Хабарҳо
ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД
«России 1». Президенти Россия Владимир Путин нисбат ба кадом давлат мансуб будани Кӯҳистони Қариябоғи эътирофнашуда изҳори ақида намуд.
Тавре Президент таъкид дошт, ҷониби арманӣ истиқлолияти Қариябоғро эътироф накард. «Ин он маънӣ дошт, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ ҳам Кӯҳистони Қариябоғ ва ҳам навоҳии атрофаш қисми ҷудонашавандаи қаламрави Озарбойҷон буданду ҳастанд», - афзуд Путин.
АВРУПО ДАР ФИКРИ ЛАҒВИ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ РОССИЯ АСТ
RT. «Таҳримоти зиддирусӣ, ки кишварҳои Аврупо бинобар вазъият дар Украина роҳандозӣ карда буданд, бояд бекор карда шаванд», - гуфт вакили парламенти Аврупо Жером Ривер.
Ба фикри Ривер, низоъ дар Украина танҳо тавассути гуфтушунид дар формати нормандӣ метавонад ҳалли худро ёбад ва дар ин кор омили калидӣ ба вуҷуд овардани боварӣ байни иштирокдорони он мебошад. Лағви таҳримот метавонад ба Россия собит созад, ки Аврупо ба музокироти конструктивӣ омода мебошад.
БА ГУФТАИ ОЛИМОН МАСУНИЯТИ ШИФОЁФТАГОНИ COVID-19
НИМ СОЛ БОҚӢ МЕМОНАД
CNBC. Аксарияти одамони аз сирояти COVID шифоёфтаро масуният аз гирифтории такрорӣ камаш ним сол эмин медорад, - изҳор доштанд олимони Донишгоҳи Оксфорд пас аз тадқиқоти густурда.
Онҳо ба хулоса расиданд, ки имконияти сирояти такрорӣ пас аз беморӣ тӯли шаш моҳ боқӣ мемонад, лекин чунин ҳодиса ниҳоят кам аст. Зимни тадқиқот вазъи саломатии 12180 корманди беморхонаҳои Донишгоҳи Оксфорд, ки бо мубталоёни COVID-19 беш аз 30 ҳафта, аз апрел то ноябр сару кор доштанд, омӯхта шуд. Аз 1246 табибе, ки дар онҳо бегонаҷисм (антитела) пайдо намуданд, баъдан ягон нафар бемор нашуд. Аз 11 052 корманди тиб, ки зимни ташхиси якум бегонаҷисм наёфтанд, такроран 89 нафар гирифтори COVID гашт.
ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТО ИЮНИ СОЛИ 2021 БЕШ АЗ 60 ДАРСАДИ АҲОЛИРО АЗ COVID ЭМ МЕКУНАНД
АН Podrobno.uz. Аз ин хусус муовини аввали директори Агентии санитарию эпидемиологии кишвар Ботирҷон Қурбонов хабар расонд.
"Айни замон ҳама интизоранд, ки аввалин шуда кӣ ваксинаро ба қайд мегираду кӣ ба фурӯхтани он сар мекунад", - гуфт Қурбонов. Вай афзуд, Ӯзбекистон, ҳамчунин, бо сохторҳои хусусӣ оид ба хариди ваксина гуфтушунид мебарад.
"Баъди харид, эмкунии одамон сар мешавад", - тавзеҳ дод ӯ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 320