logo

Хабарҳо

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 - 2021) бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва саҳми соҳибкорон - оилаи Соҳибовҳо роҳи мошингарди деҳаи Зағертути шаҳр бунёду навсозӣ гардида, зимни боздиди Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Қарахон Чилазода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонони расмӣ аз шаҳр мавриди истифода қарор гирифт.
Роҳи мазкур, ки деҳаи Зағертутро ба шаҳри Левакант мепайвандад, солиёни зиёд рӯйи таъмирро надида, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Рафтуои мардуми деҳа ба маркази шаҳр мушкил буд.
Дар бунёди роҳ соҳибкор 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ харҷ намуд. Ҳамзамон, дар бунёди роҳ 7 техникаи муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр сафарбар гардид.
Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорони ин оила барои ташаббуси ватандӯстона ва анҷоми кори хайр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташаккур гуфта, онҳоро бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки чунин иқдом дар зеҳну шуури наврасону ҷавонон эҳсоси ободгарӣ, созандагӣ ва ватанпарастиро тақвият медиҳад ва намунаи хуби пайравӣ мебошад.
- Имрӯзҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони сарбаланди шаҳр дар маҳалҳои худ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида истодаанд. Масалан, як гурӯҳ сокинони деҳаи Хуррамдеҳ тасмим гирифтанд, ки бо ҷалби маблағҳои худӣ ва саҳми соҳибкорон роҳи дохили деҳаро ба масофаи 4 километр таъмиру мумфарш намоянд. Маблағгузорӣ тариқи ҳашар ва саҳми ҳар як сокини маҳал ба роҳ монда шудааст, ки гувоҳи ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 422
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед