Хабарҳо
ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО
Пахтакорони ҷумҳурӣ муждаи зафар медиҳанд. То 21 ноябр беш аз 97 дарсади дурнамои солонаи истеҳсол иҷро гардида, кишоварзон 409 ҳазору 439 тонна «зари сафед» ҷамъ оварданд. Новобаста аз вазъи номусоиди ҳаво, дар саросари кишвар мусобиқаи меҳнатӣ авҷ гирифта, чинакчиён барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Имсол пахтакорон дар 185 ҳазору 298 гектар пунбадона кишт карда, 420 ҳазору 900 тонна ҳосил гирифтанианд. Дар пахтазор беш аз 37 ҳазор чинакчӣ машғули ҷамъоварии ҳосил аст.
Ин мавсим низ кишоварзони хатлонӣ пешсафи маъракаи ғунучини ҳосиланду аз 278 ҳазору 200 тонна пахтаи дурнамо, аллакай 277 ҳазору 561 тоннаашро ҷамъоварӣ намуданд, ки қариб 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Данғара, Носири Хусрав, Шаҳритус, Левакант, Панҷ, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Кӯшониён, Қубодиён, Ёвон, Бохтар, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб ва Восеъ нақшаро пурра иҷро кардаанд. Натиҷаҳои баланди меҳнатии заркорони ноҳияи Данғара, ки нақшаро беш аз 117 дарсад таъмин намуданд, шоёни таҳсин аст. Интизор меравад, ки ояндаи наздик ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Фархор аз иҷрои дурнамо хабар диҳанд.
- Аз ҳосили ҷамъовардашуда наздики 270 тоннаашро ба корхонаҳои коркард супурдем. Дар оғози мавсим бо сабаби паст будани арзиши пахта дар биржаи ҷаҳонӣ, ки хароҷотро намепӯшонад, хоҷагидорон маҳсулотро дар саҳрою хона нигоҳ доштанд. Ҳоло, ки нарх ба 6 – 6,2 сомонӣ расидааст, деҳқонон низ маҳсулотро ба ихтиёри корхонаҳо гузошта истодаанд. Бояд гӯям, ки бо супориши раиси вилоят ҷиҳати ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузарондани кишти тирамоҳии барвақтии зироатҳо, аз ҷумла шудгор намудани заминҳои пахтае, ки ҳосилнокиашон кам аст, комиссияи салоҳиятдор созмон ёфтааст. Хушбахтона, барфу борони ахир ба пахтазори вилоят таъсири ҷиддӣ нарасонд ва ният дорем, ки то якуми декабр маъракаи ҷамъовариро идома дода, нақшаро пурра иҷро намоем, - гуфт сардори раёсати иқтисоди сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Ҳамро Раҳимов.
Пахтакорони вилояти Суғд 125 ҳазору 884 тонна (аз 129 ҳазору 500 тоннаи дурнамо) ҳосил ҷамъ оварда, ба иҷрои дурнамо наздик мешаванд. Заркорони ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои нақша баромада, пахтакорони зафарободию аштӣ низ ба иҷрои дурнамо наздик шуда истодаанд.
Шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ бошанд, нақшаи ҷамъоварии пахтаро мутаносибан беш аз 118 ва 101 дарсад иҷро карданд. Дур нест, ки шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ҳам пайғоми пирӯзӣ диҳанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 338