logo

Хабарҳо

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Дар Академияи идоракунии давлатӣ барои дастгирии пешниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хизматчиёни давлатии ҷавон – пайравони Пешвои миллат” ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ баргузор шуд.
Дар он раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Комилбек Амид Ёрбек, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Исматов Сомон Сулаймонович, муовини ректор оид ба идеология ва робита бо ҷомеа Аҳмадзода Зулфия Кабир, устодон ва магистрантони академия иштирок намуданд.
Амид Комилбек, зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои он, рӯ ба рушд овардани Ватани маҳбубамон ба фаъолияти шабонарӯзӣ ва хастагинопазирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад. Чуноне ҳама медонем, Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд, ки боиси фалаҷшавии сохтори сиёсию низоми идоракунӣ гардид. Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик роҳбар ва роҳнамое зарур буд, ки аркони давлатдориро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад. Маҳз Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо вуруд ба саҳнаи сиёсат ҳамчун шахси зиндагисозу сулҳофар, меҳандӯсту инсонпарвар тавонистанд дар муддати кӯтоҳ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор созанд. Мусаллам аст, ки дар ин муддат Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст.
Абдулло Раҳмонзода бо ишора ба таҳаввулоти дар бисёр кишварҳо баамаломада, таъкид дошт, ки ҳар яки моро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста кӯшиш намоем, то бадхоҳони миллат аз ин маъракаи барои давлату миллат муҳиму тақдирсоз суистифода накунанд.
Зимни ҳамоиш аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки 11 октябри соли ҷорӣ дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, барои ободиву пешрафт, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ояндаи неки Тоҷикистони азиз ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.
Дар охир иштирокдорон номзади пешбаринамудаи ҲХДТ, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуданд.

Раҳматулло КАРИМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 379
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед