logo

туризм

 БАДАХШОН - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ


Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, табиати зебо, манзараҳои дилфиреб ва маконҳои таърихиаш  имконияти хуби рушди сайёҳӣ дорад. Тибқи тадқиқоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ин вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ мувофиқ ва инкишофёбанда муаррифӣ шудааст.
Ба гуфтаи Хоҷабегим Назармамадова, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилоят, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Бадахшон бамаротиб афзудааст. Ин минтақа бо кӯҳҳои сар ба фалак, кӯлҳо, пиряхҳо, чашмаҳои гарму шифобахш, ривоятҳо ва ёдгориҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Аз қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Федченко, Хирсон, кӯлҳо - Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Биби Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», боғи ботаникии Помир ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд дидан менамоянд. Ҳамчунин, сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят, аз ҷумла қалъаҳои Қаҳқаҳа, Ямчун, Карон, Вамар, мазорҳо ва осорхонаҳо дидан намуда, аз маданияту урфу одати қадимаи мардуми маҳаллӣ огоҳ мешаванд.
Тибқи омор ҳамасола ба вилоят садҳо нафар сайёҳони хориҷию дохилӣ ташриф меоранд. Дар вилоят зиёда аз 245 ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мавҷуд буда, айни ҳол 1 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, 44 ширкати сайёҳӣ, 37 меҳмонхона, 6 осоишгоҳ ва 9 ҳостел дар хизмати сайёҳон қарор доранд.
Баҳри беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳии бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида, дар шоҳроҳи Зиғар - Қалъаи Хумб - Хоруғ 25 ошхона, 49 нуқтаи таъмири мошинҳо, 38 сартарошхона ва 76 ҳаммом сохта, мавриди истифода қарор доданд. Бо маблағгузории Ҳукумати Финляндия ва дигар шарикони рушд дар назди меҳмонхонаҳои хурди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа иншооти ёрирасони сайёҳӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои беҳтар намудани вазъи иншооти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ ба кишвар ва дар заминаи он табдил додани Бадахшон ба яке аз мавзеъҳои беҳтарини сайёҳӣ дар миқёси ҷаҳон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Омӯзиши нозукиҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷумлаи он чорабиниҳо мебошанд, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд.
Сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо ҳунармандӣ пеш меравад. Ин аст, ки дар вилоят 43 нуқтаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ амал мекунад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ фаъоланд, ҳунармандон дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дар рӯзҳои ташрифи меҳмонони олиқадр ба Бадахшон ва дигар чорабиниҳо дастранҷи хешро ба бозор мебароранд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ноҳияи Роштқалъа ва  водии Бартанги ноҳияи Рӯшон сехҳои коркарди мӯина фаъолият мекунанд, ки маҳсулоти онҳо аз мӯина ва пашми  тоза омода гардида, он бештар дар хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Хоҷабегим Назармамадова зикр кард, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои дар самти сайёҳӣ пешрафта барои дарёфти ҷоиза ба созмонҳои ҷаҳонии сайёҳӣ маконҳои ҷолиб ва диданибоби хешро пешниҳод  менамояд. Хушбахтона, солҳои охир кӯҳҳои мо пайдарпай сазовори ҷоизаҳои беҳтарин макони сайёҳӣ гардиданд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати “100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи  фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019” шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Соли 2016 бошад, шоҳроҳи Помир аз тарафи National Geographic дар рӯйхати ҷойҳои аз ҳама ҷолиби ҷаҳон барои саёҳат дар мақоми дувум қарор гирифт. Ин баҳогузории ташкилотҳои ҷаҳонии сайёҳӣ на танҳо боиси ифтихор аст, балки омили ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Бадахшон низ мебошад.
Соли гузашта ба вилоят 7883 нафар сайёҳ ташриф овард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои  пеш бамаротиб  зиёд аст. Мутаассифона, соли равон бар асари хуруҷи паҳншавии  бемории COVID - 19  чун  дигар  соҳаҳо туризм  низ  ба  мушкилот  рӯ  ба рӯ  гашт. Тибқи  омори Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, даромад аз  соҳаи сайёҳии ҷаҳон дар асари COVID - 19  80 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин  раванд аз шаҳру деҳоти вилоят  низ дар  давоми сол ҳамагӣ 132 сайёҳи хориҷӣ дидан намуд. Дар робита ба ин ширкатҳои сайёҳӣ ва рушди соҳа, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти армуғонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхонаҳо ва  истироҳатгоҳҳо низ  фоида ба даст  оварда натавонистанд. Новобаста  аз вазъияти баамаломада шуъба дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор кӯшиш ба он дорад, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда корҳоро дар самти  рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ беҳтар ба роҳ монда, барои ҷалби бештари сайёҳон  ба вилоят заминаи  мусоид фароҳам  оварда шавад. Зеро  боварӣ аст, ки баъди аз байн рафтани хатари коронавирус шумораи хоҳишмандони саёҳат дар мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистон бамаротиб меафзояд ва мо бояд ба ин ҳамаҷониба омода бошем.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 1284
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед