logo

Хабарҳо

«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

Нашри китобе бо ин ном, ки чанде пеш сурат гирифт, на танҳо  зикри фаъолияту ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу оштӣ, Истиқлолияти давлатӣ асту хонандаро бори дигар бо он шинос мекунад, балки як навъ ризояту сипосгузорӣ низ мебошад. Муаллиф Шодӣ Шокирзода муваффақ гардидааст, ки ҳамзамон заҳматҳову ғамхориҳои Сарвари давлатро барои расидан ба мақсадҳои олӣ, шукуфоии кишвар, муаррифии бештару беҳтари миллат дар арсаи олам ёдовар шавад. Мурод аз ин ҳама боло бурдани сатҳи худшиносӣ, дарёфти ҳақиқат, дӯстдории  Ватану сарзамини аҷдодӣ ва ҳам ба хотири  нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, побанд нагардидан ба идеологияи бегона мебошад. Воқеан, тавре ӯ дар оғози китоб овардааст: «Барои миллати деринсоли тоҷик пас аз суқути давлати фарҳангхези Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд гузорад ва ба оламиён аз истиқлоли комили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём бифиристад. Боиси хушнудист, ки паёми мазкур ба зудӣ ба гӯши оламиён бирасид ва аз ҷониби  ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид».
Фаъолияти пурсамару густурдаи Президенти мамлакат дар навиштаҳои муаллиф, ки бо номҳои «Шахсияти бузурги таърихсоз», «Масъулият барои фардои миллат», «Ҳадиси дӯстӣ поён надорад», «Ганҷи бепоёни мо», «Рукни аслии давлатдорӣ ва тафаккури миллӣ», «Ҷаҳони илму дарёи маонӣ» дар китоб ҷой дода шудаанд, равшан инъикос ёфтаанд.
Ӯ барои тақвияти андешаҳои худ аз навиштаҳои мутахассисон, муҳаққиқон ва адибон иқтибос меорад. Яъне, то ба муаллифи ин китоб дигарон низ шахсияти нотакрор ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллатро эътироф намудаанду ба ӯ муҳаббати бепоён доранд. Ба ҷуз ин, ҳар навишта ҳукми як рисолаи илмиро касб кардааст.
Китоб зери назари Муҳаммадюсуф Имомзода, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, нашр гардида, он туҳфаи сазовор ба хонандагон ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 355
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед