logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

Коррупсия ё худ ришваситонӣ яке аз амалҳои номатлубест, ки ба пешрафту тараққиёти кишвар монеа эҷод намуда, обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш медиҳад. Дар соҳае, ки ришваситонӣ ҷой дошта бошад, дар он ҷо кормандонаш дар бораи пешрафт ва сифати кор фикр намекунанд. Танҳо дар фикри онанд,  ки имрӯз чӣ гуна ва бо кадом роҳ пули муфт ба даст оранд.
Ин нуктаро  нозири калони раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Абдукарим Маҷидӣ зимни семинар - вохӯрӣ дар мавзӯи «Методологияи тартиб ва методикаи гузарондани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва муҳтавои Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020», ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, иброз намуд. Дар чорабинӣ муовинон, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд.
Муовини якуми раиси ноҳия Шодимурод Аловиддинзода зикр намуд, ки мақсади семинар – вохӯрӣ ба роҳ мондани роҳу усулҳои ҳамкорӣ ва робита бо шаҳрвандон ҳангоми муқовимат бо коррупсия мебошад. – Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкор ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Зикр гардид, ки усулҳои мубориза баҳри коҳиш додани шиддати амалҳои коррупсионӣ гуногунанд, лек роҳи муассир - ин муборизаи пайваста, муназзам, ҳадафманд ва маҷмӯист, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Ҷавҳари аслии ин шеваи мубориза бо коррупсияро тағйири мафкура ташкил медиҳад, ки он тамоми раванди ташаккули як инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарварро дар бар мегирад.
Котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Саидумар Маҷидзода гуфт, ки мубориза бо коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад. Аз ин рӯ, агар мо рушди давлат, саодати мардум ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар фарди кишварро хоҳем, бояд бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ бо ҳама мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем.

М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 307
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед