logo

Хабарҳо

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон корҳои сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, осоишгоҳҳои «Абдуқодир Ҷабборзода» ва соҳибкор Турсуной Зокирова, боғи истироҳатии «Темурмалик», инчунин, иншооти ҷашнии дигар бомаром ҷараён доранд.
Тавре Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, ба муносибати ин ҷашни бузург дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, бунёди беш аз 10 ҳазор иншооти таъйиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 180 иншоот ба шаҳри Гулистон рост меояд. То 1 январи соли равон дар шаҳр, аллакай, 157 иншооти ҷашнӣ ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёду тармим ва азнавсозӣ гардида, беш аз 1200 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Тибқи иттилоъ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар доираи сафари кории худ ба шаҳр, ки 7 январи соли равон сурат гирифт, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳр шинос гардида, барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо ба масъулон супоришҳо дод. Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ қомат меафрозад.
Сипас, раиси вилоят бо раванди корҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳҳои «Абдуқодир Ҷабборзода» ва соҳибкор Турсуной Зокирова ошно шуд. Зикр гардид, ки шаҳри Гулистон яке аз минтақаҳои истироҳатии мамлакат мебошад ва дар он сол ба сол маконҳои истироҳативу солимгардонӣ зиёд мегарданд. Масъулонро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иншоотро бо тарҳу ороиши зебову замонавӣ бунёд намоянд.
Майдони боғи истироҳатии «Темурмалик» дар соҳили «Баҳри тоҷик»  беш аз 3 гектарро ташкил медиҳад. Рӯзҳои наздик корҳои навсозии боғ оғоз ёфта, барои меҳмонону сокинони ин минтақаи сайёҳии кишвар боз як макони зебову истироҳатӣ ба истифода супурда мешавад. Дар ҳудуди мавзеи истироҳатӣ майдончаҳои варзиш, дуконҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва армуғонҳо ташкил карда мешаванд.
- Соли Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки беш аз пеш масъулиятшинос бошем ва дар иҷрои саривақтии вазифаҳо саъю кӯшиши ҷиддӣ ба харҷ диҳем, - гуфт Ғайрат Оқилзода.
Кароматулло АТО,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 263
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед