logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО ОРИПОВ

29 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва  роҳҳои  тавсеаи  онҳоро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштанд.
Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои кори комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид намуданд.
Бояд гуфт, ки вақтҳои охир, дар асоси тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, як қатор мулоқоту музокироти судманди ҷонибҳо сурат гирифт. Аз ҷумла, ҳайати намояндагии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони парлумони Тоҷикистон мулоқот кард.
Конфронси муштараки илмию амалӣ ва дар Душанбе мулоқоти намояндагони зиёиёни эҷодкори ду кишвар баргузор гардид. Ҳайати Ӯзбекистони дӯст дар таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ширкат варзид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Имрӯз, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Artel Avesto Electronics” ифтитоҳ ёфт. Ин ва дигар рӯйдодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои мо, сарфи назар аз ҳама мушкилоти объективии замон, тавонистанд ҷараёни мусбати муносибатҳояшонро нигоҳ доранд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Пешвои миллат аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони ӯзбек барои ёрии башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расонданд, изҳори сипос намуданд.
Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.
Ҷонибҳо дар бораи аҳамияти минбаъд низ гуногуннавъ гардондани сохтори тиҷорат ва рафъи монеаҳои техникӣ дар соҳаи тиҷорат, идомаи корҳо оид ба ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳо ва филиалҳои ширкатҳои тарафҳо дар ҳудуди якдигар, пурратар истифода бурдани иқтидори назарраси ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар суҳбат карданд.
Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Дар охири суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар самти идомаи татбиқи модели рушди Ӯзбекистон муваффақиятҳо ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъда таманно карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2020    №: 191    Мутолиа карданд: 449
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед