logo

илм

НАХУСТВОЖАҲОИ ТОҶИКӢ КАДОМҲОЯНД?

Забони миллати тоҷик, яъне забони порсии дарӣ, ки минбаъд бо номи «забони тоҷикӣ» машҳур гардидааст,  яке аз қадимтарин забонҳои дунё ва ғанотарин забон аз нигоҳи луғавӣ аст. Маҳз бо шарофати ниёгони барӯманди тоҷик ин забони латифу зебо борҳо аз кӯраи озмоишҳои басе сахти таърихӣ берун  оварда шуда, ва бегазанд ба насли оянда интиқол ёфтааст.
Бар асоси маълумоти таърихшиносон, нахуствожаҳои забони тоҷикиро вожаҳои забони паҳлавӣ ташкил медиҳанд, ки он зиёда аз ҳазорсолаҳо  пеш  аз ин забони мардуми ориёии мо  буда, вожаҳои ин забон дар китоби «Авесто» гирдоварӣ шудаанд. Забони порсии дарӣ, яъне забони  тоҷикии имрӯза,  ба назари бисёре аз пажӯҳишгарон ва ховаршиносон аз сарзаминҳои Хуросон ва Фарорӯд бархоста, дар ҳамин ҳавза парварда шудааст ва бисёре аз шаҳрҳои он, аз ҷумла Бухорову Балх, Самарқанду Ғазна, Ҳироту Нишопур  дергоҳ маркази илму адаб будаанд. Дар ташаккули забони порсии дарӣ ва рушди минбаъдаи он забонҳои бумии ин сарзаминҳо, бавижа забонҳои суғдию бохтарӣ, нақши таъсиргузор доштаанд.
Баъдан, вобаста ба воқеаҳои таърихӣ ба захираи луғавии забони порсии дарӣ вожаҳои забонҳои дигар низ ҳамроҳ гардида, таркиби луғавии ин забонро афзун гардондаанд. Аз ҷумла,  шурӯъ аз асри VII, баъди сарзаминҳои Хуросон ва Фарорӯдро забт кардани  арабҳо, ба забони порсии дарӣ вожаҳои забони арабӣ ва тавассути ин забон, вожаҳои юнонӣ, лотинӣ, тайи асрҳои XIII- XVIII бо таъсири олимону шоирони порсизабони Ҳиндустон ва туркнажодони порсигӯй вожаҳои ҳиндию туркӣ низ ворид шудан гирифтанд  ва ин равандҳо то оғози асри XX идома ёфтанд.  Аз оғози  асри XX то оғози асри XXI бо сабаби аз тарафи Россияи подшоҳӣ забт шудани Осиёи Марказӣ, ташкил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар ҳайати он таъсис дода шудани Ҷумҳурии Шӯравии  Тоҷикистон, ба таркиби забони тоҷикӣ вожаҳои русӣ ва тавассути забони русӣ баъзе вожаҳои аврупоӣ низ ворид гардиданд. Ҳамин тариқ, ҳоло таркиби луғавии  забони тоҷикиро дар баробари вожаҳои ноби тоҷикӣ, ҳамчунин, вожаҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндӣ, русӣ, аврупоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд, ки  ин албатта, забони тоҷикиро  ба як забони тавоно ва қобили баёни ҳар гуна маънию мафҳум  табдил додааст.
Тавре дар боло зикр кардем, нахуствожаҳои забони тоҷикиро вожаҳои паҳлавӣ, суғдӣ ва бохтарӣ ташкил медиҳанд. Баъдан дар натиҷаи истифодаи амалии забони тоҷикӣ вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, соҳаҳои илму фан ба вуҷуд омадааст, бо ворид гардондани вожаҳои нави тоҷикӣ захираи луғавии забони тоҷикӣ афзунтар шудааст.
Чунончи айни замон яке аз роҳҳои бо вожаҳои нав афзун гардондани захира ва таркиби луғавии забони тоҷикӣ - истилоҳсозӣ, яъне сохтани ҳамгунаҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои пешрафтаи ҷаҳон, мисли забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва забонҳои дигар мебошад. Таҷрибаи истилоҳсозӣ, хусусан сохтани истилоҳоти илмӣ ва илмию техникии тоҷикӣ нишон медиҳад, ки истилоҳ ва ибораҳои наве, ки бо истифода аз имконоти дохилии забони тоҷикӣ сохта шудаанд, метавонанд минбаъд маънии луғавӣ пайдо карда, ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид шаванд ва ганҷинаи вожаҳои тоҷикиро афзунтар гардонанд.
Айни замон ҳадафи мо муайян кардани баъзе нахуствожаҳои  тоҷикӣ, яъне он вожаҳое мебошад, ки нахустаҷдодони тоҷик барои муоширату муомилот байни ҳам истифода кардаанд ва онҳо решавожаҳо барои минбаъд сохтани вожаҳои дигари тоҷикӣ гардидаанд. Тавре ки маълум аст, вожаҳо дар забони ҳар як халқу миллат  барои ифода кардани номи шартии чизу ҳодисаҳое истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ вуҷуд доранд ва онҳоро инсон ҳамарӯза истифода ва мушоҳида мекунад. Ба ибораи дигар, инсон барои аз якдигар фарқ карда тавонистани чизу ҳодисаҳои табиӣ онҳоро бо вожаҳои алоҳида номгузорӣ мекунад. Маҳз ҳамин гуна вожаҳо нахуствожаҳои забони ҳар як халқу миллатро  ташкил медиҳанд.
Таҳлили захираи луғавии забони муосири тоҷикӣ дар асоси луғатномаву фарҳангҳое, ки  бо ҳуруфоти кириллӣ таҳия гардидаанд,  нишон медиҳад, ки нахуствожаҳои тоҷикӣ асосан аз ду, се ва ё чор ҳарф иборат буда, ба ҳиҷоҳо ҷудо намешаванд. Чунончи (вожаҳо ихтиёран интихоб шудаанд): номи чизҳои моддӣ: об, санг, хок, рег, гил, лой ва ғайра; номи чиз ва ҳодисаҳои табиӣ: барф,  абр, бод, алав, шаб, рӯз, буғ, зим, кӯҳ, дарё, кӯл, моҳ, оташ, рӯд, сел, сол, ях ва ғайра; номи асбобу анҷоми рӯзгор: бел, мех, дег, дост ва ғайра; номи дарахтон, наботот  ва меваҳо: бед, олу, анор, тут ва ғайра; номи маъданҳо: мис, оҳан, сурб, сим, зар ва ғайра; номи аъзои бадани инсон ва ҳайвонот: по, даст, сар, чашм, рӯй, гӯш, гӯшт,   дил, дум, лаб, миён, мӯй, нӯл, пар, бол, хун, пӯст, пушт, тан, тухм, ҷон, шир ва ғайра;   номи ҳайвонот ва  парандаҳо: саг, асп (асб), бабр,    буз, гург, зоғ, кабк, мор, мурғ, муш, мӯр, оҳу, хар ва ғайра; номи волидайн: духт (духтар),  пур (писар),  мард, зан ва ғайра; вожаҳои ишоратӣ: ана, ин, он ва ғайра; вожаҳои ифодакунандаи шумора: анд, як, ду, се, чор, панҷ, шаш, ҳафт, нуҳ, даҳ; вожаҳои ифодакунандаи амалу ҳаракат: афт, хез, дав, рав, рафт, омад, хоб, ҷаст, баст, тоб, тофт, шаст, гашт, бофт, бурд, ёфт, гир, сӯхт, раст, гуфт, ғел, ғеҷ, дод, дӯхт, зист, ист, канд, кишт,    куфт, ларз, ҷӯш, рӯфт, омӯхт, афканд, сӯз,  тохт, ҷунб ва ғайра; вожаҳои ифодакунандаи сифати инсон, чизу ашёҳо ва ҳодисаҳо: бад, хуб, нағз, нек, зӯр, паст, ранг, бӯй, бӯя, гарм, сард (бард), сурх, ғафс, паҳн, жарф, ғунд, тез, суст, дер, зуд,  жарф, зард, каҷ, рост, кунд, лӯч, мӯрт, нав, нарм, пир, пок, пур, сабз, сер, сиёҳ, танг, тар, хушк, тунд, турш, хурд, чарс, шӯр ва ғайра.  Ҳамин тариқ, ба назари мо, яке аз аломатҳои  асосии нахуствожаҳои тоҷикӣ  ба ҳиҷоҳо ҷудо нашудани онҳо мебошанд. 

Пирмаҳмад НУРОВ,  доктори илмҳои филология
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2021    №: 1    Мутолиа карданд: 122
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед