logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

Қатъи назар аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва пайомадҳои он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, чанде пеш ширкати сайёҳии «Силкей эдвенче» иҷозатнома гирифта, ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои «Ҳабиба Турс», «Восток трэвел тур», «Айс тур» ва «Кошиф» тамдид гардид. 
Ин нукта зимни ҷамъомади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, ки бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода баргузор гашт, баён шуд. 
Зимни ҳамоиш гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, нашри маводҳои нави иттилоотиву тарғиботӣ, пайдо намудани бозорҳои нав, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Тоҷиддин Ҷӯразода аз роҳбарони  ширкатҳои сайёҳӣ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ ҷоригардида, тамоми саъю кӯшиши худро барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019 – 2021), таҳкими рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба маконҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар мавсими нави сайёҳӣ ва тарғиби ҳаматарафаи Ҷашни байналмилали Наврӯз равона созанд.
Дар навбати худ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат омодагии худро изҳор доштанд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 240
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед