраҳо бунёд ёфта, эҳтимол аз ду ошёна иборат буд ва ба ошёнаҳои болоӣ тариқи зинапояҳо мебаромаданд. Деворҳои берунии он аз 1 то 2 метр ғафсанд.
Дар натиҷаи ҳафриёти соли 1933, ки бо роҳбарии шарқшинос А. А. Фрейман  гузашт, аз қалъаи Кӯҳи Муғ 75 дастхати суғдӣ, як дастхат бо забони арабӣ, як дастхати туркии қадима (дар яке аз ҳуҷҷатҳо бо хитоӣ навишта шуда буд, ки он бо дастхатҳои мазкур алоқамандӣ надошта, аз ҷониби суғдиҳо ҳамчун маводи сиёҳнавис истифода шудааст) пайдо гардиданд. Ҳоло ин ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар филиали Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия дар шаҳри Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешаванд. Ғайр аз бойгонӣ, инчунин, зиёда аз 400 маводи маданияти моддӣ ва чанд сикка пайдо гардиданд, ки ҳоло дар Осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербурганд. Мундариҷаи ҳуҷҷатҳоро аслан матнҳои ҳуқуқӣ, хоҷагидорӣ, муошират, муроҷиат ва мукотиботи дипломатӣ ташкил медиҳанд.
Ёдгории мазкур дар радифи сарчашмаи кашфиёти минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии водии Зарафшон меистад. Пажӯҳиши қалъаи Кӯҳи Муғ аз муҳимтарин рӯйдодҳои охири асри VII ва ибтидои асри VIII буда, аз ҳуҷуми аҷнабиёни ба сарзамини Суғд, шаҳрдориву хоҷагидорӣ, оинҳои хонаводагӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Ба шарофати таҳлил ва хониши ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Муғ ба олимон муяссар шуд, ки таърихи сиёсии Осиёи Марказии он замонро то ҳадди имкон барқарор созанд. Ба ин бозёфтҳои гуногуни чӯбин, нуҳ намуди матои шоҳӣ, маснуоти филизӣ, маснуоти чармӣ, сабадҳои бофташуда, пораҳои лавозимоти ҷангӣ, зарфҳои сафолӣ далелҳои гӯёанд.
Аксари дастхатҳо аз мукотиботи дипломатӣ иборат буда, ҳаёти сиёсӣ ва вазъи ногувори таърихии Суғдзаминро дар арафаи ҳуҷуми арабҳо равшан мекунанд. Бояд иброз дошт, ки ин бозёфтҳо нақши муҳимро дар омӯзиш, талқин ва баррасии таърихи асримиёнагии Суғдзамин бозидаанд. Ҳамаи дастхатҳои Суғдии аз ёдгории Кӯҳи Муғ пайдогардида, тайи солҳои 1962-1963 ба пуррагӣ ба табъ расидаанд. Вале то имрӯз аз ҷониби шарқшиносону донандагони хати суғдӣ таҳрири онҳо идома дорад. Соли 2008, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Владимир Аронович Лившитс ҳуҷҷатҳои қалъаи Кӯҳи Муғро бознашр намуд, ки шакли англисии он соли 2015 (муҳаррир суғдшиноси англис Николас Симс-Уилиямс) дар силсилаи бонуфузи “Corpus Inscriptionum Iranicarum” ба нашр расид.
Масъалаи ҳифз, ҳолати кунунӣ ва нигоҳдошти ҳуҷҷатҳои нодир хеле ташвишовар аст. Чуноне ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, барои ҳифз ва таблиғи ёдгории бостоншиносӣ, пеш аз ҳама, бояд якчанд чораҳо андешида шаванд. Яке аз роҳҳои наҷоти ёдгории бостоншиносӣ аз хавфи нобудшавӣ – ин ба “осорхона дар ҳавои кушод” табдил додани ёдгорист. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳалли ҳамаҷонибаи масоили ҳифзи ёдгории бостоншиносӣ дар ҳолате имконпазир аст, ки ҷомеа ёдгориро ҳамчун як унсури ҷудонашавандаи ҳаёти фарҳангии хеш бипазирад.
Барои ҳалли масъалаи ҳафз, нигоҳдошт ва истифодаи қалъаи Кӯҳи Муғ дар шароити муосир, ҳадди ақал, бояд дар ноҳияи Айнӣ системаи ягонаи ҳифзи ёдгориҳоро бунёд кард. Баъдан, маърифати ҳифзи ёдгориҳои таърихиро ба шаҳрвандон бояд дуруст талқин намуд. Ёдгории Гарданаи Ҳисор дар якҷоягӣ бо қалъаи Кӯҳи Муғ метавонанд як маҷмааи хуби сайёҳиро ташкил диҳанду аз гуногуншаклии ёдгориҳои асрмиёнагии минтақаи кӯҳистони асрҳои VII-VIII маълумот диҳанд.
Пеш аз ҳама, коркард ва лоиҳаи маҷмаавии тармиму ҳифзи ёдгории бостоншиносӣ, таъмини дастрасии ёдгорӣ барои ташриф ё тамошои ҷомеаи васеи сайёҳон, таъмини иншоот бо дастгоҳҳои зарурӣ, ба монанди муаррифномаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ, махсусан дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент, дар назди мавзеи “Оби Тоғмат”.
Мавқеи ҷойгиршавии чашма ва мавзеи "Оби Тоғмат" дар доманаи қаторкӯҳи Туркистон ва ҷойгиршавии худи ёдгорӣ дар манзараи зебои доманаи қаторкӯҳи Зарафшон метавонад як мавзеи фарҳангиву фароғатӣ ва сайёҳиро ташкил диҳад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳифзу истифодаи самараноки ин ёдгорӣ низ метавонад, чи дар рушди туризми бостоншиносӣ ва чи дар рушди сайёҳии кӯҳӣ мусоидат намояд. Афзалияти он имкон медиҳад, то мо бо бовар иброз дошта бошем, ки ҳифзу истифодаи ин ёдгории таърихии кишвар на танҳо барои ҷалби сайёҳон муҳим, балки барои илми ҷаҳонӣ низ аҳамияти бузург дорад.

Абдураҳмон ПӮЛОДОВ,
устоди ДОТ дар шаҳри Панҷакент, бостоншинос
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 163
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед