logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов” ва “Ҳомид”
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов” ва “Ҳомид” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Иттилоъ доданд, ки самти асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Қандов” парвариши пахта буда, аз 13 гектар замин аҳли заҳмат дар 9 гектараш пунбадона кишт кардаанд. Бо истифода аз таҷрибаи кишоварзӣ ва тухмиҳои серҳосил айни ҳол пахта нашъунамои хуб дорад.
Кишоварзони хоҷагӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ҳамчунин, дар масоҳати 1,5 гектар маккаи дон корида, 0,35 гектарро барои парвариши шолӣ истифода бурданд, ки, феълан, онҳо низ нашъунамои хуб доранд. Ҳамчунин, дар заминҳои хоҷагӣ сабзӣ кишт шуда, барои таъмини чорво бо хӯрок 0,5 гектари дигар барои парвариши беда истифода мегардад.
Таъкид гашт, ки хоҷагӣ ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда, дар таъмини бозор бо маҳсулоти тарутоза саҳми арзанда мегузорад.
Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии “Ҳомид” иттилоъ дода шуд, ки кишоварзон имсол дар кишти асосӣ пахта, пиёз, гандум ва бодиринг корида, дар кишти такрорӣ низ ҳар порча заминро самаранок истифода бурдаанд. Аз ҷумла, дар масоҳати 1,8 гектар ҷуворимакка корида, ҳамчунин, картошкаву мош ва караму турб парвариш мекунанд.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти картошка, кишоварзон дар масоҳати 0,22 гектар картошка коридаанд.
Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки замин дар кишти такрорӣ омили асосии таъмини фаровонии бозорҳо буда, имкон аст ба ин васила тамоми фасли сол эҳтиёҷоти аҳолии мамлакат бо маводи ғизоии хушсифат қонеъ шавад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯёндани ҳосили дилхоҳ ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иброз доштанд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ дар вазъияти баамаломада омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳритус дидан карданд.
Деҳқонони ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ иборат буд, ба намоиш гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Шаҳритус ноҳияи аграрӣ буда, бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ва таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат кишоварзони ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, давоми чанд соли охир рушди бемайлони бахшҳои ғаллапарварию сабзавоткорӣ ва зироатҳои техникӣ ба назар мерасад. Имсол дар масоҳати 1411 гектар гандум, 140 гектар ҷав, 190 гектар маккаи дон ва 27 гектар лӯбиёиҳо кишт гашта, то имрӯз 8932 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ҷамъ оварда шудааст.
Зимни боздид аз намоишгоҳ, ҳамчунин, иттилоъ доданд, ки парвариши боғ дар ноҳия ривоҷ ёфта, майдони боғу токзор ба 1259 гектар расид. Ҳар сол ба ҳисоби миёна боғпарварон аз як гектар то 46 сентнер ҳосил ба даст меоранд. Ба ин васила аҳли заҳмат дар таъмини аҳолӣ бо меваҳои хуштаъм нақши бориз дошта, ҳамчунин, дар самти содироти он ба дигар кишварҳо низ болоравии нишондиҳандаҳо дида мешавад. Аз ҷумла, дар мавсими ҷорӣ боғпарварон 3973 тонна меваи донакдор ҷамъ оварданд, ки ин аз нақшаи пешбинигашта зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ, ҳамзамон, навъҳои гуногуни маҳсулоти полизӣ ба маъраз гузошта шуд ва иқтидори истеҳсолии ноҳия дар ин самт низ муаррифӣ гашт. Ба иттилои масъулин, меҳнаткашони ноҳия имсол дар 510 гектар полизӣ парвариш карда, 23 ҳазору 830 тонна маҳсулот ҷамъ оварда, дар бозорҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ ба фурӯш гузоштанд.
Барои беталаф баровардани чорво аз зимистон дар тамоми хоҷагиҳо 47382 тонна хошоки дурушт, аз ҷумла 18717 тонна хасбеда, 28665 тонна коҳ ва дигар алафҳои табиӣ, захира шудааст, ки ин нишондод 195 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, занони соҳибҳунари ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки аз навъҳои гуногуни ширинӣ, хӯришҳои болаззат ва намудҳои гуногуни нон иборат буд, муаррифӣ карданд. Бонувон барои захирасозии маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ бо истифода аз шаклу усули хоси нигоҳдории маҳсулот талош доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни намоиш иброз доштанд, ки вазъи кунунии ҷаҳон талаб менамояд, ки барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар ин замина ба деҳқонон маслиҳат доданд, ки боду ҳавои мувофиқ ва ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, ҳосили хуб ба даст оранд. Ҳамчунин, захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд карда, марҳила ба марҳила коркарди онро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монанд.

Ифтитоҳи майдончаи варзиш
Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат майдони мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Маҳмадалиев бунёд намуда, дар он барои тамрини ҷисмонии ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Масоҳати иншоот 0,16 гектарро дар бар гирифта, сохтмони он бо назардошти талаботи муосир анҷом ёфт. Гирду атрофи майдонча пурра панҷарапӯш ва чароғон шудааст. Майдони бозӣ аз масолеҳи хушсифат бунёд ёфта, барои тамошобинон нишастгоҳҳо насб гаштаанд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои сохтмонӣ ба масъалаи ободонии гирду атрофи иншоот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ин ҷост, ки гирду атрофи майдончаро гулҳои зебои мавсимиву ҳамешасабз оро медиҳанд. Ҳамчунин, барои варзишгарону сокинони ноҳия иншооти ёрирасон, аз қабили ҳуҷраи ивазкунии сарулибос, сохта шудааст.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар баробари бозии футбол наврасону ҷавонон, ҳамчунин, метавонанд ба варзиши сабук машғул шаванд. Дар назди майдончаи футбол дастгоҳу таҷҳизоти зурурӣ барои машғулиятҳои ҳамарӯзаи варзишӣ ва обу тоби бадан насб гардидаанд. Ҳамзамон, роҳрав ва гирду атрофи майдончаи варзишӣ пурра сафолакпӯш мебошад.
Майдончаи варзиш дар доираи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба таъкиди масъулини соҳаи варзиши ноҳия, тадбирҳои идона ба истиқболи солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарту шароит ва имкониятҳои онҳоро ба тарзи чашмрас дигаргун намуд. Аз ҷумла, дар ноҳия то кунун 15 майдонча ба истифода дода шуда, танҳо дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 майдончаи варзиши муосир барои наврасону ҷавонон ва варзишгарон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни боздид Роҳбари давлат иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ба ҷавонону наврасон маслиҳат доданд, ки имконоти мазкурро самаранок истифода баранд ва вақтҳои холигии худро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намоянд, зеро варзиш омили муҳимтарини солимист.

Ифтитоҳи иншооти Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус
22 сентябр дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия дар фазои тантанавӣ иншооти рамзҳои асосии давлатдорӣ – Парчам ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии сутунпояи Парчам 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 бар 7 метр мебошад. Баландии пояи Нишони давлатӣ бошад, 28 метр аст.
Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расиданд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек арзёбӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гашта, дар сохтмони он  мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд.
Атрофи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ ва фаввораҳо оро ёфта, барои истироҳати шаҳрвандон нишастгоҳҳои замонавӣ насб гардидаанд. Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои назди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ сафолакпӯш шудаанд, ки барои гаштугузори бошандагони ноҳия мусоид мебошанд.
Майдон дар масоҳати 0,87 гектар доман густурда, ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам мебахшад. Баъди ба истифода додани рамзҳои давлатдории миллӣ, барои истироҳату фароғати сокинони ноҳияи Шаҳритус имконияти хуб фароҳам гардид.
Корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия идома дошта, дар назар аст, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз даҳҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ба истифода додани бинои маркази хизматрасонии муосир ва супурдани туҳфаҳо ба ятимони кулл дар ноҳияи Шаҳритус
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус, ҳамзамон, ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшиданд.
Сохтмони маркази хизматрасонӣ яке аз бандҳои нақшаи тадбирҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Холназар Достиев дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъморӣ анҷом ёфт.
Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки бино аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум тарабхона, дуюм меҳмонхона ва қабати поёнии он ошхона ҷойгиранд. Тарабхонаи маркази хизматрасонӣ барои 150 нафар пешбинӣ мешавад ва дар он барои баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ имконияти хуб фароҳам мебошад.
Бино дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, сохта шуда, дорои 40 ҷойи хоб ва ҳуҷраҳои алоҳидаи қабули меҳмонон аст.
Меҳмонхона низ бо риоя ва услуби хоси меъмории ҷаҳонӣ бунёд гардида, барои муштариён имкониятҳои мусоиди истироҳатро фароҳам овардааст.
Ошхонаи маркази хизматрасонӣ дар як вақт метавонад 120 нафарро қабул намояд.
Намои берунаи бино бо тарҳ ва усули миллӣ оро ёфта, саҳни он дар масоҳати 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардид. Чароғонкунӣ ва бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ зинат ёфтани атрофи бино ба ҳусни маркази ноҳияи Шаҳритус зебоии тоза зам менамояд.
Баъди ба фаъолият пардохтани марказ 20 нафар сокини ноҳия бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани иншооти мазкурро ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот ороста, аз аҳволи онҳо пурсон шуданд.
Зимни мулоқоти самимӣ Сарвари давлат наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба омӯзиши илмҳои муосир, дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо кардани Ватани аҷдодиамон ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 78 ятим, писарону духтарон, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳо, иборат аз сарулибоси мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим карданд.
Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат боиси шодиву хурсандии наврасон гардид.
Дар охири мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
Кӯдакону наврасон ба Пешвои миллат - ғамхору сарпарасти ятимон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ҳамеша сармашқи зиндагии худ карда, дар оянда барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.
Маврид ба ёдоварист, ки ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат мудом зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва барои беҳбуди зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2020    №: 181    Мутолиа карданд: 740
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед