logo

иҷтимоиёт

 ИСТИҚЛОЛ ШАҲРЕСТ БО ЗОҲИР АВРУПОИЮ БО ҚАЛБ ОСИЁӢ


Аввалин бор ба ин шаҳр омаданамро ҳоло ҳам ба хубӣ дар ёд дорам. Тирамоҳи заррин дар ҷумҳурӣ ҳукмфармо буд. Рӯзе ба идораи "Ахбор"-и радиои Тоҷикистон, ки камина он ҷо фаъолият доштам, бонуи зебое бо мӯйҳои афзуни малларанг омаду худро муаррифӣ кард, ки аз радиои маҳаллии шаҳраки Табошар дар таҳияи чанд мусиқӣ барои ҳамоҳангсозии барномаҳо ба кумаки мо ниёз дорад. Бону бо як самимияти ба худ хос, бо меҳрубонии беандоза роҷеъ ба шаҳраки Табошар бо завқ ҳарф мезад. Баробари шунидани суханҳои самимии бону нисбати шаҳраки мазкур ҳамон лаҳза хоҳиши дидани ин шаҳрак дар ман пайдо шуд.
Охирҳои моҳи октябр бо сафари эҷодӣ ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) омада,  нахуст аз кору бори пахтакорон, чорводорону бинокорони вилоят чанд сабти овоз ба иҷро расондам. Ва дигар тасмим гирифтам, он орзуи дар Душанбе доштаамро амалӣ созам. Воқеан ҳам, аз қадамҳои нахусти ворид ба ин шаҳрак (он вақт мақоми шаҳр)-ро (надошта дар тобеияти шаҳри Чкалов - ҳоло Бӯстон буд) кӯчаву хиёбонҳояш, биноҳои истиқоматии бунёд аз сангҳояш  касро ба худ ҷалб мекард. Бе муболиға дар назарам чунин намуд, ки шояд  ба яке аз шаҳрҳои ҷумҳуриҳои назди Балтик ва ё Олмон уфтода бошам. Воқеан ҳам, гуфтаҳои он ҳамкасби табошарӣ тасдиқи худро аз будааш, ҳатто зиёдтар меёфтанд. Бо истифода аз фурсат бо нафарони касбу корашон зиёде суҳбат карда, аз таърихи пайдоиши шаҳр маълумотҳои гуногуну ривоятҳои рангин  шунидам, ки ҷолибу муассиркунанда буданд. Биноҳои истиқоматии сангин бо як меъмории хосаи Ғарбӣ сохтаву ороиш ёфтаанд, ки дар фасли зимистон гарму дар тобистон салқин аст. Имрӯз ҳам  ҳар меҳмони ба ин ҷо омада аз дидани ин  биноҳо ба ваҷд меояд. Онҳо баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1947-1949 аз тарафи асирони ҳарбии олмонитабор сохта шудаанд, аммо, аслан, таъсисёбии Табошар (ё ба қавли баъзе зиёиён Тобоншаҳр) ба соли 1937 рост меояд.
Боғи фароғативу қасри фарҳангу маҷмааи варзишиаш қалбҳоро тасхир мекарду  ба чашм дилрабо мерасиданд, ки он вақт  ҳатто дар пойтахт- шаҳри Душанбе монанд ба он иншоотҳои муҳташам кам ба мушоҳида мерасиданд, ба ҷуз бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Мағозаҳо пур аз анвои камёфт (даҳҳо намуди озуқа: гӯштӣ, ширинӣ, сарулибосҳо бо мудҳои ҷолиб). Пасон маълум шуд, ки Табошар он вақт дар тавозуни шаҳри Чкалов (имрӯз Бӯстон) буда, таъминоти маводи озуқаворӣ ва саноатӣ аз ҷониби Маскав сурат мегирифтааст. Ин шаҳр бо корхонаи азиму номдораш “Заря Восток” дорои аҳамияти бузурги ҳарбӣ - стратегӣ дошта, дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур шудааст.
Аммо имрӯз ҳадаф аз ин навиштаҳо дигар аст. Инак, ин шаҳрак ҳоло шаҳр ба шарофати соҳибистиқлолӣ номи Истиқлолро ба худ гирифтааст, ки талаботи давру айём аст. Мо, тоҷикистониҳо бояд бо муносибати хубу ҷиддии шаҳрдорӣ  ин меъмориро ҳифз ва насли наврасро дар рӯҳияи баланди фарҳанги шаҳрдорӣ тарбия карда собит созем, ки миллати тоҷик  худ чун меросбарони  сосониву кӯшонӣ ва сомониёни машҳур боз ҳам дар ин самт ба дастовардҳои бузург ноил гардида, сарватҳои маданиву таърихиамонро афзун бинамоем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари худ ба вилояти  Суғд, аз ҷумла ба шаҳри Истиқлол, рӯ ба сокинон оварда, даъват менамуданд, ки  шаҳрро дар даврони соҳибистиқлолӣ аз пештарааш ҳам дида, сарсабзу хуррам гардонем, корхонаҳои нави замонавӣ таъсис дода, шаъну шуҳрати қаблии онро эҳё кунем. Албатта, дар ин замина, аллакай, корҳои  зиёде дар ин фосилаи вақт анҷом дода шудаанд. Ҳоло набзи Истиқлол бомаром мезанаду маҷрои мувофиқи худро дарёфтааст. Кӯчаҳову хиёбонҳо аз нав  таҷдиду  мутобиқ ба шароити муосир мешаванд. Шаҳр чароғону рӯшану мунаввар шудааст. Мардум аз бунёдшавии силсила коргоҳҳои хурду бузург, аз ҷумла корхонаи азими металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна руҳ ва 50 ҳазор тонна сурма  рӯҳу илҳоми тоза гирифта, самимона талош менамоянд, ки шаҳрашон боз ҳам ободу зеботар гардад. Раиси ба тозагӣ таъйиншудаи шаҳр Давронҷон Зоҳидзода, аз ҷумлаи он роҳбарони  замони муосир аст, ки таҷрибаи ғаниву хуби роҳбариро бо диди наву ҷаҳонбинии нав дорад. Имрӯз метавон дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Истиқлолро ба яке аз мавзеъҳои дилработарини кишвар мубаддал гардонд. Даҳҳо хатсайрҳо созмон дода, таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва хориҷиёнро ба ин шаҳр ҷалб кард. Аз ин тариқ метавон маҳорати ҳунармандони маҳаллиро, ки аз пашми бузу гӯсфанд  қолину намадҳои ҷолибу рангин, алоча мебофанд, муаррифӣ намуд. Яъне, имрӯзу фардои мусаффо ва дурахшони Истиқлол ба мавқеи фаъолона, ҳисси ватандӯстии ҳар яки бошандагони шаҳр марбут аст. Ободу шодмон бош, шаҳри Истиқлол, шаҳри орзуҳо!
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2021    №: 7    Мутолиа карданд: 241
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед