logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ҲАНИФ АТМАР

17 сентябр мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ки бо боздид аз Тоҷикистон дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву башарӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои зерсохтории дорои аҳамияти минтақавӣ, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами амниятӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд,  ки  ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шудааст ва ҷониби мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин кишвари ҳамҷавор  пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба изҳори ақида намуданд. Дар баробари ин, алоқамандии ҷонибҳо ба сатҳи навини ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҳунар ва иттилоот таъкид гардид.
Вобаста ба ин Пешвои миллат идомаи таълиму тадриси касбии мутахассисону коршиносони Афғонистонро барои  соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёти он дар қатори самтҳое номбар карданд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ба таври хосса пайгирӣ менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки омили  ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбанд, баррасӣ намуданд. 
Мавзӯъҳои дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистону минтақа ва оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ мебошад.
Роҷеъ ба ин мавзӯъ ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, дар ҷодаи мубориза бо ҳамагирии COVID -19 ва рафъи оқибатҳои он  зикр намуданд.
Дар мавриди яке аз равандҳои калидии фазои сиёсии Афғонистон, ки имрӯзҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст, яъне музокироти сулҳи Афғонистон, Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки  Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда,   аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд. 
Дар ин робита зикр гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъю талош хоҳад кард, то  ҷиҳати  мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он дар ростои манофеи мардуми бародари он саҳми худро гузорад.
Ҷонибҳо атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ суҳбат анҷом доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2020    №: 179    Мутолиа карданд: 2102
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед