logo

порлумон

ҶОМЕА. НАҚШИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОӢ ВА РУШДИ ДЕМОКРАТИЯ

Омӯзишу таҳлили сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, адабиётҳои илмию таълимӣ ва афкори арзишманди мутафаккирон  ба он далолат мекунанд, ки интихобот яке аз қадимтарин ниҳодҳои ҷомеаи башарӣ ва унсури ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Оид ба мазмуну моҳият ва аҳамияти интихобот ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ аз ҷониби олимону донишмандони маъруфи тоҷик андешаву назари арзанда ва ҷолиб баён шудаанд.
Дар умум, интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, воситаи амалишавии соҳибихтиёрии халқ, василаи қонунӣ гардондани ҳокимият, роҳи осоишта ва мусолиҳатомези ба даст овардани ҳокимият, ташаккули мақомоти олии давлатӣ, пайравӣ ва нишон аз арзишҳои умумибашарӣ ва демократӣ доштани давлат маънидод мешавад.
Бо роҳи гузарондани интихобот аслан мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ халқ дар замони муосир ба воситаи интихобот ва раъйпурсӣ мақсаду мароми худро амалӣ карда, ба ин восита дар идоракунии давлат саҳм мегузорад.
Дар асоси қарори якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020, № 26 интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад.
Мувофиқи қонунгузории амалкунанда ду роҳи соҳиби вазифаҳои масъули давлатӣ гаштани шаҳрвандон ҷой дорад: яке бо усули таъйин шудан ба вазифа, дигаре бо роҳи интихоб шудан. Аз ин рӯ, маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки беҳтарин намояндаи хешро барои иҷрои ормону иродаи худ ба вазифаҳои масъул интихоб намояд. Натиҷаи таҳлили қонунгузорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки айни замон бо роҳи гузарондани интихобот дар Тоҷикистон шаҳрванд ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешавад.
Нақши интихоботи дарпешистода ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа ва рушди давлати демократӣ назаррас аст.
Яке аз дастовардҳои муҳими интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки ба воситаи он дар давлат мақоми олии ҳокимияти давлатӣ – Президент ташаккул ёфта, ба воситаи он Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия интихоб мешавад. Президент ҳамчун рамзи давлат ва ифодакунандаи якдилии миллат дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ ва барҳам додани он, таъйин ва озод кардани кадрҳо, намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, таъмини амният, мудофиа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дорои ваколатҳои муайян мебошад.
Маҳз фаъолияти самаранок ва бомароми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии фаъолияти муназзами тамоми рукнҳои муҳими давлатдориро дар Тоҷикистон фароҳам оварда, барои ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ,  таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандон, ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, хизмати содиқона  ба халқ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар фарди кишвар мусоидат менамояд. Мавҷудияти падидаи Президент дар кишвар ҳамчун рамзи ваҳдату якдилӣ, сарҷамъӣ  ва муттаҳидии тамоми сокинон ба ҳисоб рафта, саҳми ӯ ҳамчун Сарвари давлат дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, зиндагонии арзанда ва пурнишоти сокинони кишвар ва боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ беназир аст.
Доир кардани чунин маъраки муҳими сиёсӣ ба мисли интихоботи Президент зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатиро тақозо менамояд. Дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи комиссияҳои интихоботӣ гузошта шудааст. Низоми комиссияҳои интихоботӣ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд. Дар ин миён Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини роҳбарӣ ҷиҳати омода ва гузарондани интихоботи Президенти Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Зеро масъулияти ташкил ва баргузории интихоботи президентӣ дар фазои озод, ба таври шаффоф, бо риояи қоидаҳои демократӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон маҳз ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вогузор шудааст. То ба имрӯз аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди ҳуқуқиву ташкилӣ ва иттилоотиву ташвиқотӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, гузашта аз он ба мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аъзои комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ, бархӯрдор намудани онҳо аз мазмуну моҳияти қонунгузории интихобот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар семинарҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, бояд дар хотир дошт, ки интихоботи дарпешистода омили муҳим ва навбатии таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия, таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар,  кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, пойдориву бардавомии давлат, роҳи асосии муттаҳидкунандаи миллат ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Натиҷаи баргузории интихоботҳо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди озод ва ихтиёрӣ будани иштироки шаҳрвандон дар интихобот, фоизи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ тамоюли болоравӣ дорад. Чунин амали шаҳрвандон, албатта падидаи нек аст. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсии кишвар ва низоми идоракунии давлатдорӣ аз боби масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат кор гирифта, муҳим будани овози худро барои таъмини пешрафт ва дурнамои дурахшони Ватани маҳбубамон беш аз пеш дарк намудаанд. Боиси ифтихор аст, ки маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон сол то сол густариш ёфта, шаҳрвандони кишвар интихоботро на танҳо ҳамчун як василаи амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии худ, балки воситаи асосии саҳм гузоштан дар ҷодаи идоракунии ҳаёти сиёсии ҷомеа пазируфтаанд. Онҳо эҳсос кардаанд, ки дарёфти роҳи дурусти пешрафт ва тараққиёт дар Тоҷикистон маҳз аз интихоби дурусти онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, боисрор бояд таъкид сохт, ки интихоби дуруст омили ҳамагуна пешравиҳост.
Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, лутфан даъват ба амал меорем, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ дар чорабинии муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз дода, барои ободиву пешрафт ва ояндаи неки Тоҷикистони азиз мавқеи худро муайян намоянд. Овози ҳар як интихобкунанда барои тақдири минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ ҳалкунанда аст.

Изатулло МАҲМУДОВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати  прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,  коршиноси КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2020    №: 160    Мутолиа карданд: 2311
21.06.2021


КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед