Хабарҳо
ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН
25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот кард.
Бино ба иттилои сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, маҳаки асосии вохӯриро баррасии маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз 29 ноябри соли 1996 байни ҳукумати шаҳри Душанбе ва ҳукумати Москва Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид, ки он ба робитаҳои гуногунҷанбаи стратегии ду шаҳр асос гузошт.
Восбаста ба ин, мусоҳибон оид бо тақвияти ҳамкориҳо ва дар ин замина ба имзо расондани Барномаи нави ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Москва барои солҳои 2020 – 2023 мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи коронавирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Зимни музокирот ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ, илмиву техникӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, байниминтақавӣ, инчунин, масоили баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти муштарак дар самти пешгирии бемории коронавирус, тарбияи кадрҳо ва навсозии базаи моддӣ-техникии хадамоти коммуналӣ изҳори назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Москва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 ба имзо расид. Барнома бо мақсади тавсеаи робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.
Рустами Эмомалӣ аз Сергей Собянин даъват ба амал овард, ки дар вақти муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёваранд. Даъват бо қаноатмандӣ қабул шуд.
Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, ки бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия саҳифаи навро боз намуд, ба анҷом расид.
Ш. ШОКИРОВ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 364