logo

иҷтимоиёт

ТЕМУР РАҲИМОВ – ПАҲЛАВОНИ НОМВАР

Темур Раҳимов. Ин ном барои мухлисону ҳаводорони гӯштӣ хеле ошност. Мавсуф яке аз паҳлавонони номвар ва муваффақи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тайи чанд соли ахир мешавад, ки кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовор муаррифӣ мекунад. Соли гузашта Темур баъди гирифтани медали нуқра дар Чемпионати Осиё ва нишони биринҷӣ дар Гран - прии Марокаш оид ба дзюдо аз рӯи назарпурсии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиш ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини ҷумҳурӣ шомил ва соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ гардид.
Қаҳрамони қиссаи мо низ мисли дигар паҳлавонони маъруфи кишвар, ба монанди шодравон Саидмуъмин Раҳимов, Расул Боқиев, Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Парвиз Собиров, Набимуҳаммад Хоркашов ва дигарон гӯштигириро аз ҷашнҳои Наврӯз оғоз кардааст. Темури хурдсол дар маъракаҳои наврӯзии рустоҳои гирду атроф бо ҳамсолонаш қувваозмоӣ мекарду ҳунари паҳлавонӣ меомӯхт. Аввалин мураббиҳояш падараш Бахтиёр Раҳимов, бобояш Рустам Абдураҳмонов ва тағояш Суҳроб Абдураҳмонов мебошанд.
- Бо  бобоям  дар  ҷашнҳои наврӯзии деҳаҳои ҳамсоя мегаштем ва ӯ маро ба ҳамсолонам гӯштӣ меандохт. Оҳиста - оҳиста  ин риштаи варзиш дар дилам ҷой гирифт, - ёд меорад Темур Раҳимов.
Баъди ин бобояш Темури 7 - соларо барои аз худ кардани нозукиҳои гӯштигирӣ ба назди мураббии маъруфи кишвар падари ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев – равоншод Худойназар Боқиев бурд.

ОҒОЗИ КОРНОМАИ ПАҲЛАВОНӢ
Бори аввал Темур Раҳимов соли 2011 дар чемпионати ҷумҳурӣ мақоми сеюмро гирифт. Пас аз ду сол дар вазни 90 кило ғолиби Ҷоми Вастан ва чемпиони Тоҷикистон шуд. Дар Бозиҳои Осиё миёни наврасон (Алма-ато) ҷоизадор гардид, ки ин нахустин қадамҳои Темур Раҳимов дар майдонҳои бузург ва варзиши касбӣ буд. Дар идома соли 2014 дар Ҷоми Аврупо, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, нишони биринҷӣ ба даст овард.
- Соли 2014 бароям хело бобарор буд. Пас аз Ҷоми Аврупо дар чемпионати Тоҷикистон унвони қаҳрамониро соҳиб гардида, ба Чемпионати Осиё миёни наврасон (Ҳонг-Конг) роҳхат гирифтам. Дар ин мусобиқот зинаи дуюмро гирифтам. Инчунин, дар Ҷоми Осиё (Чирчиқ, Ӯзбекистон) Суруди миллӣ садо дода, Парчами Тоҷикистон парафшон гардид. Ва дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни +90 килограмм миёни наврасон ба садри ҷадвал баромадам,- иброз дошт Темур.
Ҳамсуҳбатамон афзуд, ки соли 2015 бо сабаби ҷароҳат бардоштани зонуяш натавонистааст дар мусобиқот ширкат намояд.
- Пас аз як соли таваққуф каме душворӣ кашидам. Бар замми ин, аз вазни +90 килограмм ба 100 килограмм гузаштам. Бо вуҷуди ин, соли 2016 дар Ҷоми Осиё (Чирчиқ, Ӯзбекистон) сазовори медали нуқра гардидам. Баъди як сол боз дар ин мусобиқа ғолиб шудам. Дар Ҷоми Осиё то даври ниҳоӣ ду гӯштигири мизбонро шикаст дода, дар финал бар паҳлавони дигари Ӯзбекистон Аловиддин Ҷӯрақулов пирӯз гардидам,- мегӯяд ӯ.
Соли 2017 Темури ҷавон дар Чемпионати Осиё (Бишкек, Қирғизистон) сазовори медали нуқра шуд.

МЕДАЛИ БИРИНҶӢ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
Моҳи октябри сол 2017 Темур Раҳимов бори аввал дар Чемпионати ҷаҳон, ки мизбонаш пойтахти Хорватия – шаҳри Загреб буд, ширкат карда, сазовори зинаи сеюм гардид. Ӯ доир ба ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ чунин гуфт:
-  Пеш аз оғози чемпионат мо машқҳои дастаҷамъиро дар Ӯзбекистон гузаштем ва бо тайёрии хуб ба Хорватия сафар намудем. Дар миёни гаронвазнҳо то даври нимниҳоӣ Доминик Мазовски (Лаҳистон), Петр Арвая (Венгрия) ва Такая Ямугушии ҷопонӣ, ки ӯро коршиносони риштаи дзюдо фаворити чемпионат мешумурданд, шикаст додам. Мутаассифона, дар даври нимфинал аз Зелим Косоев (Озорбойҷон), ки чемпиони ҷаҳон гардид, мағлуб шудам. Барои ишғоли зинаи сеюм Даниэл Зорнии олмониро ноком кардам. Пас аз ин мусобиқот дар рейтинги ҷаҳонӣ миёни ҷавонон ба мақоми сеюм баромадам.

ОРЗУИ ИШТИРОК ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Аллакай, аз соли 2018 Темур миёни калонсолон гӯштигириро оғоз кард ва аз вазни 100 килограмм ба +100 килограмм гузашт, ки ин барои паҳлавони ҷавон саҳлу осон набуд. Мавсуф дар мусобиқаи байналмилалии кураш барои дарёфти Ҷоми Президенти Ӯзбекистон (Тошканд) ширкат карда, сазовори зинаи сеюм гардид.
Баъди ин мусобиқа паҳлавони ҷавони бомаҳорат байни калонсолон дар Чемпионати ҷаҳон (Боку, Озорбойҷон) ширкат кард. Дар ин чемпионат Темур малакаи хуб нишон дода, аз панҷ қувваозмоӣ дар сетояш ғолиб омада, сазовори мақоми ҳафтум шуд.
Баъди бозгашт ӯ дар мусобиқаи дигари байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни гаронвазнҳо ғолибият ва шоҳҷоизаро ба даст овард.
Соли 2019, Гран - прии Марокаш. Дар ин мусобиқа паҳлавони тоҷик медали биринҷӣ ба даст овард, ки аввалин нишон миёни калонсолон дар риштаи дзюдо ба ҳисоб мерафт.
Моҳи апрел. Чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА). Темур Раҳимов дар ин мусобиқа Тоҷикистонро арзанда муаррифӣ карда, мақоми дуюм ва холҳои зарурӣ барои роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард. То рақобати финалӣ Темури таҳамтан намояндагони АМА, Муғулистон ва Қирғизистонро аз сари роҳаш дур кард, вале дар вохӯрии ниҳоӣ аз дзюдогари маъруфи Корея Сугмин Киму шикаст хӯрд. Дар робита ба ин финал, Темур гуфт, ки дар баробари паҳлавони кореягӣ таҷрибааш камӣ кард.
Ҳоло қаҳрамони мо зери роҳбарии Суҳроб Абдураҳмонов тамрин менамояд ва орзу дорад, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат карда, номбардор ва парчамбардори кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон гардад.

Сайёраи АВАЗ,
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»

Р.S. Темур Раҳимов 8 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи Бахтиёр Раҳимов ва Маҳбуба Абдураҳмонова ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети сайёҳӣ ва кӯҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саймуъмин Раҳимов мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2020    №: 223    Мутолиа карданд: 255
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед