logo

иҷтимоиёт

МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ РОҲБАР ХИРАДИ АЗАЛӢ ДОРАД...

Таърихи куҳан ва интиҳои асри XX, ки дар худ воқеаю ҳодисаҳои сиёсии азимеро таҷассум кардаанд, моро водор месозанд, ки ба  гузаштаи хеш назаре бинмоем. Дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кас намехоҳад аз нобасомониҳои ибтидои соҳибистиқлолӣ ёд кунад. Вале, магар гузаштаро ба ёд наоварда, ба оянда некбинона назар кардану баҳо додан мумкин аст?!

Мусаллам аст, ки дар охири садаи ХХ бинобар омилҳои гуногун, ваҳдат ва якдилии мардум халалдор шуда, қариб боиси парокандагӣ ва нобудшавии миллати тоҷик гардида буд. Дар он замони бениҳоят сангин ба кишвари мо, ки барои мустақилона рушд ёфтан акнун қомат меафрохт, хатари ҷиддӣ таҳдид мекард.  Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фазои сиёсии мамлакат ноором шуда, ба гирдоби низоъ ва бесарусомонӣ афтод, ки ин ба илм ва фарҳанги мо таъсири манфӣ расонд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба парокандагӣ боис гашта, мардумро ба коми муҳоҷират афканд. Хисороти иқтисодӣ ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашта, нобасомонӣ сулҳу суботро аз байн бурд.
Хушбахтона, дар рафти ҷангу набардҳо ва имтиҳони сангини таърих фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омада, сабабгори аз байн бурдани ҷангу ҷидол ва нерубахши сулҳу осоиштагии тамоми мардуми Тоҷикистон гардиданд.
Барқарор кардани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ кори сангин буд, вале Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар такя ба халқи куҳанбуёди тоҷик мушкилотро  зина ба зина аз байн бурда, бо азми қавӣ, устувории комил, иродаи мустаҳкам, хирадмандии олӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро аз парокандагӣ раҳонд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос ин фарзанди фарзонаи миллат мардумро сарҷамъ кард ва барои мустаҳкамии пояҳои давлат камари ҳиммат баст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, эҳтироми озодӣ ва ҳуқуқи  инсон арҷгузорӣ шуд. Бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нав бори нахустин дар таърихи халқи тоҷик бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.
Ҳар сокини Тоҷикистон имрӯз эҳсос мекунад, ки кишвари мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, баробари рафъи харобкориҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба чи комёбиҳо ноил гардид. Бунёди роҳу пулҳо, нақбҳои азими мошингузар, ободкориҳои тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бори дигар халқи дунёро бовар месозад, ки ҳар қадами тоҷикон ба сӯйи ояндаи дурахшон зафаровар асту Парчами Тоҷикистон пеши назари ҷаҳониён болотару пурҷилотару парафшонтар.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амният, осоиштагӣ ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти мардуми тоҷик, бахусус дар ҳаёт ва пешрафти ҷавонон нақши беназир доранд.
Сарвари давлат дар Паёми ҳамасолаи хеш ва суханрониашон дар ҳузури зиёиёни ҷумҳурӣ дар иртиботи сиёсату иқтисодиёт, илму маориф ва пешрафти ҷомеа дастуру ҳидоятҳои ҳаётан муҳимро ироа медоранд.
Мавриди зикр аст, ки таъмини ислоҳоти самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеа ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри комёб гаштан ба натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, беш аз пеш, меафзояд.
Бо назардошти чунин ғамхорию дастгириҳои давлату Ҳукумат моро зарур аст, ки тамоми неру ва истеъдоду маҳорати худро ҷиҳати пешрафти илму фарҳанги тоҷик равона созем.
Сарвари давлат аз ҷумлаи сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонанд, ки барои ваҳдати кулли мардуми  Тоҷикистон,  сарфи назар аз забон  ва миллат, кӯшиш менамоянд ва ин моро ба ояндаи дурахшонтару равшантар ҳидоят мекунад.
Мо, кормандони соҳаи илму маориф, ғамхориҳои Сарвари давлатро эҳсос намуда, ҳамеша мекӯшем, ки раванди таълиму тарбияи насли наврас дар сатҳи баланд, яъне ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳавасмоҳ СОҲИБНАЗАРОВА,
дотсенти кафедраи филологияи англиси ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2020    №: 221    Мутолиа карданд: 169
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед